Паҳлавонони тоҷик ба мусобиқаи Тоскулоҳи бузурги Венгрия омодагӣ мебинанд
ДУШАНБЕ, 08.10.2020 /АМИТ «Ховар»/. Рӯзҳои наздик Федератсияи байналмилалии дзюдо қарори ниҳоиро дар бораи аз нав ба роҳ мондани мавсими мусобиқаҳо нашр хоҳад кард. Интизор меравад, ки аввалин мусобиқаи рейтингӣ баъд аз танаффуси тӯлонӣ- ин Тоскулоҳи бузург дар Будапешти Венгрия мебошад. Баргузории ин мусобиқаи бошукӯҳ аз 23 то 25 октябри соли равон дар назар аст. Дар ин бора аз Федератсияи дзюдои Тоҷикистон ба шореҳи варзишӣ АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон хабар доданд.
Федератсияи дзюдои Тоҷикистон барои ширкат дар мусобиқа ба кумитаи тадорукот дархост ирсол намудааст. Ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон нақша дорад, ки паҳлавонони шинохтаи тоҷик — Сомон Маҳмадбеков, Беҳрӯз Хоҷазода, Акмал Муродов, Комроншоҳи Устопириён, Темур Раҳимов ва Шакармамад Мирмамадовро ба шаҳри Будапешти давлати Венгрия сафарбар намояд.








Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ






