Доир ба масъалаҳои муҳими идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатӣ Конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ доир шуд
ДУШАНБЕ, 26.10.2020 /АМИТ «Ховар»/. 23-24 октябр дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Масъалаҳои муҳими идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатӣ дар шароити татбиқи ҳукумати электронӣ» тариқи онлайн Конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор гардид. Дар ин бора аз Академияи идоракунии давлатӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Дар Конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои кадрҳо Олимшо Меҳрӣ, Ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдухалил Ғафурзода, директори Донишкадаи идоракунии Шимолу Ғарбии АХХ ва ХД назди Президенти Федератсияи Россия Владимир Шамахов, муовини якуми директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Гурез Қосимзода, иҷрокунандаи вазифаи президенти Академияи миллии идоракунии давлатии назди Президенти Украина Анатолий Савков, ноиби ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Қазоқистон Айгул Зейнолданова, сардори Раёсати банақшагирӣ ва арзёбии барномаҳои рушди маҳали Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Солор Салоҳиддинов, ректори Академияи хизмати давлатӣ ва идоракунии назди Сардори Ҷумҳурии Бошқирдистон Кизиргуло Илгиз Янович, директори Пажӯҳишгоҳи назария ва амалияи идоракунии давлатии Академияи идоракунии назди Президенти Беларус Александр Гордейчик, мудири кафедраи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқи Тошканд Серикбек Муртаев, инчунин олимону муҳаққиқони институтҳои илмӣ-таҳқиқотӣ аз муассисаҳои таҳсилотии олии касбии дохил ва хориҷи мамлакат, намояндагии ҳамкорони хориҷӣ, ташкилоти байналмилалӣ, вазорат ва кумитаҳо ширкат варзиданд.
Зимни ҳамоиши илмӣ маърӯзачиён якчанд масъалаҳо, аз ҷумла ҳукумати электронӣ ва механизмҳои таъмини шаффофият дар идоракунии давлатӣ, идоракунии зиддибуҳронӣ: таҳлил, баррасӣ ва бартарафнамоии буҳрон, модернизатсияи идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатӣ дар шароити татбиқи ҳукумати электронӣ, коркард ва ҷорисозии методҳои идоракунии лоиҳавӣ дар хизмати давлатии шаҳрвандӣ: самаранокӣ ва дурнамои рушди он, асосҳои рушди иҷтимоӣ-иқтисодии худидораи маҳаллӣ дар шароити татбиқи ҳукумати электронӣ, татбиқи барномаҳои давлатии дастгирии соҳибкории хурд ва миёна дар шароити деҳот, зарурати татбиқи ҳукумати электронӣ дар шароити хуруҷи бемориҳои сироятӣ ва пандемияи коронавируси навъи Covid-19, пешниҳоди хизматрасониҳои давлатӣ дар шароити пандемияи Covid-19 ва ғайраро баррасӣ намуданд.
Ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдухалил Ғафурзода иброз дошт, ки ҳукумати электронӣ имконоти нави идорасозии давлат мебошад, ки тавассути истифода аз технологияи иттилоотию коммуникатсионӣ дар кори идораҳои давлатӣ ба нафъи шаҳрвандон сурат мегирад. «Дар Ҷумҳурии Тоҷикистоназ 30 декабри соли 2011 Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи консепсияи ташаккули «Ҳукумати электронӣ» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гашт, ки таҳияи барномаҳои электронӣ вобаста ба рушд ҳамаи соҳаҳоро дар бар мегирад. Татбиқи ҳукумати электронӣ воситаи дастрас кардани иттилоот ва расонидани хизматҳои давлатӣ ба шаҳрвандон, тиҷорат, дигар шохаҳои давлатӣ ва коркунони давлатӣ мебошад, ки дар он ҳамкории мутақобилаи байни давлат ва дархосткунандагон хеле осон сурат мегирад ва аз технологияҳои иттилоотӣ ҳарчи бештар истифода мешавад.
Дар рӯзи дуюми конференсия олимону муҳаққиқон, магистрантону донишҷӯён аз муассисаҳои таҳсилотии олии касбии дохил ва хориҷи ҷумҳурӣ дар бораи паҳлуҳои гуногуни мавзӯи баррасишуда маърӯза намуданд.








ҶАШНИ САДА. Он чун унсури барҷастаи мероси фарҳангии башарият сазовори ҳифз ва таблиғ дар саросари ҷаҳон аст
Ҳамкории «Тоҷикфилм» бо Институти миллии аудиовизуалии Фаронса тақвият меёбад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Ғолибони озмун дар баробари мукофотпулӣ аз кадом имтиёзҳо бархӯрдор мешаванд?
26 январ дар вазорату идораҳои Тоҷикистон нишастҳои матбуотӣ оғоз мегарданд
ТАМАДДУНИ ОРИЁӢ. Дар Душанбе дар ин мавзуъ Симпозиуми байналмилалии сатҳи баланд баргузор мегардад
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди Қасри бостонии Ҳулбук корҳои ободкорию сабзгардонӣ идома доранд
Эҳёи хотираи таърихӣ ва таҳкими ҳувияти миллӣ вазифаи муқаддаси ҳар сокини ҷумҳурӣ аст
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ давраи омузишӣ баргузор шуд
ТОҶИКОН — МЕРОСБАРИ ТАМАДДУНИ ОРИЁӢ. Иқдоми Тоҷикистон дар самти ҳифзу арҷгузорӣ ба тамаддуни ориёӣ саривақтӣ ва муҳим аст
Сокинони шаҳри Исфара соҳиби туҳфаи Пешвои миллат- «Шоҳнома»-и безавол мегарданд
Дар Коллеҷи муҳандисию омӯзгории шаҳри Душанбе маркази омӯзиши забони чинӣ таъсис дода мешавад
БОРБАД — АСОСГУЗОРИ МУСИҚИИ ШАРҚ. Хунёгаре, ки назирашро таърихи башар ёд надорад






