Бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии дастони тоза муассисаҳои таълимии Тоҷикистон бо таҷҳизоти зарурии санитарӣ таъмин гардиданд

Октябрь 15, 2020 14:46

ДУШАНБЕ, 15.10.2020/АМИТ «Ховар»/. Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо ЮНИСЕФ — Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид дар 45 муассисаи таълимии 19 шаҳру ноҳияи кишвар – Душанбе, Айнӣ, Ҷ.Расулов, Спитамен, Конибодом, Ваҳдат, Рӯдакӣ, Нуробод, Сангвор, Лахш, Рашт, Норак, Вахш, Хуросон, Данғара, Кӯлоб, Муъминобод, Ҳамадонӣ ва Темурмалик инфрасохтори зарурӣ вобаста ба таъмини об, беҳдошт ва санитарияро бунёд ва барқарор намуд, ки зиёда аз 42000 кӯдакро (аз ҷумла, 20422 нафар духтар ва 235 кӯдакони дорои маъюбият) ба дастрасӣ бо об, санитария ва иншооти асосӣ барои беҳдошти саломатӣ таъмин менамояд.  Дар ин бора имрӯз АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати маориф ва илми ҶТ хабар медиҳад.

Чунин иншоот қисми калидии фаъолияти бехатарии муассисаҳои таълимӣ дар давраи пандемияи COVID-19 мебошанд.

Дар доираи корҳои анҷомдодашуда муассисаҳои таълимӣ бо шабакаҳои обрасонӣ пайваст ва дар бархе аз муассисаҳо обанборҳо барои нигоҳ доштани об  бунёд гардидаанд. Илова бар ин, ҳоҷатхонаҳои нави ҷамъиятии барои шахсони маъюбиятдошта дастрас сохта ва ба истифода дода шуданд.

Ёдовар мешавем, ки Рӯзи умумиҷаҳонии  дастони тоза дар саросари ҷаҳон имрӯз, 15 октябр ҷашн гирифта мешавад, ки  ва мақсад аз он баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ ва фаҳмиш оид ба аҳамияти дастшӯӣ барои саломатӣ  арзёбӣ мегардад.

Пандемияи COVID-19 водор намуд, ки ба дастшӯӣ аҳамияти ҷиддӣ  дода шавад ва яке аз роҳҳои самараноки пешгирӣ аз паҳншавии беморӣ риояи қоидаҳои санитарию беҳдоштӣ, хусусан шӯстани дастҳо бо собун мебошад.  Бино ба изҳороти масъулини Сомолни ҷаҳонии тандурустӣ,  ҷиҳати ғолиб омадан бар пандемияи COVID-19 ва таъмини саломатии бехатар шустани дастҳо бо собун самти афзалиятнок дар давом ва баъди пандемия боқӣ мемонад.

                   АКСҲО аз маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми ҶТ

Октябрь 15, 2020 14:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Хабарнигорони Қирғизистон бо фаъолияти ду шабакаи телевизонӣ дар Тоҷикистон ва студияҳои сабти овоз шинос гардиданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Бозиҳои байналмилалии Делфӣ дар Қирғизистон иштирок дорад
Намоишномаи ҳунармандони Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар дар Узбекистон пешниҳод мегардад
«ДӮСТИИ АДАБӢ — ДӮСТИИ АБАДӢ». Бо иштироки аҳли фарҳангу санъати Тоҷикистону Узбекистон ҳамоиш доир шуд
Гурӯҳи хабарнигорони Қирғизистон аз як қатор ҷойҳои таърихию фарҳангии Тоҷикистон боздид намуд
Рӯзҳои кинои Тоҷикистон дар Узбекистон доир мешавад
Хабарнигорони Қирғизистон дар Осорхонаи миллӣ бо таъриху фарҳанги Тоҷикистон шинос гардиданд
НАВРӮЗИ ХАТЛОН. Фасли баҳор дар ин минтақаи Тоҷикистон пештар оғоз меёбад
Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Узбекистон баргузор мегарданд
САЁҲАТРО АЗ ВАТАН ОҒОЗ МЕНАМОЕМ! Ёдгориҳои таърихию фарҳангии Хуттали Қадим аз ҷиҳати аҳамияти таърихӣ ҳамто надоранд
Гурӯҳи хабарнигорони Қирғизистон бо мақсади шиносоӣ бо дастовардҳои даврони истиқлол ва иштирок дар тантанаҳои наврӯзӣ ба Тоҷикистон ташриф овард
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳифзи Наврӯз – ҳифзи ҳувият ва худшиносии миллати куҳанбунёду тамаддунсози тоҷик мебошад»