Ғолиби Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни наврасони то 13-сола муайян шуд
ДУШАНБЕ, 20.10.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар майдони захиравии Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе маросими ҷоизасупории Чемпионати Тоҷикистон байни наврасони то 13-сола баргузор гардид. Дар маросим намояндагони ФФТ, роҳбарони Лигаи кӯдакон ва наврасони Тоҷикистон, собиқадорони футбол ва чеҳраҳои шинохтаи футболи мамлакат иштирок доштанд. Дар ин бора шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Имсол дар ин мусобиқа 10 даста дар ду гурӯҳ миёни ҳам барои зинаҳои ифтихорӣ талош намуданд. Барои медалҳои биринҷӣ футболбозони дастаи Мактаби махсуси варзишии захираҳои олимпии шаҳри Душанбе бо ҳисоби 3:1 дастаи Хатлони шаҳри Бохтарро мағлуб намуданд. Ду дастаи Мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишӣ (МҶМОВ) оид ба футбол дар бозии ниҳоӣ ба ҳам омаданд. Ин вохӯрӣ бо пирӯзии дастаи дуюми МҶМОВ, ки роҳбарияшро мураббии шинохтаи тоҷик Зайниддин Раҳимов ба дӯш дорад, хотима ёфт.
Имсол зинаҳои ифтихориро футболбозони шаҳри Душанбе соҳиб шуданд. Ҳамчунин иштирокчиёни беҳтарини мусобиқа низ бо ҷоизаҳои махсус қадрдонӣ гардиданд.








«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
БОЗИҲОИ 20-УМИ ОСИЁ. Шаҳрҳои Нагая ва Аичии Ҷопон ин бозиҳоро мизбонӣ мекунанд
Субҳиддин Халилзода соҳиби Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) гардид
Ҷашни Наврӯз дар аҳди бостон бо мусобиқаи камонварӣ оғоз мегардид
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мегардад
БОЗИҲОИ СОҲИЛИИ ОСИЁ-2026. Шаҳри Саняи Чин мизбони бозиҳо мегардад
Дастаи олимпии то 23-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон иштирок менамояд
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои бозии ниҳоӣ бо дастаи яккачини Филиппин муайян шуд
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА ГӮШТИНИ ҶУДО. Дар он 13 варзишгари Тоҷикистон иштирок менамоянд
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагиро ба бозӣ ба муқобили дастаи яккачини Филиппин оғоз мекунад
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Хоруғ мусобиқаи гӯштини миллӣ доир мегардад
Дар «Tbilisi Grand Slam- 2026» оид ба гӯштини ҷудо аз Тоҷикистон ҳафт варзишгар иштирок менамояд






