ФУТБОЛ. «Равшан» пеш аз муҳлат ба Лигаи олӣ роҳхат гирифт

Октябрь 8, 2020 08:12

ДУШАНБЕ, 08.10.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи  футболи  «Равшан»-и  шаҳри  Кӯлоб се давр пеш аз анҷоми мусобиқаи Лигаи аввали футболи Тоҷикистон   ҳаққи ширкат дар Лигаи олиро дар мавсими соли 2021 ба даст овард. Дар ин бора мухбири АМИТ «Ховар» Меҳрони  Қурбон бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Футболбозони шаҳри Кӯлоб  дар даври нуздаҳуми мусобиқаи Лигаи аввали футболи Тоҷикистон дар майдони худ бар  дастаи футболи «Шоҳмансур»-и шаҳри  Душанбе бо ҳисоби калони   4:0 пирӯз шуданд. Дастаи  футболи  «Равшан»-и шаҳри  Кӯлоб   дар 18 бозӣ 45 имтиёз гирифта, дар ҷадвали мусобиқа дар зинаи аввал ҷойгир шудааст.

Дастаи  футболи  «Эсхата»-и шаҳри  Хуҷанд бо 37 имтиёз дар ҷойи дуюм қарор дорад. Хуҷандиҳо дар бозии даври гузашта дар майдони худ аз  дастаи  футболи  «Панҷшер»-и  ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо ҳисоби 1:3 мағлуб шуданд. Дастаи  «Панҷшер», ки 35 имтиёз дорад, дар ҷадвали мусобиқа мақоми сеюмро касб намудааст.

Натиҷаи  се бозии дигари даври нуздаҳум бо чунин  ҳисоб хотима ёфтанд: дастаҳои  футболи  «Моҳир»-и ноҳияи Ёвон  бо «Ҳулбук»-и ноҳияи  Восеъ  бо  ҳисоби   2:0, «Барқчӣ»-и шаҳри   Ҳисор  бо «Ваҳдат»-и шаҳри  Ваҳдат  бо бартарии  3:1 ғолиб омада, «Саройкамар»-и ноҳияи   Панҷ аз   «Равшан»-и ноҳияи  Зафаробод  бо ҳисоби   0:3 мағлуб гардид.

Мусобиқаи Лигаи аввали футболи Тоҷикистон. Даври 19-ум

«Моҳир» – «Ҳулбук» – 2:0

Голҳо: Наимҷон Почохонов, 33 (1:0). Баҳровар Ҳалимов, 76 (2:0).

Беҳтарин бозингари дидор: Манучеҳр Хидиров («Моҳир»).

«Барқчӣ» – «Ваҳдат» – 3:1

Голҳо: Муҳаммад Буризод, 9 (1:0). Шерзод Дадабоев, 45+1 – аз пеналтӣ (2:0). Самариддин Расулов, 54 (2:1). Ҳакимҷон Ҳасанов, 88 (3:1).

Беҳтарин бозингари сабқат : Муҳаммад Буризод («Барқчӣ»).

«Равшан» (Кӯлоб) – «Шоҳмансур» – 4:0

Голҳо: Далер Чолов, 59 (1:0). Зокир Абдулхайров, 65 (2:0). Сафаралӣ Каримов, 67 (3:0). Умед Бадалов, 87 (4:0).

Беҳтарин бозингари дидор: Ҷамшед Буриев («Шоҳмансур»).

«Саройкамар» – «Равшан» (Зафаробод) – 0:3

Голҳо: Парвиз Деҳқонов, 37 (0:1). Зиёвуддин Фузайлов, 65 (0:2). Бахтиёр Зарипов, 78 (0:3).

Беҳтарин бозингари дидор: Аҳлиддин Ҳабибуллоев («Равшан» Зафаробод).

«Эсхата» – «Панҷшер» – 1:3

Голҳо: Нарзулло Раҷабов, 4 (1:0). Насим Маматқулов, 68 (1:1). Абдухалил Боронов, 77 (1:2). Насим Маматқулов, 89 (1:3).

Беҳтарин бозингари дидор: Абдулатиф Тоҷиаҳмадов («Панҷшер»).

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа

Ҷ ДАСТАҲО Б Ғ М Б Т И
1 «Равшан» (Кӯлоб) 18 15 0 3 66-31 45
2 «Эсхата» (Хуҷанд) 18 12 1 5 47-30 37
3 «Панҷшер» (Ҷалолиддини Балхӣ) 19 10 5 4 49-23 35
4 «Равшан» (Зафаробод) 19 9 5 5 38-25 32
5 «Ҳулбук» (Восеъ) 19 9 3 7 36-31 30
6 «Моҳир» (Ёвон) 19 8 2 9 44-58 26
7 «Ваҳдат» (Ваҳдат) 19 7 5 7 47-34 26
8 «Барқчӣ» (Ҳисор) 19 8 1 10 36-37 25
9 «Саройкамар» (Панҷ) 19 6 4 9 38-43 22
10 «Ҳосилот» (Фархор) 18 6 3 9 28-35 21
11 «Исфара» (Исфара) 18 6 1 11 28-43 19
12 «Шоҳмансур» (Душанбе) 19 0 2 17 12-79 2

 

Нишонзанҳо: Аваз Камчинов («Ҳулбук») – 25 тӯб, Мубинҷон Муъминов («Эсхата»), Баҳровар Ҳалимов («Моҳир») – 18-тӯбӣ, Насим Маматқулов («Панҷшер») – 13 тӯб.

Даври 20-ум

8 октябр (панҷшанбе)

Оғози бозиҳо – соати 15:30

«Равшан» (Зафаробод) – «Панҷшер»

«Исфара» – «Эсхата»

Октябрь 8, 2020 08:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Ёвон мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) баргузор гардид
Ғолибони мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар ноҳияи Темурмалик муайян гардиданд
Дар Душанбе курсҳои омӯзишӣ барои мураббии дарвозабонҳо ба анҷом расид
Беҳтаринҳои Лигаи футзали Тоҷикистон дар мавсими 2025 муайян шуданд
Ғолибони Чемпионати Тоҷикистон оид ба гӯштингирӣ дар шаҳри Душанбе муайян шуданд
МИЛЛАТИ ҶИСМАН СОЛИМ РУҲАН НИЗ МУҚТАДИР АСТ! Нақшаи баргузории машқҳои пагоҳирӯзӣ барои соли 2026 тасдиқ гардид
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) дар Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми рушд-2026» иштирок мекунад
Чемпионати Тоҷикистон оид ба гӯштингирӣ байни калонсолон ва наврасон ифтитоҳ гардид
Имрӯз қисми ниҳоии Ҷоми ФФТ-2026 оид ба футбол оғоз мегардад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Варзишгарони ноҳияи Варзоб соли 2025 75 медали тилло ба даст оварданд
Дар деҳаи Муҷуни ноҳияи Деваштич майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Чемпионати Тоҷикистон оид ба гӯштингирӣ дар соли 2026 доир мегардад