ИМРӮЗ – РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ МЕЪМОРӢ. Дар Тоҷикистон теъдоди биноҳои боҳашамати дар минтақа беназир меафзояд

Октябрь 5, 2020 09:04

ДУШАНБЕ, 05.10.2020 /АМИТ «Ховар»/. Мувофиқи қарори Иттиҳоди байналмилалии меъморон аз соли 1985 инҷониб ҳамасола душанбеи аввали моҳи октябр дар саросари олам  Рӯзи умумиҷаҳонии меъморӣ таҷлил мегардад. Имсол он ба 5 октябр рост омад.  

Зимни суҳбат Раиси Кумитаи меъморӣ ва  сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  Ҷамшед Аҳмадзода гуфт, ки  «имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шарофати сиёсати созандаи давлату ҳукумати мамлакат ва мардуми шарифи Тоҷикистон ба дастовардҳои арзанда дар соҳаи меъморӣ ва шаҳрсозӣ расидааст. Аз ҷумла, дар шаҳри Душанбе корҳои созандагиву бунёдкорӣ дар авҷ буда, дар ин радиф иншооти меъмории боҳашамату нотакрор, ба монанди бинои Қасри миллат, Кохи Наврӯз, Китобхонаи миллӣ, Осорхонаи миллӣ, Нишону Парчами давлатӣ қомат афрохтаанд, ки барои мардуми ҷумҳурӣ  дар пешравӣ, ташаккул ва худшиносии миллӣ аҳамияти бузурги таърихӣ дошта, барои сайёҳон ҷойҳои тамошобоб ба ҳисоб мераванд.

Чунончи, 21 июли соли 2020 бо иштироки  Пешвои миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии  Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар шаҳри Душанбе Қасри теннис ва маҷмааи варзиши обӣ дар майдони 10 гектар  ба истифода дода шуд, ки он дар Осиёи Марказӣ беҳамтост.  Дар бунёди маҷмаа ширкатҳои ватании “Стройкомплекс”, “Марв-Сохтмон”, “Абусалмон”, “Заводи асфалту бетон” ва “Нури Ҳамадон”, дар маҷмӯъ, мутахассисони варзидаи 15 ширкати ватанӣ ва 5 ширкати хориҷӣ саҳм гузоштанд. Дар маҷмааи варзишӣ беш аз 500 нафар сокинони маҳаллӣ ба корҳои сохтмону васлкунӣ ҷалб гардида, ҳамаи корҳо бо сифати баланд ба анҷом расонида шуданд. Баробари ба истифода додани маҷмааи мазкур беш аз 200 нафар  бо кори доимӣ таъмин гардиданд.

Маҷмааи варзишӣ аз қасри теннис барои зиёда аз 3 ҳазор ҷойи нишаст бо таваққуфгоҳи зеризаминӣ барои 300 воситаи нақлиёт, қасри намудҳои варзиши обӣ барои қариб дуюним ҳазор ҷойи нишаст, ҳавзи шиноварии кушода бо 300 ҷойи нишаст ва 27 лифт иборатаст. Ҳамчунин дар шафати он 8 майдони тенниси кушод, ки яке аз онҳо дорои ҳазор ҷойи нишаст мебошад, сохта шудааст. Яке аз иншооти калони маҷмаа Қасри намудҳои варзиши обӣ мебошад, ки дар масоҳати зиёда аз 20 ҳазор метри мураббаъ бунёд гардида, аз 3 ошёна иборат аст. Қаср дорои қариб дуюним ҳазор ҷойи нишаст барои тамошобинон мебошад.

Дар ошёнаи якум 4 ҳавзи шиноварӣ, аз ҷумла ҳавзҳо барои ҷаҳиш ба об, шиноварӣ, машқҳои аква — аэробика — рақси обӣ ва ватерполо ҷойгир буда, ҳамаи онҳо мувофиқ ба талаботи меъёрҳои ҷаҳонӣ бунёд гардидаанд.

Ҳавзи шиноварии болокушода низ мувофиқ ба талаботи муосир бунёд ёфта, дар он ҳамаи шароити зарурӣ муҳайё карда шудааст. Лоиҳаи маҷмаа бо Федератсияи байналмилалии намудҳои варзиши обӣ мувофиқа гардидааст. Маҷмааи нави варзиш ба талаботи байналмилалӣ ҷавобгӯ мебошад, дар он имкони баргузории мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ, минтақавӣ ва ҷаҳонӣ пайдо гардид.

Дигар иншооти муҳиме, ки дар маркази пойтахт сохтмонаш идома дорад, майдони “Истиқлол” мебошад, ки масоҳати умумии он  30 гектар буда, аз ҷумла 2,7 гектарашро макони баргузории чорабиниҳои сиёсӣ ташкил медиҳад.  Он дар ҳудуди хиёбони Рӯдакӣ, кӯчаҳои Саид Носир, Ҳабиб Аҳрорӣ ва Ойгули пойтахт воқеъ мебошад. Ин иншооти муҳташам аз минбар, дарвозаи марказӣ ва дарвозаҳои шимолию ҷанубӣ, фаввораҳо, шаршара, деворнигора, айвончаҳо, майдони баргузории роҳпаймоиҳо, гулгашт, ҳавзҳои декоративӣ бо наҳрҳо, таваққуфгоҳҳо ва ғайра иборат мебошад. Баландии рамзи Истиқлол, ки дар маркази майдон ҷойгир мешавад, 121 метр буда, қисми поёнии он 30 метр ва қисми болоиаш 91 метрро ташкил медиҳад. Он рамзи 30-солагии Истиқлол ва соли 1991-уми асри гузашта ба даст овардани Истиқлолро ифода менамояд.

Майдони “Истиқлол” бо маҷмааи меъмории рамзи “Истиқлол ва Озодӣ”- муҳташамтарин иншооти асосии ҷашнӣ дар мамлакат маҳсуб мешавад, ки бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе тибқи нақша мавриди истифода қарор дода мешавад.

Дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2009 Кумитаи меъморӣ ва сохтмон ҳамчун фармоишгари формалии “Масҷиди калон дар шаҳри Душанбе” муқаррар гардидааст. Корҳои сохтмонӣ дар иншоот пурра ба анҷом расида, санади комиссияи давлатии қабули иншоот бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 майи соли 2020 тасдиқ карда шудааст. Айни замон иншооти «Масҷиди калон дар шаҳри Душанбе» аз тавозуни Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тавозуни Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шудааст.

Дастгирию ғамхориҳои Пешвои миллат ва давлату ҳукумат  ҷиҳати пешрафти соҳаи меъморӣ ва сохтмон пайваста эҳсос мегарданд. Дар ҳар  ҷашну чорабиниҳои ҷумҳуриявӣ аз ҷониби Сарвари давлат гузоштани хишти аввал ба таҳкурсии бино ё қабулу баистифодадиҳии иншооти нав ба ҳукми анъана даромадааст.

Ба андешаи Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастовардҳои зикршуда гувоҳи онанд, ки дар пойтахти Тоҷикистон-шаҳри Душанбе сохтмони манзил, меҳмонхонаҳо ва иншооти иҷтимоию фарҳангӣ васеъ ба роҳ монда шуда, дар муддати начандон тӯлонӣ намуди пойтахтамон дигаргун, зебо ва дилписанд гардидаааст.  Услуби якҷояи Аврупою ва меъмории миллӣ, ки дар сохтмони иншоот ва биноҳо истифода мешавад, шаҳри Душанберо ба пойтахти замонавию беназир мубаддал мегардонад ва ин маҳсули кори меъморони тоҷик мебошад.

Меъморони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар чорабиниҳои байналхалқии меъморӣ (конгрессҳои умумиҷаҳонии меъморон, симпозиумҳо, озмунҳои меъморӣ) фаъолона иштирок намуда, санъати меъмории миллии Тоҷикистонро шарафмандона муаррифӣ менамоянд.

Меъморон масъулияти касбии худро нисбат ба пешрафти соҳаи меъморӣ ва шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон хуб дарк намуда, ҳамарӯза барои амалӣ гардонидани вазифаи мазкур кӯшиш ба харҷ медиҳанд. Қобили зикр аст, ки меъморони ҷумҳурӣ дар корҳои лоиҳакашии сохтмони бинову иншооти ҷашнӣ ба муносибати 30 –солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолона ширкат намуда, барои боз ҳам зебо ва обод гардонидани Ватани азизамон саҳми босазо гузошта истодаанд.

Нарзулло АЛИЗОДА,
АМИТ «Ховар»

Октябрь 5, 2020 09:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Чанд андеша дар ҳошияи сафари расмии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Аврупо
ШАРИКИИ СТРАТЕГӢ ТАҚВИЯТ МЕЁБАД. Яке аз самтҳои муҳиму афзалиятноки сиёсати хориҷии Тоҷикистонро ҳамсоягии нек бо давлатҳои минтақа ташкил медиҳад
Шавкат Мирзиёев: «Узбекистон минбаъд низ кӯшишҳои самимонаи мардуми шарафманд ва меҳнатдӯсти тоҷикро дастгирӣ менамояд»
Шавкат Мирзиёев: «Узбекистон минбаъд низ дар паҳлуи Тоҷикистон меистад»
ТАШАККУЛИ МАКТАБИ ЗЕҲНГАРОЁНАИ ИДОРАКУНӢ ДАР СИЁСАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Мулоҳизаҳои докторони илми фалсафа Хайриддин Усмонзода ва Саидмурод Фаттоҳзода
Президенти Тоҷикистон: «Сарфакорона истифода бурдани обу неруи барқро дар тамоми фаслҳои сол, ҳатто дар тобистон қатъиян таъмин намоем»
Президенти Тоҷикистон: «Бояд ҳамеша сарҷамъ ва дар зери парчами миллиамон муттаҳид бошем»
ХАЙРУ САДАҚОТ – СУННАТИ НЕК. Андешаҳои вакили Маҷлиси намояндагон Файзулло Баротзода дар ин мавзуъ
Эмомалӣ Раҳмон: «Ба ҷойи намоишкориву исрофкорӣ мо бояд кӯшиш кунем, ки барои таълиму тарбияи фарзандонамон шароити беҳтарин муҳайё созем»
Сарвари давлат сокинони Тоҷикистонро ба роҳ надодан ба зиёдаравию исрофкорӣ ва намоишкориву риёкорӣ даъват намуданд
Эмомалӣ Раҳмон: «Анҷом додани хайру садақот ва саховат кардан анъана ва суннати нек мебошад»