НОБИҒАЕ, КИ ОСОРИ Ӯ ДОНИШМАНДОНИ МАЪРУФИ ШАРҚУ ҒАРБРО БА ҲАЙРАТ ОВАРДАСТ. Ба муносибати бузургдошти 1040-солагии Сино симпозиуми байналмилалӣ доир мегардад
ДУШАНБЕ, 07.10.2020 /АМИТ «Ховар»/. 8 октябр дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба 1040-солагии олими маъруф ва табиби барҷастаи тоҷику форс Шайхурраис Абӯали ибни Сино таҳти унвони «нақши Абўалӣ ибни Сино дар рушди фалсафа, илм ва тамаддуни ҷаҳонӣ» симпозиуми байналмилалӣ доир мегардад. Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» Мавҷуда АНВАРӢ мудири Маркази синошиносии Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи АМИТ Сунатулло ҶОНБОБОЕВ хабар дод.
Тавре мавсуф зикр кард, дар симпозиум олимон ва синошиносон иштирок карда, дар мавзӯъҳои «Абӯалӣ Сино ва андешаҳои иҷтимоию фалсафии ӯ дар низоми тарбияи ҷисму рӯҳ», «Ибни Сино дар таҳқиқи устод М.Осимӣ», «Ибни Сино – файласуфи ақлгаро, навовар ва гуманист», «Саҳми Абуалӣ ибни Сино дар инкишофи илмҳои табиӣ-риёзӣ», «Доиратулмаориф ва табиатшиноси бузург», «Эпистемологияи Абуалӣ ибни Сино», «Ибни Сино дар бораи сарчашмаҳои ҳуқуқи байналмилалӣ», «Ирфони ақлии Абуалӣ ибни Сино», «Масъалаҳои мантиқ ва методологияи илм дар осори Абӯалӣ ибни Сино», «Андешаҳои педагогии Абӯалӣ Ибни Сино оид ба фарҳанги оиладорӣ», «Иштибоҳи тибби муосир дар партави дидгоҳи низоми тиббии Ибни Сино» ва ғайраҳо маърӯза хоҳанд кард.
Ба нақли Сунатулло Ҷонбобоев, Абӯалӣ Ибни Сино аз зумраи он нобиғаҳоест, ки осори ӯ ҳанӯз дар овони ҷавонияш донишмандони маъруфи Шарқ ва Ғарбро ба ҳайрат оварда буд.
«Ҳарчанд осори ӯ аз тарафи олимон борҳо мавриди таҳқиқу омӯзиш қарор гирифтааст, вале ҳоло ҳам асрори зиёди корҳо нокушода мондаанд. Олимони тоҷик дар баробари дигарон пайваста барои дар амалияи тиббӣ татбиқ намудани нишондиҳандаҳои донишманд кор мебаранд ва замонавӣ будани онҳоро исбот менамоянд. Тавре худи Шайхурраис, мутаффакири барҷаста Ибни Сино иброз доштаанд: «Дастрасӣ ба илм барои ҳамаи соҳибдилон воҷиб аст. Илму дониш дидаи биност, нӯшдорест барои дарди ҷаҳолат ва нодонӣ»,- гуфт мудири Маркази синошиносии Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи АМИТ Сунатулло Ҷонбобоев.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2005 зимни бузургдошти 1025-солагии Шайхурраис Абуалӣ Ибни Сино ибрози назар намуда, зикр карданд, ки шинохти шахсияти Ибни Сино, як тан аз фарзандони фарзонаи миллати тоҷик имкон дорад ба идеологияи Ваҳдати миллӣ ва худшиносии тоҷикон мусоидат кунад. Зеро осори Ибни Сино дар ташаккули забониву қавмии миллати тоҷик 1000 сол муқаддам низ саҳми назаррас доштааст: «Осори адабии ӯ бо забони форсии тоҷикӣ, арабӣ дар пешрафти адабиёти тоҷику форс ва ташаккули забони мо нақши барҷаста дорад. Бояд гуфт, ки дар қарни 10-и милодӣ дар хонадони тоҷик ба дунё омадани нобиғае, ба мисли ибни Сино амри тасодуф нест. Зеро замони зиндагонии Абуалӣ ибни Сино яке аз давраҳои тиллоии адабиёту фарҳанги мо буд, ки ба давлатдории Сомониён шӯҳрати ҷаҳонӣ додааст».
Ба маълумоти номбурда, соли 2020 дар Маркази синошиносии Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи АМИТ аввалин бор дар таърих асари калонҳаҷми «Китоб-ул-ҳайвон»-и Шайхурраис Абӯали ибни Сино аз забони арабӣ, ки забони илми асрҳои миёнаи Шарқи мусулмонӣ буд, ба забони русӣ тарҷума гардид.
Маркази синошиносии Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи АМИТ ба таҳқиқоти осори пурарзиши ин нобиға машғул аст. То имрӯз олимони марказ 7 ҷилди осори илмиву табиатшиносӣ ва фалсафии ин мутафаккири бузургро рӯи чоп оварда, 4 ҷилд осори тиббӣ- «Ал-қонун»-и ӯро аз арабӣ ба тоҷикию русӣ баргардон ва нашр кардаанд. Дар таърихи тамаддуни башарӣ ба монанди китоби «Ал-Қонун фит-тиб»-и Сино кам китобҳоеро дидан мумкин, ки садсолаҳо ба оламиён сарфи назар аз тафовути забону миллат, расму оин, дину мазҳаб, нажоду иқлим ва ғояву ҷаҳонбинӣ хизмат карда бошад.
Ёдовар мешавем, ки Маркази синошиносӣ соли 2006 бо супориши Президенти мамлакат баъди таҷлили1025-солагии Шайхурраис Абуалӣ Ибни Сино (с.2005) ба нишони эҳтиром ва бузургдошти ин шахсияти барҷастаи фарҳанги тоҷику форс ва зарурати омӯзиши бештари осори илмӣ, ташвиқи афкори илмиву фалсафӣ ва ниҳоят, инкишофи фарҳанги сиёсии дунявӣ, давлати ҳуқуқбунёд ва ташвиқи тафаккури мустақил ташкил карда шуд.
Тасмим гирифта шуд, ки осори комили мутафаккир 16-ҷилдӣ (дар маҷмӯъ 32 ҷилд) ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ манзур шаванд ва осори дигар мутафаккирон низ ҳамин тавр омӯхта ва пешниҳод шаванд.








Китоби «Ориёиҳо ва шинохти тамаддуни ориёӣ»-и Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо хати форсӣ рӯнамоӣ гардид
Олимони Ҳиндустон дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо ёдгориҳои беназир ва бозёфтҳои нодири бостоншиносӣ шинос шуданд
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ таҳти унвони «Меъмори кохи бузурги маънавӣ» китоб нашр шуд
ЭҲЁИ ҶАШНҲОИ МИЛЛӢ ДАР 35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТ. Ва ё мақоми байналмилалиро соҳиб гардидани онҳо
СИНАМОИ ТОҶИК ДАР 35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра беш аз 300 филм ба навор гирифта шудааст
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон: «24 ёдгории таърихию фарҳангии Тоҷикистон ба Феҳристи мероси моддии ҷаҳонии ЮНЕСКО сабт гардидааст»
Президенти Тоҷикистон: «Мо барои арҷгузорӣ ба арзишҳои асили тамаддуни тоҷикону форсизабонон иқдомоти муассирро амалӣ намудем»
ШЕЪР ВА ИСТИҚЛОЛ. Назми муосири тоҷик дар солҳои соҳибистиқлолии Тоҷикистон дар сафи пеши худшиносии миллӣ ва ҳаракати ваҳдати миллӣ қарор гирифт
Кормандони соҳаи фарҳанг бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардиданд
Се китоби рӯзномаи «Ҷумҳурият»: «Эмомалӣ Раҳмон ва эҳёи тамаддуни ориёӣ», «Бозгашти қаҳрамон» ва «Бозгашти қаҳрамон 2» муаррифӣ гардид
Конференсияи ҷумҳуриявии «Забон рукни муҳимми Истиқлоли давлатӣ ва ҳамбастагии ҷомеа» баргузор гардид
Дар Озмуни байналмилалии «Санъати китоб» «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ сазовори Шоҳҷоиза гардид






