Хонандагони Хуҷанд дар Олимпиадаи байналхалқӣ аз фанни математика соҳиби 2 медали тилло, 3 нуқра ва 1 биринҷӣ шуданд

Октябрь 28, 2020 10:35

ДУШАНБЕ, 28.10.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар олимпиадаи байналхалқии фосилавӣ, ки  аз фанни математика бо забони англисӣ  дар Тайланд баргузор гардид,  1600 нафар довталаб аз 70 кишвари олам иштирок намуданд. Дар қатори онҳо шаш нафар хонандаи фаъоли Муассисаи давлатии таълимии «Литсей барои хонандагони болаёқат» дар шаҳри Хуҷанд низ ширкат варзида, соҳиби ду медали тилло, се нуқра ва як биринҷӣ гардиданд.

Тавре аз маркази матбуоти Раиси шаҳри Хуҷанд ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, хонандагони муассиса  пас аз даври интихобии озмун ба даври ниҳоӣ роҳхат гирифта, дар ин давр тариқи онлайн  аз худ маҳорати баланд нишон дода, соҳиби мақоми ифтихорӣ гардиданд. Дар натиҷа хонандагони синфи 4-ум Абубакр Абулқосимов ва Юсуфҷон Турсунзода соҳиби медали тилло, хонандагони синфи 7-ум Меъроҷ Собирзода, Мирзоибодулло Абдуқодиров ва Анӯшервон Каримов соҳиби медали нуқра ва хонандаи синфи 8-уми муассиса Исматҷон Шамсиев соҳиби медали биринҷӣ гардиданд.

Ғолибон бо диплом, медал ва Ҷоми олимпиадаи байналмилалӣ қадрдонӣ гардиданд.

Ёдовар мешавем, ки Олимпиадаи байналмилалии математика ва робототехника таҳти унвони «International Math Challange» ҳамасола дар кишвари Тайланд аз ҷониби Мактаби байналмилалии Осиё ва Донишгоҳи байналмилалии Рангсити кишвари Тайланд баргузор карда мешавад.

Хонандагони болаёқати Тоҷикистон ҳамасола дар қатори 90 кишвари аъзои ин олимпиадаи сатҳи ҷаҳонӣ иштироки фаъолона менамоянд. Имсол бо сабаби хуруҷи бемории сироятии коронавирус олимпиадаи мазкур тариқи онлайн фосилавӣ баргузор гардид.

 

Октябрь 28, 2020 10:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид