Имрӯз бозии сеюми силсилаи ниҳоии Лигаи касбии футзали Тоҷикистон-2020 баргузор мешавад
ДУШАНБЕ, 24.10.2020 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар маҷмааи варзишии Кумитаи андози Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Душанбе, бозии сеюми силсилаи ниҳоии Лигаи касбии футзали Тоҷикистон-2020 байни «Соро компания»-и шаҳри Душанбе ва «Сипар»-и шаҳри Хуҷанд баргузор мешавад.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, бозӣ соати 18:00 оғоз мегардад. Пахши мустақими бозиро дар шабакаи телевизионии «Варзиш», инчунин дар Интернет дар платформаи MycujooTV ва вебсайти расмии Федератсияи футболи Тоҷикистон тамошо кардан мумкин аст.
Ёдовар мешавем, ки бозии аввали дастаҳо бо ҳисоби мусовӣ (1:1) анҷом ёфт, вале дар задани силсилаи зарбаҳои ёздаҳметра бахти дастаи футзали «Сипар»-и шаҳри Хуҷанд омад карду бо ҳисоби 4:3 ғолиб омад. Дар бозии дуюм дастаи «Сипар» бо ҳисоби 6:2 бар дастаи «Соро компания»-и шаҳри Душанбе ғалаба кард. Ҳарду бозии аввал дар шаҳри Хуҷанд баргузор шуданд. Ҳамин тариқ, дастаи футзали «Сипар»-и шаҳри Хуҷанд дар силсилаи бозиҳо бо ҳисоби 2:0 пешсаф аст ва пас аз як ғалабаи дигар аввалин бор чемпион хоҳад шуд.
АКС аз ФФТ








Мутахассиси беларусӣ ба ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ҳамроҳ шуд
ФЕСТИВАЛИ БОЗИҲОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШӢ. Дар он зиёда аз 50 намуд бозиҳои миллӣ намоиш дода мешаванд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол машқҳои дастҷамъиро дар Душанбе оғоз кард
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
БОЗИҲОИ 20-УМИ ОСИЁ. Шаҳрҳои Нагая ва Аичии Ҷопон ин бозиҳоро мизбонӣ мекунанд
Субҳиддин Халилзода соҳиби Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) гардид
Ҷашни Наврӯз дар аҳди бостон бо мусобиқаи камонварӣ оғоз мегардид
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мегардад
БОЗИҲОИ СОҲИЛИИ ОСИЁ-2026. Шаҳри Саняи Чин мизбони бозиҳо мегардад
Дастаи олимпии то 23-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон иштирок менамояд
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои бозии ниҳоӣ бо дастаи яккачини Филиппин муайян шуд
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА ГӮШТИНИ ҶУДО. Дар он 13 варзишгари Тоҷикистон иштирок менамоянд






