ПЕШВОИ МИЛЛАТ ЭҲТИРОМ ВА ҚАДРДОНИИ ХАЛҚРО СОҲИБАНД. Андешаҳои раиси Шӯрои собиқадорони ҲХДТ доир ба нақши Эмомалӣ Раҳмон дар рушди устувори Тоҷикистон

Октябрь 8, 2020 09:03

ДУШАНБЕ, 08.10.2020. /АМИТ «Ховар»/.Таърих кам шахсиятҳоро ёд дорад, ки ҳамчун Пешвои воқеии миллат шинохта шаванд. Нишонаҳои асосии ҳамчун Пешво эътироф шудан–ин эҳтироми бузург, қадрдонӣ ва мояи ифтихор донистани ин нобиғаи сиёсат ва давлатдории муосир аз тарафи халқ мебошад, ки хизматҳои барҷастаашон дар таърихи кишвар бо ҳарфҳои заррин сабт аст.Чунин  изҳор дошт Руқия ҚУРБОНОВА, раиси Шӯрои собиқадорони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар суҳбат бо АМИТ «Ховар». Ҳамзамон номбурда гуфт:

-Давоми фаъолиятам ба сифати ходими давлатӣ борҳо аз минбарҳо ва аз тариқи воситаҳои ахбори омма доир ба масълаҳои гуногун, аз ҷумла саҳми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар эҳёи давлати навини тоҷикон, сулҳу салоҳ, рушди устувор дар ҳамаи соҳаҳо ва боло рафтани нуфузи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ  андешаронӣ намудаам. Мунтазам кӯшиш кардаам, ки дар самти бозгӯйӣ намудани саҳми меъмори Тоҷикистони навин, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бунёди давлати пешрафта, иродаи хастагинопазир, рӯҳияи шикастнопазир, азми қавӣ ва нияти неки ин абармард андешаҳоямро холисона иброз дорам.

Мо дар остонаи маъракаи муҳими сиёсӣ – интихоботи президентӣ қарор дорем ва барои ҳафт соли оянда сарвари хешро интихоб мекунем. Сарваре, ки моро ба фардои боз ҳам дурахшонтар ва зиндагии хубу гуворотар роҳнамоӣ мекунад.

Бояд гуфт, ки дар баробари Иттифоқҳои мустақили касабаи мамлакат ва Иттифоқи ҷавонон, Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ки раисии Шӯрои собиқадорони онро ба зимма дорам, дар симои фарзанди фарзонаи миллати тоҷик, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон номзади арзандаро барои ширкат дар ин сабқат пешниҳод намуд.

Хуб дар хотир дорем, ки муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар замоне, ки аксарият ба ояндаи худ бовар надоштанд, лаҳзаҳое, ки туфанг мақоми ҳукмфармоӣ дошт, рӯзгоре, ки адлу инсоф, дӯстию муҳаббат, садоқату ҳақиқатро беинсофию нобаробарӣ ва хиёнат иваз карда буданд, зимоми давлатдориро бар уҳда  гирифтанд. Дар замири ин шахсияти беназир хислатҳои ҳамидаи инсонӣ, аз ҷумла, меҳрубонию қаҳрамонӣ, матонату ҳалимӣ, дилсӯзию ҷасорат, хоксорию ғурур бо риояи одобу тавозуни хирад, манфиати миллат ва Ватан ба ҳам омадаанд.

Пешвои миллати мо ба суханашон содиқ, ба ваъдаашон устувор ҳастанд, дилхоҳ ибтикорашон аз зовияи мардумсолориву қонунмеҳварӣ сурат мегирад. Дар ин замина тавонистанд, ки умед ба зиндагии осоиштаро дар дили мардум эҳё намуда, халқро аз парокандагӣ, миллатро аз нестӣ ва давлатро аз завол наҷот диҳанд.     Дастовардҳои зери роҳбарии Пешвои миллат бадастомада хеле зиёданд, ки зикрашон дар доираи як  суҳбат имконнопазир аст.

Барои мисол, дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар сатҳи 7 фоиз таъмин гардида, Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ аз 45,6 миллиард сомонӣ ба 78 миллиард афзоиш ёфт. Дар ин давра ҳаҷми умумии даромади буҷет қариб ду баробар афзуда, аз 12 миллиард сомонии соли 2013 ба 23 миллиард сомонӣ баробар шуд. Тайи солҳои зикршуда даромади пулии аҳолӣ беш аз ду баробар ва музди меҳнати миёнаи як корманд 2,4 баробар афзоиш пайдо кард.

Муҳимтар аз ҳама, сатҳи камбизоатӣ 27,5 фоиз паст шуда, дарозумрии миёнаи шаҳрвандон то 75 сол боло рафт. Дар замони соҳибистиқлолӣ нишондиҳандаи умумии фавт қариб ду баробар, аз ҷумла, фавти кӯдакони то панҷсола 3,2 баробар кам шудааст. Саҳми бахши хусусӣ дар Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ соли 2013 54 фоиз буд ва ин нишондиҳанда соли 2019 ба 70 фоиз расид.

Саҳми Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар ҳалли мушкилоти сатҳи байналмилалии об ва ҳифзи муҳити зист низ арзанда аст. Бо ташаббуси Сарвари давлат чандин қарори глобалии СММ оид ба об қабул гардид, ки имрӯз барои тамоми давлатҳо, созмонҳои байналмилалӣ ва олимону коршиносони мустақил ҳамчун дастури амал мебошанд.

Мардуми тоҷик аз он ифтихор доранд, ки дар ҳамоишҳои бузурги сатҳи глобалӣ сарони давлатҳои ҷаҳон ва олимону коршиносон зимни суханрониҳои худ Президенти Тоҷикистонро ҳамчун лидер ном мегиранд. Ин худ аз эътирофи обрӯю эътибори баланди Президенти мамлакат дар сатҳи байналмилалӣ гувоҳӣ медиҳад.

Имрӯз Сарвари давлати мо ҳамчун Пешвои воқеии миллат шинохта шудаанд, зеро аз тамоми нишонаҳои сарварӣ, чун эҳтироми бузург, қадрдонӣ ва мояи ифтихор донистани ин нобиғаи сиёсат ва давлатдории муосир аз тарафи халқ бархурдоранд.

Ба қадри ин шахсият расидан, номи ӯро гиромӣ доштан ва роҳи интихобкардаи ӯро ҳифз карда, идома додан- ин қадршиносӣ аз давлати миллӣ, демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявии Тоҷикистон аст.

Обрӯю эътибори Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шарофати фазилату фидокорию матонати Ҷаноби Олӣ чун субъекти ҳуқуқи байналмилалӣ рӯз аз рӯз боло рафта, ҳамчун узви ҷудонопазири ҷомеаи байналмилалӣ эътироф гаштааст.

Дар ҷаҳони муосир эътироф ва муттаҳидии халқ дар атрофи пешвоён ва бунёдгузорони давлатҳо падидаи маъмул, муҳим ва муфид буда, мавҷудияти чунин симоҳои таърихӣ миллатро ба фардои нек роҳнамоӣ мекунад. Мо вазифадорем, ки манфиатҳои дирӯз, имрӯз ва фардои миллатро дар ҳамбастагӣ ҳифз кунем. Ҳоло беш аз ҳар вақти дигар мардуми Тоҷикистон ба ҳифзи дастовардҳои ноилгардида эҳтиёҷманд буда, ояндаи фарзандонамон ба эмин доштани онҳо вобастагии қавӣ дорад.

Дар фарҷом бо дарки масъулият мегӯям, ки ба маснади Президенти мамлакат арзандатар аз Пешвои миллат касе нест ва аз ин нуқтаи назар ба муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон содиқ мондан ва зимни интихоб гӯш додан ба амри дилу садои виҷдон бояд вазифаи ҳар нафари мо бошад.

Октябрь 8, 2020 09:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Фиристодаи махсуси СММ: «Давлатҳо бояд сиёсатҳо ва амалҳоро тағйир дода, сармоягузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳоро дар соҳаи идораи захираҳои обӣ ба роҳ монанд»
Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об таъсис дода шуд
Сарвазири Бурунди: «Тоҷикистон ба маркази муколамаи глобалӣ оид ба масъалаҳои об табдил ёфтааст»
Пешвои миллат: ««Чаҳорчӯби Душанбе барои об» муҳаррики пешбурди Рӯзномаи ҷаҳонии об пас аз соли 2030 хоҳад шуд»
Президенти Тоҷикистон: «Талаботи ҷаҳон ба оби ошомиданӣ то соли 2050 ҳадди ақалл 25 фоиз зиёд мешавад»
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Ба Конфронси чоруми оби Душанбе беш аз 150 волонтёри ҷавон ҷалб гардидааст
ТАЪРИХ ГУВОҲ АСТ… Эҳдо ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Стратегияи рушди соҳаи алоқа, барномаҳои давлатӣ ва омодагӣ ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар маҷлиси Ҳукумат баррасӣ гардид
Президенти Тоҷикистон аз афзоиши тӯфонҳои чанголуд дар минтақаи Осиёи Марказӣ изҳори нигаронӣ намуданд
ТАШАББУСҲОИ МОНДАГОРИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ШИНОХТ ВА МУАРРИФИИ ТАЪРИХУ ТАМАДДУНИ ОРИЁӢ
Меҳрномаи як ҳамзабон ба Пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон
ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид