Корхонаи ҶДММ «Ресандаи Кӯлоб» ба фаъолият оғоз намуд

Октябрь 23, 2020 15:47

ДУШАНБЕ, 23.10.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Кӯлоб ҷамъоварии пахта муташаккилона идома дошта, корхонаҳои пахтатозакунӣ, аз ҷумла ҶДММ «Зарҳам» 650 тонна ва ҶДММ «Тиллои сафед» 1600 тонна  пахтаи хоҷагиҳоро қабул намуда, коркард  карда истодаанд.

Тавре аз бахши матбуоти Мақомоти иҷроияи   ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ҶДММ «Ресандаи Кӯлоб»  яке аз корхонаҳои  саноатии шаҳр, ки ба коркарди пахта машғул  мебошад. Корхонаи мазкур ришта истеҳсол намуда, 15 октябри соли равон дубора фаъол гардид ва  46 нафарро ба кор ҷалб намуд.

Бояд зикр намуд, ки корхона бо ҷалби соҳибкорони хориҷӣ  фаъолият дошта, маҳсулоти истеҳсолшуда асосан ба хориҷи мамлакат  содирот карда мешавад.

Октябрь 23, 2020 15:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Рушди низоми миллии зондкунии фосилавии Замин дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон вазъи мелиоративии беш аз 91 ҳазор гектар замин беҳтар гардонида мешавад
БЕХАТАРИИ КӮДАКОНРО ДАР РОҲҲО ЗЕҲНИ СУНЪӢ ТАЪМИН МЕСОЗАД. Байни Тоҷикистон ва Корея санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Роҳи мошингарди Ваҳдат – Роғун дар муҳлати якуним сол сохта, ба истифода дода мешавад
МОРАТОРИЙ БА ҲАМА НАМУДИ САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРИИ ХУРДУ МИЁНА. Андешаҳо дар ин мавзуъ
Даромади буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2027 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст
Дар Душанбе Конфронси байналмилалӣ оид ба зеҳни сунъӣ — AICONF-2026 оғоз гардид
Байни Тоҷикистон ва БАТР ба маблағи беш аз 62 миллион евро созишномаҳои қарзию грантӣ ба имзо расиданд
Пагоҳ ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамоти гумруки ИДМ баргузор мешавад
Дар Душанбе ҷаласаи 25-уми RILO-Москва баргузор гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Зафаробод шинос шуд
Агентии омор: «Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидор зиёд шудааст»