«ДИЛ, БИЁ ЯК ДАМ КУНЕМ ЁД АЗ ФАЛАК». Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи фалак таҷлил мешавад

Октябрь 10, 2020 11:40

ДУШАНБЕ, 10.10.2020. /АМИТ «Ховар»/. 10 октябр ҳамасола дар саросари ҷумҳурӣ Рӯзи Фалак ҷашн гирифта мешавад. Барои ҳифзи ин падидаи маънавии меросӣ бо Фармони Президенти Тоҷикистон аз соли 2007 Рӯзи  фалак таҷлил мегардад. Дар ин рӯз дар тамоми гӯшаю канори мамлакат  бо ширкати фалаксароён аз минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ барномаҳо баргузор мегарданд.

Хабарнигори АМИТ «Ховар» Фирӯзаи ДАВЛАТ доир ба вижагиҳо ва омӯзиш фалак аз ҷониби насли имрӯза ва эҳёи он дар даврони соҳибистиқлолӣ бо мутахассисон ва коршиносони соҳа  суҳбат  намуд.

Фалак аз зумраи ганҷинаҳои бебаҳое мебошад, ки таърихи чорҳазорсола дошта, ҳамчун мусиқии аҷдодӣ ба мардуми фарҳангпарвару санъатдӯст ба ёдгор мондааст. Чуноне ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  иброз   доштанд:  «Фалак ҳам аз нигоҳи ҳаҷм ва ҳам аз нигоҳи арзишу қимати бадеӣ аз ҷумлаи беҳтарин мероси мусиқиест, ки мо онро барҳақ мусиқии шаклан озод, таҷассуми рӯҳи озод ва орзуву омоли халқи тоҷик меномем».

Тавре Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Давлатзода дар нишасти матбуотии шашмоҳаи аввали соли равон иброз дошта буд,  «номинатсияи миллии «Фалак», ки қаблан ба Комиссияи ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддии ЮНЕСКО пешниҳод гардида буд, аз ҷониби комиссияи  мазкур тибқи банди 54-и дастурамали амалиёти Конвенсияи мазкур арзёбӣ шуда, аз нигоҳи техникӣ комил ба шумор рафтааст. Дар марҳилаи ғайринавбатии номинатсия он аз ҷониби мақомоти Комиссияи ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддии ЮНЕСКО мавриди омӯзиш қарор гирифта, баъдан ба Кумитаи байниҳукуматии созмон барои баррасӣ дар Иҷлосияи 16-уми он дар соли 2021  пешниҳод мегардад».

 

Ба ақидаи фарҳангшиноси маъруфи тоҷик Ҷонибеки Асрориён, «таърихи жанри фалакро аз асри X пештар гуфта метавонем, ҳатто аз ин ҳам пештар. Иддае аз муҳаққиқон онро аз асрҳои X мегӯянд. Бархе олимон нақшҳоеро, ки аз деворҳои шаҳраки қадимии Ҳулбук ёфт шудаанд ва дар онҳо занҳо дар даст думбраву камонча ва ғиҷҷак доранд, далели ин гуфтаҳо медонанд. Яъне муаррихон мегӯянд, ки чун зану мардон дар даст асбоб доранду менавозанд,  пас маълум аст, ки аз ҳамон давраҳо ва боз ҳам пештар аз он фалак мавҷуд будааст. Ё ин ки дар баъзе суратдеворҳо анъанаи даст дар гӯш мондани одамон нақш ёфтааст, ки ин ҳам далели санъати таърихии миллати мо будани фалак мебошад. Ҳеҷ як жанр, хоҳ мусиқӣ бошад, хоҳ дигар, бе хусусияти хос буда наметавонад. Иҷрои фалак бо шеваҳои гуногун маълум буда, хусусиятҳои шеваи иҷрои маҳалҳои гуногун дар матни сурудҳои фалак зиёд ба назар мерасад ва матни сурудҳо вобаста ба хусусиятҳои фонотекии тарзи гӯиши гуногун таркиб меёбад. Фалак яке аз жанрҳои мушкилтарини соҳаи мусиқӣ мебошад. Ҳар ҳунарманд аз уҳдаи фалакхонӣ баромада наметавонад. Фалак бо асбоби бепарда хонда мешавад ва он аз нозуктарин ва душвортарин намуди асбоб дониста мешавад».

«Фалак танҳо дард нест, балки имрӯз вобаста ба замона фалакҳои шодиёна ҳам хонда мешаванд. Инчунин дар фалакхонӣ мафҳуми ситоиш низ ҳаст, он тавре ки сароянда зимни фалакхонӣ васфи Ватан ва миллати худро мекунад. Аз ин рӯ фалак мавзӯи хос надорад. Одамон дар ғарибӣ, ошиқӣ, вақти ғаму шодии худ вобаста ба  вазъият метавонанд фалак сароянд»,-афзуд ӯ.

Бояд гуфт, ки бо мурури замон рушди ҳунари фалакхонӣ ба ташаккули  мактабҳои ҳунарии авлодӣ мусоидат намуд. Ин мактабҳои авлодӣ зимни услуби тадрисии устод–шогирд рушди бештар ёфтанд. Дар асри 20 онҳо ба ҳайси ансамблҳои оилавӣ расман пазируфта шуданд. Дар роҳи таърихии фалак вазифаи эҳё, нигаҳдорӣ  ва ба насли дигар омўзонидани ҳунари фалакхониро ҳамин мактабҳои устод–шогирд дар доираи авлод таъмин намудаанд. Фалакхонӣ тавассути ин мактабҳои суннатӣ густариш ёфта, то ба замони муосир сабки худро ҳифз намудааст.

Миралӣ Достизода, Ректори Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхуҷа Сатторов   иброз дошт, ки «дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат  ба санъат ва фарҳанги миллӣ таваҷҷуҳи хосса дода шуда, дар ин замина анъанаҳои  бисёр қадимии халқи тоҷик-фалак ва шашмақом аз нав эҳё ва барои наслҳои минъбада ҳамчун мактаби бузург хизмат намуданд. Дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон барои тайёр намудани мутахассисони ин равияи санъати миллӣ шуъбаи махсус амал мекунад. Ҳамчунин устодони ин санъати асили тоҷик, ба монанди Давлатманд Холов, Файзалӣ Ҳасан, Исмоил Назриев ва дигарон ба шогирдон нозукиҳои ҳунари фалакхонӣ меомӯзонанд».

Ноиби ректори Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхуҷа Сатторов оид ба таълим Саъдулло Каримзода, ки бо номи «Фалак» китоб чоп намудааст, иброз дошт, ки «фалак мусиқест, ки аз асрҳои қадим то ба имрӯз омада расидааст. Рушди анъаноти фалак аз мактабҳои бузурги шогирду устод ва оилавию авлодӣ сарчашма гирифта, то имрӯз ҳифз шудааст. Фалак аз давраҳои қадим дар тӯю сур ва маъюсӣ  сароида мешуд».

Ба гуфти ҳамсуҳбати мо, назар ба даҳсолаи гузашта ҳоло сафи хоҳишмандони фалакхон бештар гардидааст. Консерваторияи миллии Тоҷикистон барои пайдо намудани симоҳои нави санъати фалакхонӣ нақши бориз дорад. Зеро бо баргузории барномаҳои фарҳангӣ, ки дар он фалак хонда мешавад, ҷавонон ба ин кас ҷалб мешаванд. Фалак имрӯз на танҳо як василаи баровардани ғаму ғусса, балки он касб аст ва мутахассисони махсус талаб мекунад. Аз ин рӯ  дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон бо тавсияи устодон ва олимони ин соҳа якчанд дастурамал ва китобҳо доир ба санъати мусиқии фалак нашр гардидаанд, ки аз онҳо дар дарсҳои назариявӣ васеъ истифода мешавад.

«Жанри мусиқии фалак ба ғайр аз Тоҷикистон инчунин дар қисми шимолии Афғонистон ва якчанд вилоёти тоҷикнишини Покистону Ҳиндустон ва Эрон маъмул аст. Фарҳангшиносони мо ду шакли фалаки тоҷикиро муаррифӣ намудаанд: фалаки кӯлобӣ ва фалаки помирӣ. Ба фалаки кӯлобӣ инҳо дохил мешаванд: фалаки даштӣ, фалаки равона, фалаки роғӣ, фалаки паррон, фалаки қаландарӣ, фалаки сафарӣ, фалаки ғарибӣ. Фалаки помирӣ хелҳои фалаки даштӣ, бепарвофалак, фалаки мотамӣ, фалак-муноҷот, фалак-рапо ва фалак-мадҳия дорад, ки то имрӯз ба шогирдон нозукиҳои он омӯзонида мешавад»,-афзуд номбурда.

Тавре дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» фалаксарои машҳури тоҷик, устоди Консерваторияи миллии Тоҷикистон  Давлатманд Холов иброз дошт, яке аз паҳлуҳои муҳими сиёсати давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон- ин рушду равнақ додани фарҳанги миллӣ ва шинос намудани ҷаҳониён бо дастовардҳои санъати тоҷик мебошад. Ҳар халқ дар давраҳои муайяни таърихӣ бо дастовардҳои фарҳангии хеш дар тамаддуни умумибашарӣ саҳм гузоштааст. Тоҷикон низ дар ин самт нақши сазовор доранд. Имрӯз ин мусиқии суннатии тоҷик умри дубора ёфтаву ҳунари фалакхонӣ дар мамлакати мо рушд ёфтааст.

 Фалаксарои машҳури тоҷик, устоди Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода Раҳматулло Ҳошим зимни суҳбат иброз дошт, ки «имрӯз таваҷҷуҳ ва шавқи фалаксароён ва омӯзандагони ин мусиқии асил хеле зиёд шудааст. Ба назари ман ин ҳама таваҷҷуҳи ҷавонон аз дастгириҳои Ҳукумати мамлакат мебошад. Зеро имрӯз жанри фалакро метавон на танҳо ҷумҳуриявӣ, балки байналмилалӣ гардонид».

Мавсуф зикр намуд, ки баргузории Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон- ватани азизи ман» имкони хубест барои  пайдо намудан ва кашфи симоҳои нави фалаксаро. Пас метавон бо боварӣ гуфт, ки дар оянда аз ин насли наврас устодоне, ба мисли Акашариф Ҷўраев, Ҳошими Қосим, Одина Ҳошим, Гулчеҳра Содиқова, Абдулло Назрӣ, Иброҳим Кобулиев, Файзалӣ Ҳасанов, Давлатманд Холов, Сафармуҳаммад Муродов, Дона Баҳром, Аслия Искандарова, Панҷшанбе Ҷорўбов баромада, жанри халқии фалакро ривоҷу равнақ дода, машҳури олам мегардонанд.

Декани факултаи мусиқии санъати тоҷики Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхуҷа Сатторов Манучеҳр Бурҳонов иброз дошт, ки «таҷлили Рӯзи фалак дар муассисаи мо ба ҳукми анъана даромадааст, зеро ин жанри қадимии мусиқии тоҷик ҳоло дар дили ҳар шаҳрванди мамлакат ҷой гирифтааст. Вобаста ба ин жанри мусиқӣ ҳоло дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон зиёда аз 50 нафар донишҷӯйён ҳам дар қисмати овозӣ ва ҳам созӣ таҳсил мекунанд. Инчунин донишҷӯёни мо баъди хатми Консерваторияи миллӣ фаъолияташонро дар Ансамбли давлатии «Фалак»-и Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷиикистон идома медиҳанд».

Ёдовар мешавем, ки  20 июли соли 1989 бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб бо роҳбарии Давлатманд Холов ансамбли «Фалак» таъсис ёфт. 16 ноябри соли 2001 бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ансамбли «Фалак» мақоми давлатӣ дода шуд ва ҳоло он дар назди Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият дорад. Ҳамчунин  соли 2015 дар номинатсияи мусиқии суннатии тоҷикон — фалак ба Ҷоизаи байналмилалии «GLOBAL RATING NOMI-NATION»-и Институти рейтинги байналмиллалӣ- «INTER-NATIONAL RATING SISTEM» — ЮНЕСКО  мушарраф гардидааст.

Рӯзи фалак-иди мусиқии суннатии тоҷикро ба ҳамватанони азиз муборак мегӯем!

Октябрь 10, 2020 11:40

Хабарҳои дигари ин бахш

ШАРИКИИ СТРАТЕГӢ ТАҚВИЯТ МЕЁБАД. Яке аз самтҳои муҳиму афзалиятноки сиёсати хориҷии Тоҷикистонро ҳамсоягии нек бо давлатҳои минтақа ташкил медиҳад
Шавкат Мирзиёев: «Узбекистон минбаъд низ кӯшишҳои самимонаи мардуми шарафманд ва меҳнатдӯсти тоҷикро дастгирӣ менамояд»
Шавкат Мирзиёев: «Узбекистон минбаъд низ дар паҳлуи Тоҷикистон меистад»
ТАШАККУЛИ МАКТАБИ ЗЕҲНГАРОЁНАИ ИДОРАКУНӢ ДАР СИЁСАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Мулоҳизаҳои докторони илми фалсафа Хайриддин Усмонзода ва Саидмурод Фаттоҳзода
Президенти Тоҷикистон: «Сарфакорона истифода бурдани обу неруи барқро дар тамоми фаслҳои сол, ҳатто дар тобистон қатъиян таъмин намоем»
Президенти Тоҷикистон: «Бояд ҳамеша сарҷамъ ва дар зери парчами миллиамон муттаҳид бошем»
ХАЙРУ САДАҚОТ – СУННАТИ НЕК. Андешаҳои вакили Маҷлиси намояндагон Файзулло Баротзода дар ин мавзуъ
Эмомалӣ Раҳмон: «Ба ҷойи намоишкориву исрофкорӣ мо бояд кӯшиш кунем, ки барои таълиму тарбияи фарзандонамон шароити беҳтарин муҳайё созем»
Сарвари давлат сокинони Тоҷикистонро ба роҳ надодан ба зиёдаравию исрофкорӣ ва намоишкориву риёкорӣ даъват намуданд
Эмомалӣ Раҳмон: «Анҷом додани хайру садақот ва саховат кардан анъана ва суннати нек мебошад»
МУҲАББАТ БА ВАТАН АЗ ИМОН АСТ. Андешаҳои раиси Шурои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзода
МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ-МАСЪАЛАИ МУҲИМИ ЗАМОНИ МУОСИР. Андешаҳои профессор Махфират Хидирзода дар ин мавзуъ