НОЗИРОНИ АССАМБЛЕЯИ БАЙНИПАРЛУМОНИИ ИДМ: таҷрибаи Тоҷикистон ҳангоми гузаронидани интихобот дар дигар давлатҳои Иттиҳод муфид хоҳад буд

Октябрь 11, 2020 15:30

ДУШАНБЕ, 11.10.2020. /АМИТ “Ховар”/. «Мо  раванди маъракаи пешазинтихоботиро дар ВАО, интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ   мушоҳида кардем. Дар Тоҷикистон таблиғотро ҳам худи номзадҳо ва ҳам ситоди онҳо хеле дуруст ба роҳ мондаанд. Мехоҳам изҳор дорам, ки дар бисёр давлатҳо ин мушкилии ҷиддӣ аст. Дар ин росто, таҷрибаи Тоҷикистон ҳангоми гузаронидани интихобот дар дигар давлатҳои ИДМ муфид хоҳад буд»,- изҳор доштанд ҳамоҳангсози гурӯҳи нозирони байналмилалии Асамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (АБП ИДМ) — раиси Кумитаи Шӯрои Федератсияи Россия оид ба сохтори федералӣ, сиёсати минтақавӣ, худидоракунии маҳаллӣ ва корҳои Шимол Олег МЕЛНИЧЕНКО ва Котиби генералии Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ Дмитрий КОБИТСКИЙ зимни суҳбат бо муҳаррири бахши русии АМИТ “Ховар” Елена БАТЕНКОВА.

Онҳо иброз доштанд, ки дар давраи кори намояндагии мо то имрӯз ягон эрод ё шикоят бақайд гирифта нашудааст. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки тамоми раванди интихобот дар доираи қонунгузории миллӣ, ки ба стандартҳои байналмилалӣ ва демократии баргузории интихобот мувофиқат мекунад, сурат мегирад.

“Дар тамоми участкаҳо меъёрҳои санитарӣ ва масофа риоя карда мешаванд, ҳама ниқоб пӯшидаанд. Раванди интихобот бомаром ҷараён дорад, одамон бо якдигар бо эҳтиром, бо фаҳмиш муносибат мекунанд, ин хеле ба мо писанд омад”, -зикр  намуданд мушоҳидони байналмилалӣ.

Дар баробари ин, ба назари мушоҳидони байналмилалӣ, дар ҷараёни интихобот дар Тоҷикистон як  чизи хуб мушоҳида шуд, ки барои дигар давлатҳо комилан хос нест. Ин ташкили ҳуҷраҳо барои модарону кӯдакон ва марказҳои тиббӣ мебошанд. “Дар Тоҷикистон  тамоми шароит барои омада овоз додани шаҳрвандон муҳайё сохта шудаанд”, — гуфтанд онҳо.

P.S. Матни пурраи мусоҳабаи Елена Батенковаро бо Олел Мелниченко ва Дмитрий Кобитский дар бахши русии сомонаи АМИТ «Ховар» мутолиа намоед.

Октябрь 11, 2020 15:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Фиристодаи махсуси СММ: «Давлатҳо бояд сиёсатҳо ва амалҳоро тағйир дода, сармоягузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳоро дар соҳаи идораи захираҳои обӣ ба роҳ монанд»
Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об таъсис дода шуд
Сарвазири Бурунди: «Тоҷикистон ба маркази муколамаи глобалӣ оид ба масъалаҳои об табдил ёфтааст»
Пешвои миллат: ««Чаҳорчӯби Душанбе барои об» муҳаррики пешбурди Рӯзномаи ҷаҳонии об пас аз соли 2030 хоҳад шуд»
Президенти Тоҷикистон: «Талаботи ҷаҳон ба оби ошомиданӣ то соли 2050 ҳадди ақалл 25 фоиз зиёд мешавад»
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Ба Конфронси чоруми оби Душанбе беш аз 150 волонтёри ҷавон ҷалб гардидааст
ТАЪРИХ ГУВОҲ АСТ… Эҳдо ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Стратегияи рушди соҳаи алоқа, барномаҳои давлатӣ ва омодагӣ ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар маҷлиси Ҳукумат баррасӣ гардид
Президенти Тоҷикистон аз афзоиши тӯфонҳои чанголуд дар минтақаи Осиёи Марказӣ изҳори нигаронӣ намуданд
ТАШАББУСҲОИ МОНДАГОРИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ШИНОХТ ВА МУАРРИФИИ ТАЪРИХУ ТАМАДДУНИ ОРИЁӢ
Меҳрномаи як ҳамзабон ба Пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон
ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид