«МО, ҶАВОНОН, ПАЙРАВИ ПЕШВОИ МИЛЛАТЕМ!». Таассуроти хабарнигори АМИТ «Ховар» аз маросими савгандёдкунии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

Октябрь 30, 2020 15:00

ДУШАНБЕ, 30.10.2020 /АМИТ «Ховар»/. Тавре пештар хабар додем, имрӯз дар Қасри Миллат ба муносибати аз нав интихоб гардидани Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба маснади олии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки намоядагони мақомоти давлатӣ, прокурорҳо, судяҳо, Кумитаи ҷавонон ва варзиш, иттифоқҳои касаба ва ВАО маросими бошукӯҳи савгандёдкунӣ баргузор гардид.

Хабарнигори АМИТ «Ховар» Пайрав НАЗАР, ки дар ин маросим ширкат дошт,  тассуроташро чунин баён медорад:

Дар ин маросим ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шаҳодатномаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Нишони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуданд.

Тавре пас аз анҷоми маросим зимни суҳбат бо    судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуқаҳҳор Тағозода иброз дошт, «баъди ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ ва қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон шакли идоракунии давлатдории Тоҷикистон шакли Президентӣ эълон гардид. Тӯли ин солҳои пурбарор бо ташаббус ва фидокориҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳаёти сиёсӣ ва иқтисодиву иҷтимоии Тоҷикистон баҳри вусъати амалҳои созанда, сулҳу суботи комил, таҳкими дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии мамлакат  ва барои идомаи раванди рушди босуботи мамлакат заминаҳои устувор гузошта шуданд. Имрӯз пас аз анҷоми маросими савгандёдкунӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чун Президенти тозаинтихоби Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз нав барои 7 соли оянда ба  ин мақоми олӣ интихоб гардидаанд, расман ба фаъолият шурӯъ намуданд.  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳомии Конститутсия ва қонунҳо, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, кафили истиқлоли миллӣ, ягонагӣ ва тамомияти арзӣ, пойдориву бардавомии давлат мебошанд».

Корманди Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳайё Саидаҳмадзода ҳамчун фарзанди даврони истиқлол эҳсосоти худро пас аз маросими ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон супоридани Шаҳодатномаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Нишони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо хушнудии комил чунин иброз намуд:

«Интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар исбот кард, ки бинои сулҳу ваҳдати миллии мамлакат бегазанд аст. Зеро меъмори асосии ин бино фарзанди фарзонаи миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Пешвои миллат- он Қосид, он Сарвар, он Роҳбар ва Президенте мебошанд, ки агар садҳо маротиба раъйи мардумро пурсанд, боз ҳам он касро интихоб мекунанд. Барои ҳар ҷавони соҳибхиради мамлакат ин як намунаи олии ибрат ва мактаби омӯзиши сиёсат аст. Мо, ҷавонон, пайрави Пешвои миллатем ва  сиёсати  Сарвари давлатро  ҳамаҷониба дастгирӣ менамоем ва дар пайравӣ ба иқдомҳои беназирашон боз ҳам бештару беҳтар дониш омӯхта, барои расидан ба қуллаҳои баланд талош меварзем».

Бояд гуфт, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумхурии Точикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷумлаи роҳбаронеянд, ки шахсияти сиёсияшон қадам ба қадам дар пеши назари мардум, ҳамнафас бо ғаму шодии миллат ташаккул ёфта, ҷойгоҳи мардумии худро ба таври табиӣ дарёфтаанд.

Хотиррасон бояд намуд, ки 11 октябри соли 2020 тариқи интихоботи умумихалқӣ номзад  ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон ва Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо гирифтани 90,92% овоз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардиданд.

Мавриди зикр аст, ки маросими бошукӯҳи савгандёдкунӣ аз  Қасри Миллат оғоз гардида, дар Кохи Сомони бӯстонсарои шаҳрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон идома ёфт ва дар майдони Дӯстии пойтахт бо савгандёдкунии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Президенти навинтихоби Ҷумҳурии Тоҷикистон ба поён расид.

 

Октябрь 30, 2020 15:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Чанд андеша дар ҳошияи сафари расмии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Аврупо
ШАРИКИИ СТРАТЕГӢ ТАҚВИЯТ МЕЁБАД. Яке аз самтҳои муҳиму афзалиятноки сиёсати хориҷии Тоҷикистонро ҳамсоягии нек бо давлатҳои минтақа ташкил медиҳад
Шавкат Мирзиёев: «Узбекистон минбаъд низ кӯшишҳои самимонаи мардуми шарафманд ва меҳнатдӯсти тоҷикро дастгирӣ менамояд»
Шавкат Мирзиёев: «Узбекистон минбаъд низ дар паҳлуи Тоҷикистон меистад»
ТАШАККУЛИ МАКТАБИ ЗЕҲНГАРОЁНАИ ИДОРАКУНӢ ДАР СИЁСАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Мулоҳизаҳои докторони илми фалсафа Хайриддин Усмонзода ва Саидмурод Фаттоҳзода
Президенти Тоҷикистон: «Сарфакорона истифода бурдани обу неруи барқро дар тамоми фаслҳои сол, ҳатто дар тобистон қатъиян таъмин намоем»
Президенти Тоҷикистон: «Бояд ҳамеша сарҷамъ ва дар зери парчами миллиамон муттаҳид бошем»
ХАЙРУ САДАҚОТ – СУННАТИ НЕК. Андешаҳои вакили Маҷлиси намояндагон Файзулло Баротзода дар ин мавзуъ
Эмомалӣ Раҳмон: «Ба ҷойи намоишкориву исрофкорӣ мо бояд кӯшиш кунем, ки барои таълиму тарбияи фарзандонамон шароити беҳтарин муҳайё созем»
Сарвари давлат сокинони Тоҷикистонро ба роҳ надодан ба зиёдаравию исрофкорӣ ва намоишкориву риёкорӣ даъват намуданд
Эмомалӣ Раҳмон: «Анҷом додани хайру садақот ва саховат кардан анъана ва суннати нек мебошад»
МУҲАББАТ БА ВАТАН АЗ ИМОН АСТ. Андешаҳои раиси Шурои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзода