Имрӯз «Равшан» бо «Ҳулбук», «Барқчӣ» бо «Саройкамар» ва «Ҳосилот» бо «Ваҳдат» рақобат мекунанд

Октябрь 10, 2020 09:55

ДУШАНБЕ, 10.10.2020 /АМИТ «Ховар»/. Бозиҳои даври бистуми мусобиқаи Лигаи аввали футболи Тоҷикистон дар варзишгоҳҳои мамлакат дар сатҳи баланд баргузор шуданд. Дар се бозӣ меҳмонон, дар ду вохӯрӣ мизбонон ғолиб шуда, як дидор   мусовӣ хотима ёфт. Мавзӯъро шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон шарҳ медиҳад.

Дастаи  футболи  «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб, ки ҳадди ақалл кафолати гирифтани медалҳои нуқра ва ҳаққи ширкат дар Лигаи олиро дар мавсими соли 2021 ба даст овардааст, 7 октябр дар даври бистум дар меҳмонӣ дастаи  футболи  «Ваҳдат»-и шаҳри Ваҳдатро бо ҳисоби  2:0 мағлуб намуд. Дастаи футболи  «Равшан», ки дар 19 бозӣ 48 имтиёз гирифтааст, дар ҷадвали мусобиқа дар зинаи аввал ҷойгир шудааст. Дастаи футболи «Эсхата»-и шаҳри Хуҷанд дар бозии даври гузашта дар меҳмонӣ дастаи футболи  «Исфара»-и шаҳри Исфараро бо ҳисоби 4:1 мағлуб кард. Дастаи  «Эсхата», ки 40 имтиёз дорад, дар ҷадвали мусобиқа мақоми дуюм касб намудааст. Ба  дастаи  «Эсхата» барои ба Лигаи олӣ баромадан дар се бозии боқимонда муқобили дастаҳои футболи «Шоҳмансур»-и шаҳри  Душанбе, «Ваҳдат»-и шаҳри Ваҳдат  ва «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб як имтиёз ба даст овардан кофист.

Дастаи футболи «Панҷшер»-и  ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, ки 35 имтиёз дорад, дар ҷадвали мусобиқа мақоми сеюмро аз они худ кардааст. Дастаи   «Панҷшер» дар даври сипаришуда дар меҳмонӣ аз дастаи футболи  «Равшан»-и Зафаробод бо ҳисоби 0:3 шикаст хӯрд.

Се  бозии дигари даври бистуми  мусобиқаи Лигаи аввали футболи  Тоҷикистон  бо чунин натиҷа хотима ёфтанд: дастаҳои футболи  «Шоҳмансур»-и шаҳри  Душанбе аз «Ҳосилот»-и  ноҳияи  Фархор бо ҳисоби   1:4, «Ҳулбук»-и ноҳияи  Восеъ бар «Барқчӣ»-и шаҳри Ҳисор бо натиҷаи  1:0 ва   «Саройкамар»-и ноҳияи   Панҷ  бо   «Моҳир»-и  ноҳияи  Ёвон бо  ҳисоби мусовӣ  2:2.

Бозиҳои даври 21-уми мусобиқаи Лигаи аввали футболи Тоҷикистон10-11-уми октябр баргузор мешаванд.

Мусобиқаи Лигаи аввали  футболи Тоҷикистон. Даври 20-ум

«Шоҳмансур» – «Ҳосилот» – 1:4

Голҳо: Хайрулло Азизов, 10 (0:1). Нурулло Маҳмудов, 31 – аз пеналтӣ (0:2). Комрон Салимов, 35 (0:3). Амриддин Раҳимов, 43 (1:3). Хайрулло Азизов, 77 (1:4).

Беҳтарин бозингари вохӯрӣ : Хайрулло Азизов («Ҳосилот»).

«Ваҳдат» – «Равшан» (Кӯлоб) – 0:2

Голҳо: Ҳасан Рустамов, 12 (0:1). Наврӯз Рустамов, 67 (0:2).

Беҳтарин бозингари дидор: Ҳасан Рустамов («Равшан», Кӯлоб).

«Ҳулбук» – «Барқчӣ» – 1:0

Гол: Аваз Камчинов, 45 – аз пеналтӣ.

 Беҳтарин бозингари  сабқат: Аваз Камчинов («Ҳулбук»).

«Саройкамар» – «Моҳир» – 2:2

Голҳо: Акмалҷон Авазов, 42 (1:0). Соҳибҷон Ваҳобов, 51 (2:0). Ҳоҷиакбар Холмуродов, 53 (2:1). Дилшод Тағоев, 86 (2:2).

Беҳтарин бозингари дидор: Баҳровар Ҳалимов («Моҳир»).

«Равшан» (Зафаробод) – «Панҷшер» – 3:0

Голҳо: Бахтиёр Зарипов, 19 (1:0). Бахтиёр Зарипов, 29 (2:0). Хурсандмурод Ҷумъаев, 43 – аз пеналтӣ (3:0).

Беҳтарин бозингари  рақобат: Бахтиёр Зарипов («Равшан», Зафаробод).

«Исфара» – «Эсхата» – 1:4

Голҳо: Ҷӯрабой Исоев, 13 (0:1). Мубинҷон Муъминов, 22 (0:2). Мубинҷон Муъминов, 35 – аз пеналтӣ (0:3). Ҷӯрабой Исоев, 68 (0:4). Суҳробҷон Сабуров, 76 (1:4).

Беҳтарин бозингари  вохӯрӣ : Мубинҷон Муъминов («Эсхата»).

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа

Ҷ ДАСТАҲО Б Ғ М Б Т И
1 «Равшан» (Кӯлоб) 19 16 0 3 68-31 48
2 «Эсхата» (Хуҷанд) 19 13 1 5 51-31 40
3 «Панҷшер» (Ҷалолиддини Балхӣ) 20 10 5 5 49-26 35
4 «Равшан» (Зафаробод) 20 10 5 5 41-25 35
5 «Ҳулбук» (Восеъ) 20 10 3 7 37-31 33
6 «Ҳосилот» (Фархор) 20 8 3 9 35-36 27
7 «Моҳир» (Ёвон) 20 8 3 9 46-60 27
8 «Ваҳдат» (Ваҳдат) 20 7 5 8 47-36 26
9 «Барқчӣ» (Ҳисор) 20 8 1 11 36-38 25
10 «Саройкамар» (Панҷ) 20 6 5 9 40-45 23
11 «Исфара» (Исфара) 20 6 1 13 29-50 19
12 «Шоҳмансур» (Душанбе) 20 0 2 18 13-83 2

 

Нишонзанҳо: Аваз Камчинов («Ҳулбук») – 26 тӯб, Мубинҷон Муъминов («Эсхата») – 20 тӯб, Баҳровар Ҳалимов («Моҳир») – 18-тӯбӣ.

Даври 21-ум

10 октябр (шанбе)

Оғози бозиҳо – соати 15:00

«Барқчӣ» – «Саройкамар»

«Равшан» (Кӯлоб) – «Ҳулбук»

«Ҳосилот» – «Ваҳдат»

11 октябр (якшанбе)

Оғози бозиҳо – соати 15:00

«Моҳир» – «Равшан» (Зафаробод)

«Эсхата» – «Шоҳмансур»

«Панҷшер» – «Исфара»

Октябрь 10, 2020 09:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футболи электронӣ нахустин маротиба дар мусобиқаи FIFAe Nations League иштирок мекунад
Дастаи миллии занонаи Тоҷикистон оид ба футбол бо тими Амороти Муттаҳидаи Арабӣ ду бозии дӯстона доир мекунад
Дастаи миллии занонаи Тоҷикистон оид ба футбол дар Душанбе ба машқҳои дастҷамъона фаро гирифта шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) дар Ҷопон дар мусобиқаи байналмилалӣ иштирок кард
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) оид ба футбол дар «Ҷоми рушд-2026» ҷойи панҷумро соҳиб гардид
Дастаҳои футболи Тоҷикистон бо дастурҳои навшудаи доварон барои мавсими 2026 шинос шуданд
Дар Душанбе оид ба ҳуқуқҳои байналмилалии футбол ва идоракунии бошгоҳҳо машғулият баргузор гардид
Дастаи «Ҳулбук»-и Восеъ ғолиби Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон-2026 шуд
ҶОМИ ФФТ-2026. Имрӯз бозии финалии дастаҳои «Барқчӣ»-и Ҳисор ва «Ҳулбук»-и Восеъ доир мегардад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар мусобиқаи «Ҷоми рушд-2026» иштирок мекунад
Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳаҷми зиёда аз 2 миллион сомонӣ ба варзишгарони муваффақ тақдим гардид
АРТИШИ МИЛЛӢ — КАФИЛИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ Рӯзи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистонро таҷлил намуданд