Комроншоҳи Устопириён ва Сомон Маҳмадбеков дар мусобиқаи «Гранд слам»-и Венгрия иштирок мекунанд

Октябрь 22, 2020 10:20

ДУШАНБЕ, 22.10.2020 /АМИТ «Ховар»/. Танҳо ду паҳлавони шинохтаи тоҷик-Комроншоҳи Устопириён ва Сомон Маҳмадбеков имкон пайдо намуданд, ки  Ҷумҳурии  Тоҷикистонро дар Мусобиқаи байналмилалии Гранд слам  ё «Тоскулоҳи бузург»-и шаҳри Будапешти Венгрия намояндагӣ  кунанд. Дар ин бора намояндаи расмии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Умаралӣ Сафаралӣ ба шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон хабар дод.

Мусобиқаи Гранд слами Венгрия  23-25 октябр дар шаҳри Будапешт баргузор мегардад.  Қаблан  сомонаҳои  варзишӣ хабар дода буданд, ки  аз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин мусобиқа 5 нафар паҳлавонони шинохта- Сомон Маҳмадбеков (-73кг), Акмал Муродов (-81кг), Комроншоҳ Устопириён (-90кг), Темур Раҳимов ва Шакармамад Мирмамадов (+100кг)   ширкат мекунанд. Аммо Акмал Муродов ва Темур Раҳимов натавонистанд сари вақт раводид дастрас кунанд, Беҳрӯзи Хоҷазода бо сабаби лат бардоштан наметавонад дар ин мусобиқа иштирок кунад.

Тибқи маълумоти сомонаи расмии Федератсияи байналмилалии дзюдо, дар мусобиқаи Гранд слами Будапешт 459 варзишгар аз 81 давлат   барои дарёфти роҳхати олимпӣ иштирок хоҳанд кард. Президенти Федератсияи байналмилалии дзюдо Мариус Визер баргузории мусобиқаи  Гранд сламро  рӯйдоди таърихӣ хондааст.

Чунин мусобиқаи рейтингӣ 11-13  декабр дар шаҳри Токиои Япония бо номи Tokyo Grand Slam 2020 доир мегардад.  Пас аз чанд моҳи маҳдудият ниҳоят ҷаҳон дари худро ба сӯи оянда боз мекунад ва варзиш барои оғози марҳилаи нав беҳтарин тадбир мебошад.

Октябрь 22, 2020 10:20

Хабарҳои дигари ин бахш

«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
БОЗИҲОИ 20-УМИ ОСИЁ. Шаҳрҳои Нагая ва Аичии Ҷопон ин бозиҳоро мизбонӣ мекунанд
Субҳиддин Халилзода соҳиби Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) гардид
Ҷашни Наврӯз дар аҳди бостон бо мусобиқаи камонварӣ оғоз мегардид
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мегардад
БОЗИҲОИ СОҲИЛИИ ОСИЁ-2026. Шаҳри Саняи Чин мизбони бозиҳо мегардад
Дастаи олимпии то 23-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон иштирок менамояд
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои бозии ниҳоӣ бо дастаи яккачини Филиппин муайян шуд
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА ГӮШТИНИ ҶУДО. Дар он 13 варзишгари Тоҷикистон иштирок менамоянд
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагиро ба бозӣ ба муқобили дастаи яккачини Филиппин оғоз мекунад
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Хоруғ мусобиқаи гӯштини миллӣ доир мегардад
Дар «Tbilisi Grand Slam- 2026» оид ба гӯштини ҷудо аз Тоҷикистон ҳафт варзишгар иштирок менамояд