НОБИҒАЕ, КИ ОСОРИ Ӯ ДОНИШМАНДОНИ МАЪРУФИ ШАРҚУ ҒАРБРО БА ҲАЙРАТ ОВАРДАСТ. Ба муносибати бузургдошти 1040-солагии Сино симпозиуми байналмилалӣ доир мегардад

Октябрь 7, 2020 08:25

ДУШАНБЕ, 07.10.2020 /АМИТ «Ховар»/. 8 октябр дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба 1040-солагии олими маъруф ва табиби барҷастаи тоҷику форс Шайхурраис Абӯали ибни Сино таҳти унвони «нақши Абўалӣ ибни Сино дар рушди фалсафа, илм ва тамаддуни ҷаҳонӣ» симпозиуми байналмилалӣ доир мегардад. Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» Мавҷуда АНВАРӢ мудири  Маркази синошиносии Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи АМИТ Сунатулло ҶОНБОБОЕВ хабар дод.

Тавре мавсуф зикр кард, дар симпозиум олимон ва синошиносон иштирок карда, дар мавзӯъҳои «Абӯалӣ Сино ва андешаҳои иҷтимоию фалсафии ӯ дар низоми тарбияи ҷисму рӯҳ»,  «Ибни Сино дар таҳқиқи устод М.Осимӣ», «Ибни Сино – файласуфи ақлгаро, навовар ва гуманист», «Саҳми Абуалӣ ибни Сино дар инкишофи илмҳои табиӣ-риёзӣ», «Доиратулмаориф ва табиатшиноси бузург», «Эпистемологияи Абуалӣ ибни Сино», «Ибни Сино дар бораи сарчашмаҳои ҳуқуқи байналмилалӣ», «Ирфони ақлии Абуалӣ ибни Сино», «Масъалаҳои мантиқ ва методологияи илм дар осори Абӯалӣ ибни Сино», «Андешаҳои педагогии Абӯалӣ Ибни Сино оид ба фарҳанги оиладорӣ», «Иштибоҳи тибби муосир дар партави дидгоҳи низоми тиббии Ибни Сино» ва ғайраҳо маърӯза хоҳанд кард.

Ба нақли Сунатулло Ҷонбобоев, Абӯалӣ Ибни Сино аз зумраи он нобиғаҳоест, ки осори ӯ ҳанӯз дар овони ҷавонияш донишмандони маъруфи Шарқ ва Ғарбро ба ҳайрат оварда буд.

«Ҳарчанд осори ӯ аз тарафи олимон борҳо мавриди таҳқиқу омӯзиш қарор гирифтааст, вале ҳоло ҳам асрори зиёди корҳо нокушода мондаанд. Олимони тоҷик дар баробари дигарон пайваста барои дар амалияи тиббӣ татбиқ намудани нишондиҳандаҳои донишманд кор мебаранд ва  замонавӣ будани онҳоро исбот менамоянд. Тавре худи Шайхурраис, мутаффакири барҷаста Ибни Сино иброз доштаанд: «Дастрасӣ ба илм барои ҳамаи соҳибдилон воҷиб аст. Илму дониш  дидаи биност, нӯшдорест барои дарди  ҷаҳолат ва нодонӣ»,- гуфт мудири  Маркази синошиносии Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи АМИТ Сунатулло Ҷонбобоев.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2005 зимни бузургдошти 1025-солагии Шайхурраис Абуалӣ Ибни Сино ибрози назар намуда, зикр карданд, ки шинохти шахсияти Ибни Сино, як тан аз фарзандони фарзонаи миллати тоҷик имкон дорад ба идеологияи Ваҳдати миллӣ ва худшиносии тоҷикон мусоидат кунад. Зеро осори Ибни Сино дар ташаккули забониву қавмии миллати тоҷик 1000 сол муқаддам низ саҳми назаррас доштааст: «Осори адабии ӯ бо забони форсии тоҷикӣ, арабӣ дар пешрафти адабиёти тоҷику форс ва ташаккули забони мо нақши барҷаста дорад. Бояд гуфт, ки дар қарни 10-и милодӣ дар хонадони тоҷик ба дунё омадани нобиғае, ба мисли ибни Сино амри тасодуф нест. Зеро замони зиндагонии Абуалӣ ибни Сино яке аз давраҳои тиллоии адабиёту фарҳанги мо буд, ки ба давлатдории Сомониён шӯҳрати ҷаҳонӣ додааст».

Ба маълумоти номбурда, соли 2020 дар Маркази синошиносии Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи АМИТ аввалин бор дар таърих асари калонҳаҷми «Китоб-ул-ҳайвон»-и Шайхурраис Абӯали ибни Сино аз забони арабӣ, ки забони илми асрҳои миёнаи Шарқи мусулмонӣ буд, ба забони русӣ тарҷума гардид.

Маркази синошиносии Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи АМИТ ба таҳқиқоти осори пурарзиши ин нобиға машғул аст. То имрӯз олимони марказ 7 ҷилди осори илмиву табиатшиносӣ ва фалсафии ин мутафаккири бузургро рӯи чоп оварда, 4 ҷилд осори тиббӣ- «Ал-қонун»-и ӯро аз арабӣ ба тоҷикию русӣ баргардон ва нашр кардаанд. Дар таърихи тамаддуни башарӣ ба монанди китоби «Ал-Қонун фит-тиб»-и Сино кам китобҳоеро дидан мумкин, ки садсолаҳо ба оламиён сарфи назар аз тафовути забону миллат, расму оин, дину мазҳаб, нажоду иқлим ва ғояву ҷаҳонбинӣ хизмат карда бошад.

Ёдовар мешавем, ки Маркази синошиносӣ соли 2006 бо супориши Президенти мамлакат баъди таҷлили1025-солагии Шайхурраис Абуалӣ Ибни Сино (с.2005)  ба нишони  эҳтиром ва бузургдошти  ин шахсияти барҷастаи фарҳанги тоҷику форс ва зарурати омӯзиши бештари осори илмӣ, ташвиқи афкори илмиву фалсафӣ ва ниҳоят, инкишофи фарҳанги сиёсии дунявӣ, давлати ҳуқуқбунёд ва ташвиқи тафаккури мустақил ташкил карда шуд.

Тасмим гирифта шуд, ки осори комили мутафаккир 16-ҷилдӣ (дар маҷмӯъ 32 ҷилд) ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ манзур шаванд ва осори дигар мутафаккирон низ ҳамин тавр омӯхта ва пешниҳод шаванд.

Октябрь 7, 2020 08:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Хуҷанд масъалаи эҳё ва рушди ҳунарҳои бадеии халқӣ баррасӣ гардид
«ДИРӮЗ, ИМРӮЗ ВА ФАРДОИ ФАРҲАНГИ ТОҶИК». Таҳти чунин унвон дар Душанбе конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар Тоҷикистон Озмуни ҷумҳуриявии «Роҳнамои беҳтарин» баргузор мешавад
Дар Давҳа намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва барномаи консертии Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид
Дар Давлати Қатар Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон идома доранд
Таҳти унвони «Робиаи Балхӣ — нахустбонуи соҳибдевони адабиёти тоҷику форс» конференсияи байналмилалӣ баргузор мешавад
Фаъолияти инноватсионӣ-методии китобхонаҳоро қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон чӣ гуна муқаррар намудааст?
«ҶАВОНОН — ЗИДДИ ТЕРРОРИЗМ». Таҳти ин унвон дар Осорхонаи миллӣ намоиши асарҳои рассомони ҷавон оғоз шуд
ПАЁМЕ, КИ НАВИДИ ПИРӮЗИҲОСТ. Иҷрои дастурҳои он роҳнамои миллати тоҷик барои фатҳи қуллаҳои нави армонҳои миллӣ аст
Донишҷӯёни Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон дар озмуни «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» соҳиби се Шоҳҷоиза шуданд
Чойхонаи тоҷикии «Шоми Ваҳдат» фарҳанги миллати тоҷикро дар шаҳри Краснодар муаррифӣ менамояд
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон Маркази машваратӣ-равоншиносӣ таъсис дода шуд