Филми «Хаёлпарастони музофотӣ»-и Румӣ Шоазимов бо номинатсияи махсус мукофотонида шуд
ДУШАНБЕ, 13.10.2020 /АМИТ «Ховар»/. Филми «Хаёлпарастони музофотӣ«-и коргардони ҷавони тоҷик Румӣ Шоазимов, ки аз рӯи сенарияи Темур Зулфиқоров таҳия шудааст, 12 октябр аз ҷониби раиси ҳакамони Фестивали байналмилалии Леонид Хромов — 2020 — «Бозёфти сол» бо номинатсияи махсус қадрдонӣ карда шуд. Дар ин бора Румӣ Шоазимов ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.
«Гирифтани ҷоиза дар чунин замони душвор хеле гуворост, зеро коронавирус ба ҳама соҳаҳо, аз ҷумла ба рушди кино, баргузор намудани ҳама гуна фестивалҳо ва озмунҳо таъсир расонидааст. Мояи хушнудист, ки филми ман ба ҳайати ҳакамон писанд омад ва онро қадр карданд”, — изҳор намуд коргардони тоҷик.
Имрӯз натиҷаҳои нахустин «Фестивали байналмилалии филмҳои Леонид Хромов — 2020″ ҷамъбаст шуданд. Бо сабаби вазъи вобаста ба COVID-19 дар ҷаҳон ва шадидтар шудани режими худмаҳдудкунӣ дар Москва ғолибони ҷашнвора ба таври онлайн муайян шуданд.
Ин фестивалро моҳи апрели соли 2020 продюсери рус Леонид Хромов таъсис додааст. Ба ин фестивали байналмилалии филмҳо аз коргардонҳо ва продюсерҳои 33 кишвари ҷаҳон дархосту пешниҳодҳо ворид шуданд.
«Филм ба ман писанд омад. Он аз дигар филмҳо фарқият дорад. Дар он на куштор аст ва на дигар ҳолатҳои ҷиддии муноқишаангез. Филм сабук, нек ва ахлоқӣ аст, ҳоло кам бо чунин филмҳо дучор мешавӣ. Бисёр муҳим аст, ки дар Тоҷикистон филмҳои хуб таҳия мешаванд ”, — гуфт президент ва раиси ҳакамони фестивали филмҳо Леонид Хромов.
Шоҳҷоизаи фестивали филмҳо (Гран-при) насиби филми ҳунарии «Рӯзномаи моҳигир» аз Камерун гардид. Ҷоиза барои беҳтарин филми кӯтоҳ насиби Шветсия барои филми «Синфи 2 А» гардид.
Филми «Орзуҳои музофотӣ» -и Румӣ Шоазимов дар жанри мураккаби мазҳакаи ҳаҷвӣ ба навор гирифта шудааст. Филм пуробуранг, ғайриодӣ аст ва ба масъалаҳои арзишҳои оилавӣ ва идомаи иртибот байни наслҳо бахшида шудааст.
Филм дар студияи «Тоҷикфилм» ба навор гирифта шудааст. Дар он зиёда аз 70 ҳунарманд нақш офаридаанд. Дар баробари актёрони машҳури касбӣ, инчунин ҳунарпешагони ғайрикасбӣ ва ҷавон низ нақш офаридаанд.








Эмомалӣ Раҳмон: «Наврӯз, Меҳргон, Сада ва Тиргон таҷассумгари андешаҳои инсондӯстӣ ва бузургдошти табиат мебошанд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Тоҷикон яке аз миллатҳои фарҳангиву тамаддунсози дунё мебошанд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Борбад яке аз аввалин донандагони илми мусиқӣ ва оҳангсози касбии қаламрави ориёӣ эътироф гардидааст»
Эмомалӣ Раҳмон: ««Шоҳнома» сарчашмаи ҷовидонаи арзишҳои ҳувиятсози миллӣ ва андешаҳои ватандӯстиву истиқлолхоҳии тоҷикон мебошад»
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон мероси таърихиву фарҳангиро шиносномаи миллати куҳанбунёди тоҷик арзёбӣ намуданд
Китобҳои «Масири сарнавишт» ва «Авсофи Пешво» муаррифӣ карда шуданд
ПАЁМ-МУЖДА АЗ ШУКУФОӢ ВА ИҶРОИ ҲАДАФҲОИ СОЗАНДА. Дар Осорхонаи миллӣ ҳамоиш доир гардид
Асари «Абармарди таърихсоз» дар Озмуни ҷумҳуриявии «Китоби сол-2025» соҳиби Шоҳҷоиза гардид
Адибони тоҷик дар Саммити ҷаҳонии нависандагон ва рассомон CIESART-2025 иштирок намуданд
Намояндаи Осорхонаи миллии бостонии Тоҷикистон дар машварати байналмилалӣ дар Чин иштирок намуд
Дар Душанбе ҷилди нави китоби «Ваҳдат, Давлат, Президент» рӯнамоӣ гардид






