ИМРӮЗ – РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ ДАСТОНИ ТОЗА. Дуруст шустани дастҳо инсонро аз бемориҳои сироятӣ эмин нигоҳ медорад

Октябрь 15, 2020 08:18

ДУШАНБЕ, 15.10.2020 /АМИТ «Ховар»/. Шурӯъ аз соли 2008 ҳамасола 15 октябр Рӯзи умумиҷаҳонии тастони тоза ҷашн гирифта мешавад. Ин рӯз аз ҷониби Бунёди кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид  эълон шуда, бори аввал дар доираи Соли беҳдошт баргузор  гардид, ки  он вақт аз 70 кишвар 120 миллион кӯдакон дар саросари ҷаҳон дастҳои худро бо собун шустанд.

Тавре мутахассиси Маркази ҷумҳуриявии  «Ташаккули тарзи ҳаёти солим»-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Бахтовар КОМЁРОВ зимни суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» Холисаи АСОМИДДИН иброз дошт, ҳадаф аз таҷлил намудани рӯзи мазкур ҷалби таваҷҷуҳи аҳолӣ ба зарурати ин талабот, яъне шустани дастон мебошад. Зеро бо ин роҳ метавон худро аз ҳар гуна бемориҳо эмин нигоҳ дошт. Ҳамчунин таҷлили ин рӯз метавонад волидонро водор созад, ки ба фарзандони худ дар бораи дуруст шустани дастон ва риояи тозагии  шахсӣ нақл кунанд.

«Ҳарчанд ки масъалаи шустани дастон кори шахсии ҳар нафар аст, вале бо ин роҳ метавон сатҳи гирифторӣ ба ҳар гуна бемориҳо, аз ҷумла коронавирусро паст кард. Тавре мутахассисони Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ  зикр карданд, нашустани дастон  дар миқёси ҷаҳонӣ оқибатҳои фалокатбор дорад. Зеро тавассути дастҳои ношуста микроорганизмҳои ҳар гуна беморӣ, аз қабили вабо, пневмонияи вирусӣ, гепатит ва зуком ба организм ворид шуда, шахсро сироят мекунанд»,- мегӯяд Бахтовар Комёров.

Ба зикри номбурда, имрӯз бемории сироятии коронавируси нави COVID-19 дар тамоми ҷаҳон доман паҳн карда, то ҳол роҳи ҳалли худро наёфтааст. Ин  бори дигар моро ҳушдор медиҳад, ки қоидаҳои беҳдоштиро риоя намуда, аз ҷумла ба дуруст шустани дастон диққати махсус диҳем. Мутахассисони соҳаи тиб тавсия медиҳанд, ки мунтазам шустани дастон яке аз воситаҳои хуби бартараф кардани коронавирус аст. Шустушӯи  дастҳоро набояд зуд анҷом дод. Тибқи маълумоти Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ, бояд шустушӯи дастон на кам аз 40-60 сония бошад.

Бояд гуфт, ки бемориҳои сироятии меъдаву рӯда ҳангоми ифлосии дастон тавассути ғизо хӯрдан мегузаранд. Аз ин рӯ шустани дастон то 60-70 фоиз метавонад инсонро аз гирифторӣ ба бемориҳои меъдаву рӯда эмин нигоҳ дорад.

Имрӯзҳо баҳри пешгирӣ намудани аҳолии мамлакат аз ҳар гуна бемориҳои сироятӣ мутахассисони Маркази ҷумҳуриявии  “Ташаккули тарзи ҳаёти солим” сафарбар шуда, ҷиҳати риояи гигиенаи шахсӣ миёни аҳолӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ мегузаронанд ва варақаҳои  иттилоотӣ тақсим мекунанд.

Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ дар мавриди дуруст шустани дастон чунин тавсия додааст:

  1. Дастонро бо об нарм кунед.
  2. Ба таври кифоя собуни моеъро ба кафи даст гирифта, ба тамоми сатҳи панҷаҳо молиш диҳед.
  3. Кафи як дастро ба кафи дасти дигар гузошта, молиш диҳед.
  4. Бо қафи дасти рост панҷаи дасти чапро молида,  ҳамин амалро бо  қафи дасти чап дар дасти рост иҷро кунед.
  5. Ангуштони дасти ростро аз байни ангуштони дасти чап гузаронида, кафҳои дастонро молиш диҳед.
  6. Ангушти як дастро дар ҳолати нимқад бо ангуштони дасти дигар пайваст карда, болову поён фишор диҳед.
  7. Ангушти калони дасти чапро бо чор ангушти дасти рост дошта, пешу қафо молиш диҳед ва ҳамин амалро дар дасти чап анҷом диҳед.
  8. Бо ҳаракатҳои даврӣ ба самти пеш ва қафо бо ангуштони нимқати дасти рост кафи дасти чапро молиш диҳед ва ҳамин амалро дар дасти дигар иҷро намоед.
  9. Дастонро тоза шӯед!
  10. Дастонро бо сачоқи яккарата хушк намоед.

Беҳуда нагуфтаанд, ки дастони тоза ҳаётро наҷот медиҳанд. Тибқи маълумоти ҷаҳонӣ, дасти ифлос яке аз омилҳои асосии фавти кӯдакон дар Осиё ва Африка мебошад. Зеро шустушӯи номунтазами даст метавонад сабаби бемориҳои гуногуни замбурӯғӣ гардад. Ба иттилои ЮНИСЕФ, ҳар рӯз панҷ ҳазор кӯдак аз дарунравӣ мемиранд, ки онро «бемории дастҳои ифлос» низ меноманд. Бино ба пешниҳоди ЮНИСЕФ, агар ин кӯдакон пеш аз истеъмоли хӯрок ва баъд аз ҳоҷатхона дастҳои худро бо собун бодиққат шӯянд, нисфи зиёди шумораи фавтро пешгирӣ кардан мумкин аст.

Аз ин рӯ, тартиби одии гигиенӣ, ба монанди шустани дастҳо метавонад ҳазорҳо кӯдаконро аз гирифторӣ ба беморӣ ва фавт аз он наҷот диҳад. Шустани дастон на танҳо роҳи пешгирӣ аз сироят ба вирусҳо  мебошад, балки ҳаёти одамонро бароҳат, гуворо ва бехатар мегардонад.

Октябрь 15, 2020 08:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Чанд андеша дар ҳошияи сафари расмии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Аврупо
ШАРИКИИ СТРАТЕГӢ ТАҚВИЯТ МЕЁБАД. Яке аз самтҳои муҳиму афзалиятноки сиёсати хориҷии Тоҷикистонро ҳамсоягии нек бо давлатҳои минтақа ташкил медиҳад
Шавкат Мирзиёев: «Узбекистон минбаъд низ кӯшишҳои самимонаи мардуми шарафманд ва меҳнатдӯсти тоҷикро дастгирӣ менамояд»
Шавкат Мирзиёев: «Узбекистон минбаъд низ дар паҳлуи Тоҷикистон меистад»
ТАШАККУЛИ МАКТАБИ ЗЕҲНГАРОЁНАИ ИДОРАКУНӢ ДАР СИЁСАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Мулоҳизаҳои докторони илми фалсафа Хайриддин Усмонзода ва Саидмурод Фаттоҳзода
Президенти Тоҷикистон: «Сарфакорона истифода бурдани обу неруи барқро дар тамоми фаслҳои сол, ҳатто дар тобистон қатъиян таъмин намоем»
Президенти Тоҷикистон: «Бояд ҳамеша сарҷамъ ва дар зери парчами миллиамон муттаҳид бошем»
ХАЙРУ САДАҚОТ – СУННАТИ НЕК. Андешаҳои вакили Маҷлиси намояндагон Файзулло Баротзода дар ин мавзуъ
Эмомалӣ Раҳмон: «Ба ҷойи намоишкориву исрофкорӣ мо бояд кӯшиш кунем, ки барои таълиму тарбияи фарзандонамон шароити беҳтарин муҳайё созем»
Сарвари давлат сокинони Тоҷикистонро ба роҳ надодан ба зиёдаравию исрофкорӣ ва намоишкориву риёкорӣ даъват намуданд
Эмомалӣ Раҳмон: «Анҷом додани хайру садақот ва саховат кардан анъана ва суннати нек мебошад»
МУҲАББАТ БА ВАТАН АЗ ИМОН АСТ. Андешаҳои раиси Шурои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзода