Дастаи Шуғнон-2 ба даври ҷумҳуриявии Озмуни «Дониш ва ҳунар» роҳхат гирифт
ХОРУҒ, 21.10.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар толори Муассисаи давлатии Маркази таҳсилоти иловагии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон даври вилоятии Озмуни “Дониш ва ҳунар” баргузор гардид. Дар озмун дастаи Шуғнон-2 мақоми аввалро дарёфт намуд ва ба даври ҷумҳуриявии ин озмун роҳхат гирифт. Ҷои дуюм насиби дастаи Ҷамоати деҳоти Ғарибшо Шаҳбозов гардида, хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳияи Роштқалъа ҷойи сеюмро соҳиб шуданд.
Сардори Маркази таҳсилоти иловагии вилоят Ниёзмамад Мамадаёзов гуфт, ки “озмуни мазкур бахшида ба Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар саросари мамлакат доир мегардад. Мақсади озмун муаррифӣ кардани осори илмию адабӣ ва фарҳангу суннати ниёгон аст. Дар озмун хонандагоне ширкат меварзанд, ки дар соҳаи рассомию суханварӣ донишу истеъдоди баланд ва ҳунари воло дошта, донандаи хуби осори гузаштагонанд ва доир ба муҳити зист, таъриху география ҷаҳонбинии васеъ доранд. Аъзои ҳакамон барои муайян кардани дониш ба онҳо аз фанҳои гуногун шаш савол пешниҳод намуда, зимни посух додан ба тарзи фикрронӣ ва суханварии онҳо низ таваҷҷуҳ зоҳир мешавад”.
Яке аз шартҳои озмун аз рӯи асари бадеӣ таҳия намудани саҳнача мебошад. Хонандагон бояд тавассути саҳнача мақсаду ҳадафи асосии муаллифи асарро ба самъи ҳозирин расонида тавонанд. Дар баробари ин онҳо бояд нақшҳоро низ самимию табиӣ иҷро намоянд. Иштирокчиёни озмун аз иҷрои ин шарт ба хубӣ баромаданд.
Тасвир кардани манзараҳои зебои диёр шарти дигари озмун буд. Хонандагон дар муддати кӯтоҳ дар ҳузури ҳакамон манзараҳои ҷолиби диёр ва чеҳраҳои шахсони таърихиро бояд тасвир менамуданд. Ҳарчанд дар муддати 15-20 дақиқа кашидани ягон манзара ё чеҳраи шахсияти таърихӣ кори осон нест, аммо машқи зиёд ба рассомони наврас имкон дод, ки аз уҳдаи иҷрои ин вазифа низ ба хубӣ баромада тавонанд.
Шарти суолу ҷавоб низ шавқовару диданӣ сурат гирифт. Хонандагон дар шакли хаттӣ ба ҳамдигар суолҳо пешниҳод намуданд. Барои пайдо кардани посух як дақиқ вақт ҷудо шуд ва хонандагон баъди баҳсу баррасӣ ба суол посух доданд.








«БАРНОМАИ РУШДИ КИТОБХОНАҲОИ ДЕҲОТ». Он фаъолияти китобхонаҳоро ба талаботи замони муосир мутобиқ менамояд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ доир ба баланд бардоштани сатҳи огоҳии ҷавонон оид ба хатари терроризм ҳамоиш баргузор шуд
Бинои нави маъмурии Муассисаи давлатии «Мамнуъгоҳи таърихию фарҳангии Ҳисор» ба истифода дода шуд
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи фалак ҳамоиш доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи фалак таҷлил мегардад
Тоҷикистон дар Бозиҳои 20-уми Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои ИДМ соҳиби ҷойи аввал гардид
Тоҷикистон ва Британияи Кабир ҳамкориро дар самти омӯзиши забони англисӣ густариш медиҳанд
Тоҷикистон ва Британияи Кабир ҳамкориро дар самти омӯзиш ва ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ тақвият медиҳанд
Даври ҷамъбастии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон—Ватани азизи ман» доир мегардад
Таҳкими ҳамкорӣ байни Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо Шурои Британия дар Душанбе баррасӣ гардид
Иштирокдорони Бозиҳои ХХ Делфии ҷавонони ИДМ аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуданд
Дар Тоҷикистон Анҷумани сеюми забоншиносони давлатҳои ҳамзабону ҳамфарҳанг доир мегардад






