ИНТИХОБОТИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН-2020. То соати 09:00 як миллиону 23 ҳазору 430 нафар ё 20,70% интихобкунандагон дар интихобот ширкат варзиданд

Октябрь 11, 2020 09:11

ДУШАНБЕ, 11.10.2020. /АМИТ «Ховар»/. Аз соати 06:00 то соати 09:00 дар саросари мамлакат 1 млн 23 ҳазору 430 нафар ё 20,70% интихобкунандагон дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат варзида, ба номзадҳои арзандаи худ овоз доданд. Дар ин бора узви Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон (КМИР) Махфират ХИДИРЗОДА ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.

М. Хидирзода зикр намуд, ки дар ҳама участкаҳои интихоботӣ барои ба таври демократӣ, шаффоф ва ошкоро баргузор шудани интихобот шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст. Инчунин, тамоми чораҳои беҳдоштӣ бо мақсади пешгирии паҳншавии бемории каронавирус бо риояи тартиби муқаррарнамудаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ шуда истодаанд.

Дар ин лаҳзаҳо мардуми шарифи Тоҷикистон дар фазои озоду шаффофи интихоботӣ бо эътимод ба имрӯзу фардои дурахшони Ватани маҳбуб дар маъракаи муҳими сиёсӣ — интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қарзи шаҳрвандии худро иҷро намуда истодаанд.

Бино ба иттилои КМИР ҶТ, дар ҷумҳурӣ 68 ҳавзаи интихоботӣ ва 3375 участкаи интихоботӣ дар дохил ва 39 участкаи интихоботӣ дар хориҷи кишвар ташкил карда шуданд.

Шумораи интихобкунандагон 4 943 289 нафар ва шумораи онҳое, ки бори аввал овоз медиҳанд, 105 399 нафарро ташкил медиҳад.

Бо мақсади мушоҳидаи раванди интихобот дар Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ  15108   нафар мушоҳидони миллӣ,  1366 нафар намояндагони субъектҳое, ки  номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  пешбарӣ намудаанд, ба қайд гирифта шудаанд.

Бо мақсади мушоҳидаи раванди интихобот  аз кишварҳои хориҷи дуру наздик ва созмонҳои байналмилалию минтақавӣ мушоҳидони байналмилалӣ ташриф овардаанд. То имрўз дар КМИР 159 нафар мушоҳидони байналмилалӣ аз  Федератсияи Россия, Ҷумҳуриҳои Озарбойҷон, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, созмонҳои байналмилалию минтақавӣ, аз қабили Кумитаи иҷроияи  Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони ҳамкории Иқтисодӣ,   Созмони ҳамкории Шанхай,  Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи инсони Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо, Маҷлиси байнипарлумонии Россияву Беларус, сафоратхонаҳои  муқими Тоҷикистон, аз ҷумла Ҷумҳурии Халқии Хитой, Штатҳои Мутаҳидаи Америка, Ҷумҳурии Исломии Покистон, Япония, Федератсияи Россия, Британияи Кабир, Ҷумҳурии Федеративии Олмон, Туркманистон, Давлати Қатар, Ҷумҳурии Қирғизистон ва Украина аккредитатсия карда шудаанд.

Бо мақсади инъикоси раванди интихобот дар Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар умум 267 нафар намояндагони воситаҳои ахбори омма, аз ҷумла 37 нафар намояндагони воситаҳои ахбори хориҷӣ аккредитатсия карда шуданд.

Дар ҳавзаҳои интихоботӣ бошад, дар сатҳи ҷумҳурӣ 170 нафар намояндагони воситаҳои ахбори маҳаллӣ аккредитатсия карда шуданд.

Дар 29 давлати хориҷӣ 39 участкаи интихоботӣ таъсис дода шудааст. Дар Федератсияи Россия панҷ участкаи интихоботӣ, аз  ҷумла дар шаҳрҳои Москва, Санкт — Петербург, Екатеринбург, Уфа ва Новосибирск ташкил карда шуданд.

Участкаҳои интихоботӣ дар назди сафорат ва консулгарию намояндагиҳои Тоҷикистон дар шаҳрҳои номбурда ташкил карда шуда, ба  ҳавзаи интихоботии Шоҳмансур №3 вобаста карда шудаанд.

Октябрь 11, 2020 09:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Тоҷикистон: «Ҷашни Наврӯз ва истиқлолу озодӣ – ин ду мафҳуми барои ҳар яки мо азизу муқаддас аст»
«КАЪБА ЧӢ МЕРАВӢ, ДИЛЕРО ДАРЁБ…». Андешаҳо дар ҳошияи мулоқоти Президенти Тоҷикистон бо фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин
Пешвои миллат: «Боиси ифтихор аст, ки Наврӯз – калимаи асили тоҷикӣ, яъне «рӯзи нав» ҳоло барои миллионҳо аҳолии сайёра ҳамчун рӯзи ҷашни фархунда вирди забон аст»
Эмомалӣ Раҳмон: «Наврӯз аз ҷумлаи бузургтарин ва маҳбубтарин ҷашнҳои тоҷикон мебошад»
СИЁСИШАВИИ ДИН — ХАТАР БА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ ВА СУБОТИ ҶОМЕА. Андешаҳои профессор Нозим Маҳмадизода дар ин мавзуъ
Президенти Тоҷикистон: «Бо назардошти шароити замона анъанаи неки гузаштагон – сарфаю сариштакориро бояд риоя намоем»
Сулаймон Талбакзода: «Дарси хештаншиносӣ ва хизмат ба халқу Ватанро аз Пешвои миллат бояд омӯзем»
Президенти Тоҷикистон: «Мушкилоти таъмини аҳолии сайёра бо озуқаворӣ моро водор менамояд, ки ҳар қитъа заминро оқилонаву самаранок истифода барем»
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон: «Ойинҳои наврӯзӣ аҳли башарро ба таҳаммулгароӣ, бунёдкориву созандагӣ ҳидоят менамоянд»
Пешвои миллат: «Дар шароити кунунӣ зарур аст, ки ба кишти такрорӣ, гирифтани се – чор ҳосил аз заминҳои обӣ эътибори аввалиндараҷа дода шавад»
Наврӯз дар баробари забони тоҷикӣ бунёди худшиносии тоҷиконро низ ташаккул додааст
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон: «Мақому ҷойгоҳи Наврӯз он қадар баланд буд, ки ҳеҷ монеа ва қуввае онро натавонист аз байн барад»