ОЗМУНИ «ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар даври вилоятии он дар Бадахшон 16 нафар довталаб сазовори ҷойҳои намоён гаштанд
ДУШАНБЕ, 13.10.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон- Ватани азизи ман» ҷамъбаст гардид. Дар озмуни мазкур беш аз 100 нафар иштирокчиён аз тамоми шаҳру ноҳия ҳои вилояти Бадахшон иштирок намуда, 16 нафар беҳтаринҳо сазовори ҷойҳои намоён гаштанд.
Тавре аз шуъбаи фарҳанги Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, тибқи хулосаи аъзои ҳакамон, дар номинатсияҳои суруди эстрадӣ Дилангез Наврӯзшоева аз шаҳри Хоруғ, суруди анъанавӣ Мадина Мамадсахиева аз ноҳияи Рӯшон, суруди академӣ Ҷума Садоншоев аз ноҳияи Роштқалъа, навозиши эстрадӣ Бӯстон Асратбеков аз ноҳияи Рӯшон, навозиши анъанавӣ Осмон Додихудоев аз шаҳри Хоруғ ва дар навозиши академӣ Шукрона Қадамшоева аз шаҳри Хоруғ мақоми аввалро соҳиб шуда, ба озмуни ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифтанд.
Ба дигар иштирокчиёни озмун ифтихорномаҳои шуъбаи фарҳанг ва раёсати маорифи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон тақдим карда шуд.
Ёдовар мешавем, ки мутобиқи низомномаи озмуни мазкур, чунин шахсон имкон доранд аз ҳунару истеъдоди худ дарак дода, мутахассисони касбии соҳаи фарҳангро водор созанд, ки минбаъд барои такмили ҳунарашон бо онҳо ҳамкорӣ намоянд.








Намоишномаи ҳунармандони Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар дар Узбекистон пешниҳод мегардад
«ДӮСТИИ АДАБӢ — ДӮСТИИ АБАДӢ». Бо иштироки аҳли фарҳангу санъати Тоҷикистону Узбекистон ҳамоиш доир шуд
Гурӯҳи хабарнигорони Қирғизистон аз як қатор ҷойҳои таърихию фарҳангии Тоҷикистон боздид намуд
Рӯзҳои кинои Тоҷикистон дар Узбекистон доир мешавад
Хабарнигорони Қирғизистон дар Осорхонаи миллӣ бо таъриху фарҳанги Тоҷикистон шинос гардиданд
НАВРӮЗИ ХАТЛОН. Фасли баҳор дар ин минтақаи Тоҷикистон пештар оғоз меёбад
Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Узбекистон баргузор мегарданд
САЁҲАТРО АЗ ВАТАН ОҒОЗ МЕНАМОЕМ! Ёдгориҳои таърихию фарҳангии Хуттали Қадим аз ҷиҳати аҳамияти таърихӣ ҳамто надоранд
Гурӯҳи хабарнигорони Қирғизистон бо мақсади шиносоӣ бо дастовардҳои даврони истиқлол ва иштирок дар тантанаҳои наврӯзӣ ба Тоҷикистон ташриф овард
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳифзи Наврӯз – ҳифзи ҳувият ва худшиносии миллати куҳанбунёду тамаддунсози тоҷик мебошад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳамчун ворисони аслии тамаддуни ориёӣ суннатҳои наврӯзиро минбаъд низ пос дорем»
КУЛОЛГАРӢ — РАМЗИ ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ. Анъанаи истифодаи зарфҳои кулолӣ дар Наврӯз то имрӯз боқӣ мондааст






