«Истиқлол ва истилоҳшиносӣ: мушкилот ва дурнамо» — таҳти чунин унвон семинари ҷумҳуриявӣ баргузор мегардад
ДУШАНБЕ, 04.10.2020 /АМИТ «Ховар»/. «Истиқлол ва истилоҳшиносӣ: мушкилот ва дурнамо» — таҳти чунин унвон 5 октябри соли 2020, соати 10:00 дар толори Академияи ВАО бахшида ба таҷлили Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон семинари машваратии ҷумҳуриявӣ баргузор мегардад. Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» муовини Раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сахидод Раҳматуллозода иттилоъ дод.
Дар семинар масъалаҳои мубрами истилоҳнигорӣ ва рушди он дар таҳкими забони давлатӣ ҳаллу баррасӣ хоҳанд шуд, зеро масъалаи истилоҳнигорӣ замони ҷаҳонишавӣ ба яке аз масъалаҳои мубрами сиёсати давлатӣ дар соҳаи забони давлатӣ мубаддал гардидааст.
«Ҳарчанд дар замони истиқлол соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа бо истилоҳот таъмин шуда бошанд ҳам, он ба талаботи рӯзафзуни рушди истилоҳот ҷавобгӯ нест ва ҳалли масоили марбут ба истилоҳот ҳамоно мубрам боқӣ мемонад. Ин аст, ки Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ислоҳи вазъ ин масъаларо ҳамеша пайгирӣ менамояд», — зикр кард муовини Раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сахидод Раҳматуллозода.








Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад






