Миссияи мушоҳидони СҲШ интихоботи дар Тоҷикистон баргузоршударо шаффоф, боэътимод ва демократӣ арзёбӣ намуд

Октябрь 12, 2020 14:20

ДУШАНБЕ, 12.10.2020 /АМИТ «Ховар»/. Интихобот дар Тоҷикистон ба талаботи қонунгузории интихоботи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва уҳдадориҳои байналмилалии мамлакат мутобиқ буд. Интихобот дар заминаи васеи рақобат дар фазои ошкорбаёнӣ ва шаффофияти маъракаи интихоботӣ бо иштироки фаъолонаи намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои интихоби мустақилона ва огоҳона баргузор гардид. Дар ин бора имрӯз зимни нишасти матбуотӣ тариқи онлайн дабири Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ) Владимир Норов  иброз дошт.

Мавсуф иброз намуд, ки 11 октябр  СҲШ бо даъвати Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон 54-умин Миссияи мушоҳидонро оид ба ҷараёни гузаронидани интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир намуд.

«Даъват кардани мушоҳидони байналмилалӣ аз ҷониби Миссияи СҲШ бо он баҳогузорӣ карда мешавад, ки  роҳбарони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хотири баргузор намудани  интихоботи шаффоф, боэътимод ва демократӣ ин амалро иҷро намудаанд. Миссия вазифаи худро дар интихоботи президентӣ пурра иҷро намуд»,-зикр кард номбурда.

Миссия аз 16 мушоҳиди аккредитатсияшуда — намояндагони мақомоти қонунгузорӣ, иҷроия ва интихобот, муассисаҳои илмӣ, дипломатҳои кишварҳои узви СҲШ, инчунин кормандони котиботи СҲШ  иборат мебошад. Онҳо давоми фаъолияташон аз 84 участкаи интихоботӣ дидан карданд. Қитъаи овоздиҳӣ барои мушоҳида аз ҷониби аъзои Миссия мустақилона интихоб карда шудааст. “Барои ташриф овардан ба участкаи мушаххас барои аъзои Миссия ҳеҷ монеае набуд”,-гуфта шуд дар нишасти матбуотӣ.“Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои истифодаи баробар ва озодонаи маъюбон аз тамоми ҳуқуқҳои конститутсиониашон шароит ва имконоти зарурӣ фароҳам оварда шудаанд. Аз ҷумла, барои мусоидат дар татбиқи ҳуқуқҳои интихоботии шаҳрвандони маъюб КМИР дар якҷоягӣ бо Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 10 000 ихтиёриёнро ҷалб карда, омӯзонид, ки дар сабти овоздиҳандагон, паҳн намудани маълумот дар бораи интихоботи президентӣ ва мусоидат дар интихобот ба пиронсолон ва шахсони маъюб кумак карданд. Аз ҷумла, волонтёрон ба намояндагиҳои гуногуни байналмилалӣ оид ба мушоҳидаи  интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон кумаки зарурӣ расониданд”,- афзуд Владимир Норов.

Миссия бо роҳбарони Вазорати корҳои хориҷӣ ва Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин бо раисон, котибон ва аъзои комиссияҳои шаҳрӣ, ноҳиявӣ ва участкавии интихоботӣ, интихобкунандагон, нозирони маҳаллӣ, намояндагони ҳизбҳои сиёсӣ ва ВАО якчанд вохӯриву суҳбатҳо анҷом дод.

Ёдовар мешавем, ки 11 октябри соли 2020 дар Тоҷикистон интихоботи Президенти Ҷумҳурии Точикистон  баргузор шуд.

 

Октябрь 12, 2020 14:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Чанд андеша дар ҳошияи сафари расмии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Аврупо
ШАРИКИИ СТРАТЕГӢ ТАҚВИЯТ МЕЁБАД. Яке аз самтҳои муҳиму афзалиятноки сиёсати хориҷии Тоҷикистонро ҳамсоягии нек бо давлатҳои минтақа ташкил медиҳад
Шавкат Мирзиёев: «Узбекистон минбаъд низ кӯшишҳои самимонаи мардуми шарафманд ва меҳнатдӯсти тоҷикро дастгирӣ менамояд»
Шавкат Мирзиёев: «Узбекистон минбаъд низ дар паҳлуи Тоҷикистон меистад»
ТАШАККУЛИ МАКТАБИ ЗЕҲНГАРОЁНАИ ИДОРАКУНӢ ДАР СИЁСАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Мулоҳизаҳои докторони илми фалсафа Хайриддин Усмонзода ва Саидмурод Фаттоҳзода
Президенти Тоҷикистон: «Сарфакорона истифода бурдани обу неруи барқро дар тамоми фаслҳои сол, ҳатто дар тобистон қатъиян таъмин намоем»
Президенти Тоҷикистон: «Бояд ҳамеша сарҷамъ ва дар зери парчами миллиамон муттаҳид бошем»
ХАЙРУ САДАҚОТ – СУННАТИ НЕК. Андешаҳои вакили Маҷлиси намояндагон Файзулло Баротзода дар ин мавзуъ
Эмомалӣ Раҳмон: «Ба ҷойи намоишкориву исрофкорӣ мо бояд кӯшиш кунем, ки барои таълиму тарбияи фарзандонамон шароити беҳтарин муҳайё созем»
Сарвари давлат сокинони Тоҷикистонро ба роҳ надодан ба зиёдаравию исрофкорӣ ва намоишкориву риёкорӣ даъват намуданд
Эмомалӣ Раҳмон: «Анҷом додани хайру садақот ва саховат кардан анъана ва суннати нек мебошад»
МУҲАББАТ БА ВАТАН АЗ ИМОН АСТ. Андешаҳои раиси Шурои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзода