Нурулло Лоиқов аз нав Президенти Федератсияи дзюдои Тоҷикистон интихоб шуд
ДУШАНБЕ, 13.10.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Душанбе конференсияи ғайринавбатии ҳисоботию интихоботии Ташкилоти ҷамъиятии Федератсияи гӯштини дзюдои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар конференсия аъзои федератсия ва кумитаи иҷроия дар ҳузури намояндагони Кумитаи миллии олимпӣ ва Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якдилона Нурулло Лоиқовро аз нав Президенти Ташкилоти ҷамъиятии Федератсияи дзюдои Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намуданд. Дар ин бора аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукмати Ҷумҳури Тоҷикистон ба шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон хабар доданд.
Ҳамчунин дар раванди ҷаласа ноиби якум, ноибон, котиби генералӣ, директори генералӣ, раиси доварон ва Раиси комиссияи тафтишотӣ интихоб шуданд.
Дар конференсия аъзои федератсияю кумитаи иҷроия ширкат намуда, аз рӯйи масъалаҳои муайянгардида гуфтушунид анҷом дода, дар баробари ин қарорҳои дахлдор қабул карданд. Аз рӯйи масъалаи якуми маҷлис ноиби Президенти федератсияи дзюдо Парвиз Нориён сухан гуфта, оид ба фаъолияти ташкилоти ҷамъиятии Федератсияи дзюдои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даври солҳои 2017-2020 ҳисобот доданд.
Зикр шуд, ки яке аз барномаҳои муҳими федератсия- ин лоиҳаи дзюдо дар мактаб мебошад. Дар доираи ин лоиҳа мактабҳои ноҳияҳои дурдасти мамлакат бо татами ва либосҳои варзишӣ таъмин шуданд. Ин имкон дод, ки дар ҳар ноҳия дасти кам 50 наврас машғули ин намуди варзиш гарданд.








«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
БОЗИҲОИ 20-УМИ ОСИЁ. Шаҳрҳои Нагая ва Аичии Ҷопон ин бозиҳоро мизбонӣ мекунанд
Субҳиддин Халилзода соҳиби Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) гардид
Ҷашни Наврӯз дар аҳди бостон бо мусобиқаи камонварӣ оғоз мегардид
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мегардад
БОЗИҲОИ СОҲИЛИИ ОСИЁ-2026. Шаҳри Саняи Чин мизбони бозиҳо мегардад
Дастаи олимпии то 23-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон иштирок менамояд
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои бозии ниҳоӣ бо дастаи яккачини Филиппин муайян шуд
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА ГӮШТИНИ ҶУДО. Дар он 13 варзишгари Тоҷикистон иштирок менамоянд
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагиро ба бозӣ ба муқобили дастаи яккачини Филиппин оғоз мекунад
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Хоруғ мусобиқаи гӯштини миллӣ доир мегардад
Дар «Tbilisi Grand Slam- 2026» оид ба гӯштини ҷудо аз Тоҷикистон ҳафт варзишгар иштирок менамояд






