Доир ба масъалаҳои муҳими идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатӣ Конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ доир шуд

Октябрь 26, 2020 11:30

ДУШАНБЕ, 26.10.2020 /АМИТ «Ховар»/. 23-24 октябр дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Масъалаҳои муҳими идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатӣ дар шароити татбиқи ҳукумати электронӣ» тариқи онлайн Конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор гардид. Дар ин бора аз Академияи идоракунии давлатӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Дар Конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои кадрҳо Олимшо Меҳрӣ, Ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдухалил  Ғафурзода, директори Донишкадаи идоракунии Шимолу Ғарбии АХХ ва ХД назди Президенти Федератсияи Россия Владимир Шамахов, муовини якуми директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Гурез Қосимзода, иҷрокунандаи вазифаи президенти Академияи миллии идоракунии давлатии назди Президенти Украина Анатолий Савков, ноиби ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Қазоқистон Айгул Зейнолданова, сардори Раёсати банақшагирӣ ва арзёбии барномаҳои рушди маҳали Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Солор Салоҳиддинов, ректори Академияи хизмати давлатӣ ва идоракунии назди Сардори Ҷумҳурии Бошқирдистон Кизиргуло Илгиз Янович, директори Пажӯҳишгоҳи назария ва амалияи идоракунии давлатии Академияи идоракунии назди Президенти Беларус Александр Гордейчик, мудири кафедраи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқи Тошканд Серикбек Муртаев, инчунин олимону муҳаққиқони институтҳои илмӣ-таҳқиқотӣ аз муассисаҳои таҳсилотии олии касбии дохил ва хориҷи мамлакат, намояндагии ҳамкорони хориҷӣ, ташкилоти байналмилалӣ, вазорат ва кумитаҳо ширкат варзиданд.

Зимни ҳамоиши илмӣ маърӯзачиён якчанд масъалаҳо, аз ҷумла ҳукумати электронӣ ва механизмҳои таъмини шаффофият дар идоракунии давлатӣ, идоракунии зиддибуҳронӣ: таҳлил, баррасӣ ва бартарафнамоии буҳрон, модернизатсияи идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатӣ дар шароити татбиқи ҳукумати электронӣ, коркард ва ҷорисозии методҳои идоракунии лоиҳавӣ дар хизмати давлатии шаҳрвандӣ: самаранокӣ ва дурнамои рушди он, асосҳои рушди иҷтимоӣ-иқтисодии худидораи маҳаллӣ дар шароити татбиқи ҳукумати электронӣ, татбиқи барномаҳои давлатии дастгирии соҳибкории хурд ва миёна дар шароити деҳот,  зарурати татбиқи ҳукумати электронӣ дар шароити хуруҷи бемориҳои сироятӣ ва пандемияи коронавируси навъи Covid-19, пешниҳоди хизматрасониҳои давлатӣ дар шароити пандемияи Covid-19 ва  ғайраро баррасӣ намуданд.

Ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдухалил  Ғафурзода иброз дошт, ки ҳукумати электронӣ имконоти нави идорасозии давлат мебошад, ки тавассути истифода аз технологияи иттилоотию коммуникатсионӣ дар кори идораҳои давлатӣ ба нафъи шаҳрвандон сурат мегирад. «Дар Ҷумҳурии Тоҷикистоназ 30 декабри соли 2011 Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи консепсияи ташаккули «Ҳукумати электронӣ» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гашт, ки таҳияи барномаҳои электронӣ вобаста ба рушд ҳамаи соҳаҳоро дар бар мегирад. Татбиқи ҳукумати электронӣ воситаи дастрас кардани иттилоот ва расонидани хизматҳои давлатӣ ба шаҳрвандон, тиҷорат, дигар шохаҳои давлатӣ ва коркунони давлатӣ мебошад, ки дар он ҳамкории мутақобилаи байни давлат ва дархосткунандагон хеле осон сурат мегирад ва аз технологияҳои иттилоотӣ ҳарчи бештар истифода мешавад.

Дар рӯзи дуюми конференсия олимону муҳаққиқон, магистрантону донишҷӯён аз муассисаҳои таҳсилотии олии касбии дохил ва хориҷи ҷумҳурӣ  дар бораи паҳлуҳои гуногуни мавзӯи баррасишуда маърӯза намуданд.

 

 

Октябрь 26, 2020 11:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Шоири халқии Тоҷикистон Ҳадиса Қурбонова аз олам даргузашт
«САМАРАИ ИСТИҚЛОЛ». Таҳти чунин унвон Иттифоқи журналистони Тоҷикистон озмун эълон менамояд
«ЯК МЕРОС, ДУ САРЗАМИН». Намоиши маҷозии муштараки Тоҷикистон ва Эрон баргузор мегардад
Дар Душанбе рӯзҳои фарҳанги ВМКБ, шаҳри Хоруғ, ноҳияҳои Ишкошим, Мурғоб, Роштқалъа ва Файзобод баргузор мегарданд
Раиси шаҳри Шероз ёдгории таърихию фарҳангии «Қалъаи Ҳисор»-ро тамошо намуд
Дар Душанбе Рӯзи фарҳанги ноҳияи Рӯшон баргузор гардид
Дар Душанбе 49 номгӯй адабиёти тозанашри кӯдакона рӯнамоӣ гардид
Дар пойтахти Тоҷикистон Рӯзи фарҳанги ноҳияи Ванҷ доир шуд
Рӯзи фарҳанги ноҳияи Шуғнон бо шукуҳу шаҳомати хос баргузор шуд
Оид ба бостоншиносӣ ва нақши он дар ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ ҳамоиш доир шуд
15 АВГУСТ–РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ БОСТОНШИНОСӢ. Зиёда аз 70 фоизи мероси таърихию фарҳангии Тоҷикистонро ёдгориҳои бостонӣ ташкил медиҳанд
Тоҷикистон мизбони Бозиҳои XX Делфии ҷавонони давлатҳои аъзои ИДМ мегардад