Олег Белоконев: «Интихоботи Президент шаффофу рақобатпазир буда, иродаи озодонаи интихобкунандагони Тоҷикистонро ифода намуд»

Октябрь 12, 2020 15:30

ДУШАНБЕ, 12.10.2020 /АМИТ«Ховар»/. «Интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 11 октябр баргузор шуд, мутобиқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни конститутсионӣ «Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» доир шуда, ба принсипҳои аз ҷониби умум қабулшуда ва эътирофшудаи баргузории интихоботи демократӣ мувофиқат мекунад. Интихоботи президентӣ шаффофу рақобатнок буда, иродаи озодонаи интихобкунандагони Тоҷикистонро  ифода намуд», — гуфт имрӯз зимни нишасти матбуотии намояндагони Миссияи мушоҳидон аз кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ), Раиси Комиссияи доимии Палатаи намояндагони Маҷлиси Миллии Ҷумҳурии Беларус оид ба амнияти миллӣ, Раиси Комиссияи Ассамблеяи Парлумонии Иттиҳоди Беларус ва Россия оид ба амният, мудофиа ва мубориза бо ҷинояткорӣ  Олег Белоконев.

Ба гуфтаи намояндагони Миссияи мушоҳидон аз кишварҳои аъзои  ИДМ, овоздиҳӣ дар интихоботи президентии Тоҷикистон дар фазои ором ва бо иштироки фаъоли интихобкунандагон гузашт.Тавре Олег Белоконев зимни нишасти хабарӣ гуфт, дар рӯзи интихобот намояндагони Миссияи мушоҳидони ИДМ аз 487 участкаи интихоботӣ дидан карданд.Гуфта шуд, ки намояндагони Миссия ҳангоми ҳисобкунии овозҳо низ ҳузур доштанд. Тамоми расмиёт тибқи қонунҳо амалӣ карда мешуд.

«Нозирони Иттиҳод ягон қонуншикание сабт накардаанд, ки ба натиҷаҳои интихобот таъсир расонад. Намояндагӣ чунин мешуморад, ки комиссияҳои интихоботии ҳама сатҳҳо бо кумаки мақомот баргузории интихоботро дар сатҳи баланди касбии ташкилӣ таъмин намуданд», — зикр гардид имрӯз зимни нишасти матбуотӣ аз ҷониби намояндагони Миссияи мушоҳидон аз кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил.

Ба гуфтаи Олег Белоконев, ситоди Миссия иттилоотро дар бораи қабули шикоятҳо ва изҳорот вобаста ба вайронкунии қонун баррасӣ кардааст. Тибқи маълумоти пешниҳодкардаи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон, то 10 октябр ба он 2 муроҷиатнома ворид шудааст, ки ба изҳоркунандагони он тавзеҳи зарурӣ дода шудааст.

«Дар давраи омодагӣ ба интихоботи президентии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақормоти Прокуратура аз номи ҳизбҳои сиёсӣ, ташкилоти ҷамъиятӣ ва шаҳрвандон ягон шикоят ё изҳорот нарасидааст. Тибқи иттилои ВКД, мақомоти корҳои дохилӣ ягон қонуншикании марбут ба маъракаи интихоботро ба қайд нагирифтаанд. Ғайр аз ин, тибқи маълумоти Суди Олии ҷумҳурӣ, ҳеҷ шикояте дар робита ба интихоботи президентӣ вуҷуд надорад», — гуфт Олег Белоконев.

Ёдовар мешавем, ки дар ҳайати Миссия 98 нафар мушоҳидон аз Ҷумҳурии Озарбойҷон, Ҷумҳурии Беларус, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Қирғизистон, Ҷумҳурии Молдова, Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои аъзои ИДМ, Ассамблеяи Парлумонии Иттифоқи Беларус ва Россия, инчунин Кумитаи Иҷроияи ИДМ аккредитатсия шуда буданд. Дар байни онҳо вакилони парлумонҳои миллӣ, намояндагони корпуси дипломатӣ ва комиссияҳои интихоботии кишварҳои узви Иттиҳод ҳастанд.

Октябрь 12, 2020 15:30

Хабарҳои дигари ин бахш

35 тавсифи пурарзиши Президенти Тоҷикистон дар ситоиши Истиқлолияти давлатӣ
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ САОДАТ ВА АСОЛАТИ МИЛЛАТ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
НУРИ ХУРШЕДИ ИСТИҚЛОЛ ТО АБАД РАВШАНГАРИ ҲАЁТИ ҶОМЕАИ МО БОД! Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛУ ОЗОДӢ — РАМЗИ ВОҚЕИИ ИФТИХОР АЗ ВАТАНУ ВАТАНДӮСТӢ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — МАРҲАЛАИ СИФАТАН НАВИ РУШДИ ТОҶИКИСТОН. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ БАРҶАСТАИ ПОЙДОРИИ ДАВЛАТ. Андешаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба Истиқлолияти давлатӣ
ҶОИЗАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОҲАИ ОБ–ВАСИЛАИ ТАҲКИМИ ДИПЛОМАТИЯИ ОБ ДАР ҶАҲОН. Андешаҳо дар ин маврид
ТИРГОН ШЕБУ ФАРОЗИ САДСОЛАҲОРО ГУЗАШТА, ТО БА РӮЗГОРИ МО РАСИДААСТ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон ба муносибати ин ҷашн
Соли 2027 дар Тоҷикистон Конфронси байналмилалӣ доир ба Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда баргузор мешавад
Фиристодаи махсуси СММ: «Давлатҳо бояд сиёсатҳо ва амалҳоро тағйир дода, сармоягузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳоро дар соҳаи идораи захираҳои обӣ ба роҳ монанд»
Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об таъсис дода шуд
Сарвазири Бурунди: «Тоҷикистон ба маркази муколамаи глобалӣ оид ба масъалаҳои об табдил ёфтааст»