ФУТБОЛ. «Равшан» пеш аз муҳлат ғолиби Лигаи аввали футболи Тоҷикистон гардид

Октябрь 22, 2020 09:43

ДУШАНБЕ, 22.10.2020 /АМИТ «Ховар»/. Шоми  дирӯз дар Варзишгоҳи марказии  шаҳри Кӯлоб  бозии даври 21-уми Лигаи аввали футболи Тоҷикистон байни  дастаҳои   футболи   «Равшан»-и шаҳри  Кӯлоб ва «Ҳулбук»-и ноҳияи  Восеъ хеле ҷолиб баргузор гардида, бо ҳисоби 4:2 бар нафъи  дастаи  футболи   «Равшан» хотима ёфт. Дар ин бора  шореҳи  варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони  Қурбон бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Дастаи футболи  «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб  дар майдони худ дастаи  «Ҳулбук»-и ноҳияи  Восеъро  мағлуб кард ва  як давр пеш аз анҷоми мусобиқаи Лигаи аввали футболи Тоҷикистон соҳиби медалҳои тилло гардид. Қаблан футболбозони шаҳри Кӯлоб дар мавсими соли 2021 ба Лигаи олӣ роҳхат гирифта буданд. Голҳои Наврӯз Рустамов, Ҳасан Рустамов, Умед Бадалов ва Сафаралӣ Каримов ба дастаи  «Равшан» пирӯзӣ оварданд. Дастаи футболи  «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб   дар 21 бозӣ 51 имтиёз гирифта, дар ҷадвали мусобиқа дар зинаи аввал қарор дорад.

Дастаи  футболи «Эсхата»-и шаҳри  Хуҷанд, ки 46 имтиёз дорад ва дар ҷадвали мусобиқа мақоми дуюмро касб намудааст, бо медалҳои нуқра мукофотонида мешавад. Дастаи  футболи  «Эсхата»-и шаҳри Хуҷанд  низ соҳиби роҳхат ба Лигаи олӣ гардидааст.

Дастаи футболи  «Панҷшер»-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо касби 38 имтиёз дар ҷадвали мусобиқа мақоми сеюмро ишғол мекунад. Тақдири медалҳои биринҷӣ дар даври охирини мусобиқа маълум хоҳад шуд. Барои ҷойи сеюм дастаҳои футболи  «Панҷшер»-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ  ва «Равшан»-и  ноҳияи  Зафаробод байни  ҳам талош доранд.

Ёдовар  мешавем, ки бозиҳои даври 22-юм ва охирини мусобиқаи Лигаи аввали футболи Тоҷикистон 25  октябр баргузор мешаванд.

Мусобиқаи Лигаи аввали футболи Тоҷикистон. Даври 21-ум

«Барқчӣ» – «Саройкамар» – 4:0

Голҳо: Муҳаммад Буризод, 20 (1:0). Файзиддин Назаров, 51 (2:0). Муҳаммадҷон Ризомов, 55 (3:0). Муҳаммад Буризод, 56 (4:0).

Аз майдон хориҷ шуд: Билолиддин Исматуллоев («Саройкамар»), 68 – корти 2-юми зард.

Беҳтарин бозингари дидор: Муҳаммад Буризод («Барқчӣ»).

«Ҳосилот» – «Ваҳдат» – 2:0

Голҳо: Нурулло Маҳмудов, 70 – аз пеналтӣ (1:0). Муҳаммад Шерзода, 80 (2:0).

Беҳтарин бозингари  вохӯрӣ: Саидалии Сафаралӣ («Ҳосилот»).

«Равшан» (Кӯлоб) – «Ҳулбук» – 4:2

Голҳо: Наврӯз Рустамов, 67 (1:0). Ҳасан Рустамов, 80 (2:0). Аваз Қамчинов, 82 (2:1). Умед Бадалов, 86 (3:1). Сафаралӣ Каримов, 87 (4:1). Аваз Қамчинов, 89 – аз пеналтӣ (4:2).

Беҳтарин бозингари дидор: Шаҳбоз Хайруллозода («Ҳулбук»).

«Моҳир» – «Равшан» (Зафаробод) – 3:3

Голҳо: Бахтиёр Зарипов, 7 (1:0). Бахтиёр Зарипов, 25 (2:0). Бахтиёр Зарипов, 39 (3:0). Баҳровар Ҳалимов, 42 – аз пеналтӣ (3:1). Ҳоҷиакбар Холмуродов, 82 (3:2). Дилшод Тағоев, 90+4 (3:3).

Беҳтарин бозингари рақобат: Бахтиёр Зарипов («Равшан» Зафаробод).

«Панҷшер» – «Исфара» – 10:1

Голҳо: Саидакбар Юнусов, 2 (1:0). Саидакбар Юнусов, 15 (2:0). Шоҳин Ҷалилов, 22 – аз пеналтӣ (3:0). Хушбахт Назиров, 27 (3:1). Қиматшо Муъминшоев, 53 (4:1). Абдухалил Боронов, 57 (5:1). Саидакбар Юнусов, 60 (6:1). Қурбон Сайфиддинов, 61 (7:1). Хушбахт Миров, 69 (8:1). Сорбон Қурбонов, 84 (9:1). Абдулатиф Тоҷиаҳмадов, 90 – аз пеналтӣ (10:1).

Беҳтарин бозингари  сабқат: Абдухалил Боронов («Панҷшер»).

«Эсхата» – «Шоҳмансур» – 3:0

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа:

Ҷ ДАСТАҲО Б Ғ М Б Т И
1 «Равшан» (Кӯлоб) 21 17 0 4 72-36 51
2 «Эсхата» (Хуҷанд) 21 15 1 5 57-31 46
3 «Панҷшер» (Ҷалолиддини Балхӣ) 21 11 5 5 59-27 38
4 «Равшан» (Зафаробод) 21 10 6 5 44-28 36
5 «Ҳулбук» (Восеъ) 21 10 3 8 39-35 33
6 «Ҳосилот» (Фархор) 21 9 3 9 37-36 30
7 «Барқчӣ» (Ҳисор) 21 9 1 11 40-38 28
8 «Моҳир» (Ёвон) 21 8 4 9 49-63 28
9 «Ваҳдат» (Ваҳдат) 21 7 5 9 47-38 26
10 «Саройкамар» (Панҷ) 21 6 5 10 40-49 23
11 «Исфара» (Исфара) 21 6 1 14 30-60 19
12 «Шоҳмансур» (Душанбе) 21 0 2 19 13-86 2

 

 

Нишонзанҳои беҳтарин: Аваз Камчинов («Ҳулбук») – 28 тӯб, Мубинҷон Муъминов («Эсхата») – 21 тӯб, Баҳровар Ҳалимов («Моҳир») – 18 тӯб.

Даври 22-юм

25 октябр (якшанбе)

Оғози бозиҳо – соати 14:30

«Равшан» (Зафаробод) – «Исфара»

«Шоҳмансур» – «Панҷшер»

«Ваҳдат» – «Эсхата»

«Ҳулбук» – «Ҳосилот»

«Саройкамар» – «Равшан» (Кӯлоб)

Октябрь 22, 2020 09:43

Хабарҳои дигари ин бахш

«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
БОЗИҲОИ 20-УМИ ОСИЁ. Шаҳрҳои Нагая ва Аичии Ҷопон ин бозиҳоро мизбонӣ мекунанд
Субҳиддин Халилзода соҳиби Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) гардид
Ҷашни Наврӯз дар аҳди бостон бо мусобиқаи камонварӣ оғоз мегардид
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мегардад
БОЗИҲОИ СОҲИЛИИ ОСИЁ-2026. Шаҳри Саняи Чин мизбони бозиҳо мегардад
Дастаи олимпии то 23-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон иштирок менамояд
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои бозии ниҳоӣ бо дастаи яккачини Филиппин муайян шуд
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА ГӮШТИНИ ҶУДО. Дар он 13 варзишгари Тоҷикистон иштирок менамоянд
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагиро ба бозӣ ба муқобили дастаи яккачини Филиппин оғоз мекунад
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Хоруғ мусобиқаи гӯштини миллӣ доир мегардад
Дар «Tbilisi Grand Slam- 2026» оид ба гӯштини ҷудо аз Тоҷикистон ҳафт варзишгар иштирок менамояд