Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба дзюдо байни ҷавонон дар ноҳияи Ҷаббор Расулов муайян шуданд

Октябрь 29, 2020 10:10

ДУШАНБЕ, 29.10.2020 /АМИТ «Ховар»/.  Дар ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд Мусобиқаи ҷумҳуривӣ оид ба дзюдо  байни ҷавонони соли таваллудашон 2000-2002 баргузор шуд. Дар мусобиқаи мазкур 135 нафар варзишгарон дар ҳайати нуҳ даста – Душанбе-1, Душанбе-2, Хатлон-1, Хатлон-2, Суғд-1, Суғд-2, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ва минтақаи Рашт ширкат карда, аз рӯи 7 дараҷаи вазнӣ миёни ҳам рақобат намуданд.

Дар ин бора  аз  Федератсияи  дзюдои  Тоҷикистон ба шореҳи  варзиши АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Дар шаш вазн намояндагони шаҳри  Душанбе, дар як вазн варзишгари ШНТМ ғалаба карданд. Дар вазни -60 кг Шаҳбоз Саидаброров пас аз мағлуб намудани Фирӯз Мелибойзода соҳиби медали тилло шуд.

Дар зинаи сеюм варзишгарони шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ Сарвар Абдушукуров ва Аҳмад Аюбов қарор гирифтанд.

Эмомалии Нуралӣ дар финали вазни- 66 кг Абубакр Шеровро мағлуб намуда, медали тиллоро  соҳиб шуд. Медалҳои биринҷӣ насиби Фарух Ҳалимов ва Худобахш Сулаймонов шуданд. Дар финали вазни -73 кг боз ду варзишгари Душанбе бо ҳам қувва  санҷиданд ва Муҳаммад Саъдуллоев тавонист Қурбоналӣ Бозоровро мағлуб намояд.  Умар Расулов аз ШНТМ дар вазни  -81 кг пас аз пирӯзӣ бар Аминҷон Сафаров аз шаҳри Душанбе ғолиб шуд.

Дар финали вазни 90 кг боз ҳам варзишгарони шаҳри Душанбе ғолиб омаданд. Раҳаматуло Мирзоев тавонист Фаридун Холиқовро мағлуб намуда, ҷои аввалро ишғол кунад. Дар вазни -100кг Абубакри Акобир Фарзин Ҳусайнов аз вилояти Суғдро шикаст дода, ғолиб шуд. Ниҳоят дар вазни +100 кг Бобоҷон Бобоев Иброҳим Элмуродовро мағлуб намуда, соҳиби медали тилло гардид.

 

Октябрь 29, 2020 10:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Лигаи футболи Тоҷикистон дар остонаи мавсими нав барои комиссарон семинари омӯзишӣ баргузор кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футболи электронӣ нахустин маротиба дар мусобиқаи FIFAe Nations League иштирок мекунад
Дастаи миллии занонаи Тоҷикистон оид ба футбол бо тими Амороти Муттаҳидаи Арабӣ ду бозии дӯстона доир мекунад
Дастаи миллии занонаи Тоҷикистон оид ба футбол дар Душанбе ба машқҳои дастҷамъона фаро гирифта шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) дар Ҷопон дар мусобиқаи байналмилалӣ иштирок кард
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) оид ба футбол дар «Ҷоми рушд-2026» ҷойи панҷумро соҳиб гардид
Дастаҳои футболи Тоҷикистон бо дастурҳои навшудаи доварон барои мавсими 2026 шинос шуданд
Дар Душанбе оид ба ҳуқуқҳои байналмилалии футбол ва идоракунии бошгоҳҳо машғулият баргузор гардид
Дастаи «Ҳулбук»-и Восеъ ғолиби Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон-2026 шуд
ҶОМИ ФФТ-2026. Имрӯз бозии финалии дастаҳои «Барқчӣ»-и Ҳисор ва «Ҳулбук»-и Восеъ доир мегардад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар мусобиқаи «Ҷоми рушд-2026» иштирок мекунад
Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳаҷми зиёда аз 2 миллион сомонӣ ба варзишгарони муваффақ тақдим гардид