ЭМОМАЛӢ РАҲМОН: «ДАР НАЗДИ ТАМОМИ МАРДУМИ ШАРИФИ ТОҶИКИСТОН САРИ ТАЪЗИМ ФУРУД МЕОРАМ!» Гузориши АМИТ «Ховар» пас аз тамошои маросими савгандёдкунии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Октябрь 30, 2020 15:20

ДУШАНБЕ, 30.10.2020 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан хабар додем,  имрӯз дар Қасри Миллат ба муносибати аз нав интихоб гардидани Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба маснади олии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки намоядагони мақомоти давлатӣ, прокурорҳо, судяҳо, кумитаи ҷавонон ва варзиш, иттифоқҳои касаба, арбобони давлатӣ, фаъолони ҷамъиятӣ ва ВАО маросими бошукӯҳи савгандёдкунӣ баргузор гардид.

Дар ин маросим ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Шаҳодатномаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Нишони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуданд.

Маросими бошукӯҳи савгандёдкуниро, ки тавассути телевизиону радиоҳои мамлакат мустақиман пахш гардид, ҳазорон нафар ҳамватанони мо дар дохил ва беруни мамлакат тамошо намуданд.  Аз ҷумла, кормандони эҷодию техникии АМИТ «Ховар» дастҷамъона ин лаҳзаҳои таърихиро аз телевизор тамошо карда, таассуроти нишотангез бардоштанд.

Хабарнигорони  мо  Фирӯзаи ДАВЛАТ ва Субҳониддини МАҲМУД гузориш медиҳанд.

Имрӯз кормандони Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ифтихору ҳисси баланди миллӣ ва боварӣ ба ояндаву рушди бемайлони Тоҷикистон маросими савгандёдкунии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро сарҷамъона тамошо намуданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими савгандёдкунӣ таъкид доштанд, ки «дар солҳои 2013-2020 зиёда аз як миллион ҷойи корӣ таъсис дода шуда, шумораи шаҳрвандоне, ки ба муҳоҷирати меҳнатӣ мераванд, аз 1 миллиону 100 ҳазор то 460 ҳазор нафар, яъне дуюним баробар кам карда шуд.Дар натиҷаи амалӣ гардидани санадҳои стратегӣ сатҳи камбизоатӣ аз 38,3 фоизи соли 2013 то 26,3 фоиз дар соли 2020, яъне 12 фоиз паст шуда, дарозумрии миёнаи шаҳрвандон аз 73 то 75 сол боло рафт».

Сарвари давлат таъкид намуданд, ки «дар оянда ҷиҳати беҳтар намудани имконоти шуғл барои занон, шахсони маъюб ва гурӯҳҳое, ки имкони маҳдуд доранд, барномаҳои махсус таҳия ва қабул гардида, истеҳсоли воситаҳои техникии тавонбахшӣ барои онҳо васеъ ба роҳ монда мешавад. Доир ба ҳифзи иҷтимоии ятимону маъюбон, оилаҳои бесаробону камбизоат ва дигар гурӯҳҳои осебпазиру ниёзманд тадбирҳои иловагӣ амалӣ карда мешаванд».

***

Имрӯз ҳамчунин дар тамоми   идораву муассисаҳои  вилояти Суғд кормандон дастаҷамъона суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба муносибати савгандёдкунӣ, ки дар «Кохи Сомон»-и шаҳри Душанбе баргузор гардид, тамошо намуданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими савгандёдкунӣ таъкид доштанд, ки «ман ҳамчун як фарзанди халқи азизи Тоҷикистон ҳанӯз аз рӯзҳои аввали фаъолият дар мансаби Роҳбари давлат аз пуштибонии самимии мардуми шарафманди мамлакат, дуои хайри падарону модарон, собиқадорону пирони рӯзгор ва махсусан, дастгирии фаъолонаи ҷавонони ватандӯсту бонангу номус рӯҳу неруи тоза гирифта, дар ҷодаи рафъи мушкилоти ниҳоят сахту сангини сиёсӣ ва иқтисодиву иҷтимоии мамлакат бо иродаи мустаҳкам ва азми қавӣ қадам мегузоштам.

Ман аз мардуми азизи Тоҷикистон як ҷаҳон сипосгузорам, ки заҳмату талошҳои маро бо иштироки фаъолонаи худ қадрдонӣ карда, муҳаббату самимияти нисбат ба ман доштаашонро бо додани раъйи хеш исбот намуданд.

Ин муҳаббату самимияти халқи азизам маро водор месозад, ки ба хотири ободии Тоҷикистон, оромии Ватан ва осоиши ҳар хонадони ҷумҳурӣ даҳчанд заҳмат кашам…

Ман имрӯз садҳо маротиба шукрона мекунам, ки сазовори эътимоду боварии халқи азизам ҳастам ва барои ин эътиқоду ихлоси бузург ва дастгириву дуои хайри падарону модарон дар назди тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон сари таъзим фуруд меорам.

Ман ҳамаи шумо — халқи азизам ва хурду бузурги Тоҷикистонро сидқан дӯст медорам ва то нафаси вопасин ба шумо содиқона хизмат мекунам».

Гуфта шуд, ки дар ҳафт соли охир ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои олии давлат ва дар навбати аввал, бо мақсади муҳайё намудани шароити арзандаи зиндагӣ барои мардуми мамлакат хеле корҳои назаррас ба анҷом расонида шуда, нақшаҳои барои ҳафт соли оянда пешбинигардида барои рушди устувору бемайлони Тоҷикистон дар даҳсолаҳои оянда заминаи мустаҳкам мегузоранд.

 ***

Сокинони шаҳри Норак ва кормандони 68 корхонаю ташкилоти шаҳр  низ имрӯз намоиши  маросими савгандёдкунии  Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистонро тавассути  оинаи нилгун ва  радиои маҳаллӣ дар 4 минтақаи манзилӣ  бо фарогирии 30 ҳазор  сокинони шаҳр ба таври  мустақим  тамошо  намуда, аз он рӯҳу илҳоми тоза гирифтанд. Собиқадори меҳнат Маҳмадҷон Пиров иброз дошт, ки “маросими савгандёдкунии  Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро  тамошо намуда, хеле  хушҳол  гардидам.

Ҳамчун як сокини шаҳри Норак аз он ифтихор дорам, ки  Пешвои миллат муҳтарам  Эмомалӣ  Рамон  боз ба муҳлати  7 сол ба маснади Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон  интихоб гардида,  рушду  тараққиёти  мамлакат боз ҳам  бештар шуда, Тоҷикистон  ба давлати пешрафта табдил хоҳад  ёфт. Ба Ҷаноби  Олӣ  дар амалӣ шудани ниятҳои нек баҳри ободонию созандагӣ  ва бунёдкориҳо  муваффақиятҳои  беназир орзу дорам”.

Раиси  хоҷагии деҳқонии  «Кӯҳи Нор» Назокат Тешаева гуфт, ки  “бори дигар Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон  интихоб гардидани Пешвои муаззами  миллат,  Қаҳрамони Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон шаҳодати он аст, ки мардуми мамлакат ба он кас эътимоди комил доранд. Ман бовар дорам, ки фаъолияти  Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таҳкими минбаъдаи пояҳои давлатдорӣ, некӯаҳволии шаҳрвандон ва баланд бардоштани нуфузи байналмилалии мамлакат нигаронида мешавад”.

***

Имрӯз ҳамзамон сокинони ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти шаҳри Ҳисор ва кормандони зиёда аз 200  корхонаю муассисаҳо маросими савгандёдкунии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба воситаи оинаи нилгун тамошо карда, тариқи 123 нуқтаи баландгӯяки Радиои Тоҷикистон  шуниданд.

Корманди  Ҷамоати деҳоти Деҳқонободи шаҳри Ҳисор Умед Нуралиев изҳор дошт, ки  “Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба воситаи хизматҳои содиқонаи худ баҳри пойдории миллат ва таҳкими сулҳу субот дар ҷомеа шуҳратёр гардидаанд. Сокинони ҷумҳурӣ боварии комил доранд, ки дар 7 соли минбаъда ин шахсияти таърихӣ  тамоми донишу таҷриба, саъю талош ва ҳастии худро фидои сарзамини муқаддаси Ҷумҳурии Тоҷикистон мегардонанд. Мо бо итминони комил гуфта метавонем, ки ояндаи наздик  зери сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат Тоҷикистон яке аз давлатҳои тараққикардаи дунё мегардад”.

Корманди Корхонаи давлатии бақайдгирии фаръии молу мулки ғайриманқул дар шаҳри Ҳисор Юсуфҷон Ниёзов гуфт, ки “фаъолияти пурмуҳтавову пурмаҳсули давлативу ҷамъиятии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оинаест, ки дар он мавқеи миллати тоҷикро бо ҳама шаҳомат ва шуҳраташ сарфаҳм рафта, ба ин восита қадаме ба сӯи хештаншиносӣ ва худогоҳӣ ниҳода, бо диди ибрат дурнамои мамлакатро муайян карда метавонем. Мо бо боварӣ мегӯем, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сиёсати сулҳҷӯёнаи худ сулҳу ваҳдати  Ватани азизамонро пойдор нигоҳ медоранд ва Тоҷикистонро ба яке аз давлатҳои мутараққӣ табдил медиҳанд”.

Октябрь 30, 2020 15:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Тоҷикистон: «Ҷашни Наврӯз ва истиқлолу озодӣ – ин ду мафҳуми барои ҳар яки мо азизу муқаддас аст»
«КАЪБА ЧӢ МЕРАВӢ, ДИЛЕРО ДАРЁБ…». Андешаҳо дар ҳошияи мулоқоти Президенти Тоҷикистон бо фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин
Пешвои миллат: «Боиси ифтихор аст, ки Наврӯз – калимаи асили тоҷикӣ, яъне «рӯзи нав» ҳоло барои миллионҳо аҳолии сайёра ҳамчун рӯзи ҷашни фархунда вирди забон аст»
Эмомалӣ Раҳмон: «Наврӯз аз ҷумлаи бузургтарин ва маҳбубтарин ҷашнҳои тоҷикон мебошад»
СИЁСИШАВИИ ДИН — ХАТАР БА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ ВА СУБОТИ ҶОМЕА. Андешаҳои профессор Нозим Маҳмадизода дар ин мавзуъ
Президенти Тоҷикистон: «Бо назардошти шароити замона анъанаи неки гузаштагон – сарфаю сариштакориро бояд риоя намоем»
Сулаймон Талбакзода: «Дарси хештаншиносӣ ва хизмат ба халқу Ватанро аз Пешвои миллат бояд омӯзем»
Президенти Тоҷикистон: «Мушкилоти таъмини аҳолии сайёра бо озуқаворӣ моро водор менамояд, ки ҳар қитъа заминро оқилонаву самаранок истифода барем»
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон: «Ойинҳои наврӯзӣ аҳли башарро ба таҳаммулгароӣ, бунёдкориву созандагӣ ҳидоят менамоянд»
Пешвои миллат: «Дар шароити кунунӣ зарур аст, ки ба кишти такрорӣ, гирифтани се – чор ҳосил аз заминҳои обӣ эътибори аввалиндараҷа дода шавад»
Наврӯз дар баробари забони тоҷикӣ бунёди худшиносии тоҷиконро низ ташаккул додааст
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон: «Мақому ҷойгоҳи Наврӯз он қадар баланд буд, ки ҳеҷ монеа ва қуввае онро натавонист аз байн барад»