ИМРӮЗ – РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ АДЛИЯ. Ин ниҳод дар сафи пеши ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои асосии инсон ва шаҳрванд, ҳимояи қонуният ва адолат қарор дорад

Октябрь 11, 2020 11:02

ДУШАНБЕ, 11.10.2020 /АМИТ «Ховар»/. Ҳамасола якшанбеи дуюми моҳи октябр тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи рӯзҳои ид дар мамлакат Рӯзи мақомоти адлия ҷашн гирифта мешавад. Таҷлили ин рӯз имсол ба 11 октябр рост омад.

Мақомоти адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сафи пеши ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои асосии инсон ва шаҳрванд, ҳимояи қонуният ва адолат қарор дошта, роҳу пайраҳаи пурпечутоби ҳаёти сиёсии Тоҷикистонро тай намуда, барои устувор гардидани пояҳои ҳуқуқии мақомоти давлатӣ, ташаккул ёфтани низоми ҳуқуқии ҷумҳурӣ, ба талаботи ҷомеаи ҷаҳонӣ мутобиқ шудани он саъю кӯшиши зиёд ба харҷ додаст, ки ин анъанаи корӣ то имрӯз давом дошта ва идома  хоҳад ёфт.

Дар давраи фаъолият мақомоти мазкур барои барқарор намудани адолат, таъмини ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шаҳрвандон ва тарғибу ташвиқи ҳуқуқӣ корҳои муайян ба сомон расонида, мавқеъ ва нақши худро дар низоми идоракунии давлатӣ мушаххас намудааст.  Мақомоти адлия дар шакли имрӯза таърихи басо ибратомӯз дорад.

Тавре аз Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, таъсиси мақомоти адлияи навини тоҷикон дар замон ва даврае ба вуқӯъ пайваст, ки Тоҷикистон давраи душвори таърихиро паси сар карда, барои арзи ҳастӣ намудани худ мубориза мебурд. Ҳаракати пантуркистон ва босмачиҳо имкон намедод, ки мақомоти давлатӣ фаъолияти худро ба таври мӯътадил ва дахлдор ба роҳ монда, амалишавии ҳокимияти давлатии қонуниро таъмин намояд. Дар баробари ин, ба намояндагони ҳокимияти давлатӣ зарур меомад фаъолияти худро дар ду ҷабҳа — ҷабҳае, ки бар зидди ҳаракати босмачигарӣ равона гардида буд ва ҷабҳае, ки барои барқарор намудани ҳокимияти давлатӣ ва таъмини амнияти шаҳрвандон равона гардидааст, амалӣ созанд. Аз ин ҷо, мақомоти адлия аз рӯзҳои аввали таъсис ва фаъолияти худ дар сафи пеши барқарорсозандагони адолат қарор дошта, дар ин самт қадамҳои устувор мегузошт.

Нақш ва мавқеи хоссаи Вазорати адлия баъд аз Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон боз ҳам тақвият ёфт ва махсусан дар солҳои ноороми ҷумҳурӣ ин мақомот сарфи назар аз ҳама мушкилиҳову кӯшишҳо тавонист адолати иҷтимоиро ҳифз карда, алайҳи ҳама кӯшишҳои муғризона истодагарӣ намояд.

Фаъолияти мақомоти адлия аз рӯи мазмун ва моҳияти худ фаъолияти давлатӣ ба шумор рафта, дар доираи салоҳияти он ба амал бароварда мешавад. Ин фаъолият маҳз дар солҳои истиқлоли давлатӣ ба даст овардани Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳаматарафа инкишоф ёфт ва барои бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ асос гузошт.

Яке аз комёбиҳои бузургтарини даврони соҳибистиқлолӣ дар соҳаи танзими ҳуқуқӣ- ин қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки бо роҳи раъйпурсиии умумихалқӣ 6 ноябри соли 1994 қабул гардида, ғояҳои пешқадами ҷамъиятиву сиёсӣ, таҷзияи ҳокимияти давлатӣ, таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, гуногунандешии сиёсиву идеологиро дар худ таҷассум намуд.

Қабул шудани Конститутсияи давлати мустақили Тоҷикистон, ки воридкунандаи андеша, афкор, арзиш ва усули комилан нави давлатдорию ҳуқуқэҷодкунӣ мебошад, бори аввал дар таърихи ҳуқуқэҷодкунии мамлакат зарурати қабули як силсила қонунҳои конститутсиониро пешбинӣ намуд. Таҳия ва қабули кодексҳои гражданӣ, меҳнат, манзил, ҷиноятӣ, андоз, гумрук ва ғайра, ки поясутуни соҳаҳои ҳуқуқи марбута мебошанд, дар мазмуну муҳтавиёти хеш тамоми андешаҳои ҳуқуқи муосирро, ки онҳо аз умқи таърихи афкори мутараққии башар илҳом мегиранд, инъикос намудааст. Дар таҳия ва қабули ҳамаи санадҳои мазкур Вазорати адлия саҳми бевосита дорад.

Хусусияти хосси фаъолияти мақомоти адлия дар он зоҳир мегардад, ки он дар баробари мақомоти судӣ ба амалисозӣ ва таъмини адолат сару кор дошта, мутобиқати санадҳои меъёрии ҳуқуқиро ба қонунгузории амалкунанда таъмин менамояд ва бо ин роҳ ҳуқуқу манфиатҳои қонунии инсон ва шаҳрвандро таҳти ҳимоя қарор медиҳад.

Дар ин раванд на танҳо ҳуқуқу манфиатҳои қонунии инсон ва шаҳрванд, ҳамчунин сохти ҷамъиятию давлатӣ, тамоми шаклҳои моликият, ҳуқуқу озодиҳои сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, дигар ҳуқуқ ва манфиатҳои шахсӣ ва молу мулкии шаҳрвандон, ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии корхонаву муассисаҳо ва ташкилоти дорои шаклҳои гуногуни моликият низ ҳифз карда мешаванд.

Мавриди зикр аст, ки пешбурди фаъолияти тарғибу ташвиқи ҳуқуқӣ, меъёрэҷодкунӣ, ёрии ҳуқуқӣ ба шаҳрвандон, иҷрои ҷазои ҷиноятӣ, экспертизаи судӣ ва криминалистӣ ҳадди ниҳоии доираи фаъолияти мақомоти адлия набуда, мутобиқи Низомномаи Вазорати адлия, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006 тасдиқ гардидааст, вазифаҳои таъмини ҳуқуқии фаъолияти меъёрэҷодкунии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба қайди давлатӣ гирифтани иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ҳизбҳои сиёсӣ, сабти давлатии санадҳои хислати умумиҳатмидоштаи вазорату идораҳои давлатӣ, расонидани ёрии ҳуқуқӣ ба шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқиро ба амал мебарорад. Аз ин ҷо Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ба тартиб даровардани қонунгузории Тоҷикистон дастурҳо дода, ба мақомоти давлатӣ ҷиҳати ба амал баровардани фаъолияти тарғибу ташвиқи ҳуқуқӣ ёрии амалӣ мерасонад.

Дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон доираи фаъолият ва салоҳияти Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон такмил ёфта, он ба яке аз мақомоти давлатии калидӣ дар таҳкими ислоҳоти ҳуқуқӣ ва таъмини сиёсати ҳуқуқии давлат табдил ёфтааст. Маҳз истиқлол дар фаъолияти низоми адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳифаҳои нав боз намуд.

Имрӯз мақомоти адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иқтидори тахассусӣ ва маънавӣ имконияти воқеӣ дорад, ки сиёсати ҳуқуқии давлатро бо мақсади бунёди давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд самаранок пеш барад ва ба ин восита ҳуқуқу озодӣ ва манфиатҳои қонунии ҳар шаҳрванд ҳаматарафа ҳифз карда шавад.

Мавҷуда АНВАРӢ,
 АМИТ «Ховар»

Октябрь 11, 2020 11:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Тоҷикистон: «Ҷашни Наврӯз ва истиқлолу озодӣ – ин ду мафҳуми барои ҳар яки мо азизу муқаддас аст»
«КАЪБА ЧӢ МЕРАВӢ, ДИЛЕРО ДАРЁБ…». Андешаҳо дар ҳошияи мулоқоти Президенти Тоҷикистон бо фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин
Пешвои миллат: «Боиси ифтихор аст, ки Наврӯз – калимаи асили тоҷикӣ, яъне «рӯзи нав» ҳоло барои миллионҳо аҳолии сайёра ҳамчун рӯзи ҷашни фархунда вирди забон аст»
Эмомалӣ Раҳмон: «Наврӯз аз ҷумлаи бузургтарин ва маҳбубтарин ҷашнҳои тоҷикон мебошад»
СИЁСИШАВИИ ДИН — ХАТАР БА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ ВА СУБОТИ ҶОМЕА. Андешаҳои профессор Нозим Маҳмадизода дар ин мавзуъ
Президенти Тоҷикистон: «Бо назардошти шароити замона анъанаи неки гузаштагон – сарфаю сариштакориро бояд риоя намоем»
Сулаймон Талбакзода: «Дарси хештаншиносӣ ва хизмат ба халқу Ватанро аз Пешвои миллат бояд омӯзем»
Президенти Тоҷикистон: «Мушкилоти таъмини аҳолии сайёра бо озуқаворӣ моро водор менамояд, ки ҳар қитъа заминро оқилонаву самаранок истифода барем»
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон: «Ойинҳои наврӯзӣ аҳли башарро ба таҳаммулгароӣ, бунёдкориву созандагӣ ҳидоят менамоянд»
Пешвои миллат: «Дар шароити кунунӣ зарур аст, ки ба кишти такрорӣ, гирифтани се – чор ҳосил аз заминҳои обӣ эътибори аввалиндараҷа дода шавад»
Наврӯз дар баробари забони тоҷикӣ бунёди худшиносии тоҷиконро низ ташаккул додааст
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон: «Мақому ҷойгоҳи Наврӯз он қадар баланд буд, ки ҳеҷ монеа ва қуввае онро натавонист аз байн барад»