Пахтакорони Турсунзода то имрӯз зиёда аз 1000 тонна пахта ҷамъоварӣ намудаанд

Октябрь 9, 2020 09:25

ТУРСУНЗОДА, 09.10.2020. /АМИТ «Ховар»/. Соли равон кишоварзони  шаҳри Турсунзода дар майдони 1177 гектар пунбадона кишт намуданд. Ҳамчунин аз сабаби  сербориш омадани фасли баҳор дар майдони беш аз 400 гектар  кишти такрории чигит гузаронида шуд. Новобаста ба ин кишоварзони шаҳр ҷиҳати гузаронидани корҳои агротехникӣ тадбирҳои зарурӣ андешида, имсол  ният доранд ҳосили дилхоҳ ба даст оваранд.

Тибқи иттилои котиби матбуоти раиси шаҳри Турсунзода Фируз Холиқов,  то имрӯз аз майдонҳои хоҷагиҳои пахтакор  зиёда аз 1166 тонна ҳосил ҷамъоварӣ шудааст,  ки аз ҳар гектар то 22-сентнериро ташкил медиҳад.

Пахтакорони шаҳри Турсунзода бо истифода аз боду ҳавои мусоид ҷиҳати сари вақт ва беталаф ҷамъоварӣ намудани ҳосили пахта чораҳои зарурӣ дида истодаанд. Бо мақсади  вусъати корҳо ба майдон қувваи чинакчиён ҷалб гардида, ҳаққи меҳнати онҳо сари вақт пардохт мешавад.

Октябрь 9, 2020 09:25

Хабарҳои дигари ин бахш

«Муждаи зафар». Дар ноҳияи Ёвон дурнамои истеҳсоли пахта барзиёд иҷро гардид
Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ба соҳаи энергетика 30 миллиард сомонӣ равона гардид
АЗ ДАРТМУТ ТО ДУШАНБЕ. Зеҳни сунъӣ нисбат ба қоидаҳое, ки истифодаи онро танзим менамоянд, ба маротиб тезтар рушд мекунад
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
ЗЕҲНИ СУНЪӢ — ИМКОНИЯТ, МАСЪУЛИЯТ ВА ОЯНДАИ ИНСОН. Он ба ҷузъи муҳими ҳаёти инсон табдил ёфтааст
Дар Душанбе масъалаи тақвияти рақамикунонии давлатӣ баррасӣ гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Симпозиуми Созмони ҷаҳонии гумрук дар Брюссел иштирок намуданд
Ширкати ҳавопаймоии Shohin Airlines парвозҳои мунтазами дохилиро ба чор шаҳри Тоҷикистон оғоз менамояд
Сеюмин конференсияи солонаи Платформаи минтақавӣ оид ба татбиқи босуръати Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия дар Осиёи Марказӣ доир шуд
Вилояти Хатлони Тоҷикистон ва вилояти Новосибирски Русия ҳамкорӣ менамоянд
Дар Анталия Павилиони миллии Тоҷикистон дар доираи COP31 ифтитоҳ гардид
Тоҷикистон дар доираи COP31 ҳамоиши байналмилалӣ доир намуд