Рамазон Раҳимзода бо Залмай Халилзод мулоқот намуд

Октябрь 5, 2020 09:20

ДУШАНБЕ, 05.10.2020 /АМИТ «Ховар»/.  Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковники милитсия Рамазон Раҳимзода бо намояндаи махсуси Штатҳои Муттаҳидаи Америка оид ба мусолиҳа дар Афғонистон  Залмай Халилзод мулоқот намуд. Дар ин бора аз Вазорати корҳои дохилӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Дар ҷараёни вохӯрӣ  ҷонибҳо масъалаҳои вазъи ноҳияҳои наздисарҳадӣ, мубориза бар зидди терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, силоҳ ва дигар масоили мубрамро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Зикр гардид, ки ҳамкории муштарак ва дастаҷамъонаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ  метавонад дар мубориза бар зидди хатару таҳдидҳои замони муосир натиҷабахш бошад.

Дар хотимаи вохӯрӣ Вазири корҳои дохилии  Ҷумҳурии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода ба  Залмай Халилзод ҷиҳати ҳарчӣ зудтар ба даст омадани сулҳи саросарӣ дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон барору комёбиҳо таманно намуд.

Октябрь 5, 2020 09:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Ташаккул ва рушди фарҳанги киберамният дар низоми таълиму тарбия аҳамияти аввалиндараҷа касб мекунад
Ҳайати Тоҷикистон дар иҷлосияи Комиссияи СММ оид ба воситаҳои нашъадор иштирок дорад
Дар Бадахшон ҷаласаи сайёри Комиссияи байниидоравӣ оид ба муқовимат ба савдои одамон баргузор шуд
Дар вилояти Хатлон ҷаласаи Шурои амният баргузор шуд
Дар Душанбе иқдоми «Тасмаи бехатарӣ – муҳофизи шумо дар роҳ» гузаронида шуд
Имсол шаҳрвандони солҳои таваллуди 1999-2008 ба хизмати ҳарбӣ даъват карда мешаванд
ТАЪЛИМОТИ ҒАЙРИРАСМИИ ДИНӢ-ТАҲДИД БА ОЯНДАИ ҶОМЕА. Ва ё чаро ҳуқуқи кӯдакон ба таҳсили қонунӣ поймол мегардад?
Терроризм ва экстремизм хатари минтақавию байналмилалӣ дорад
ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА КОДЕКСИ ҲУҚУҚВАЙРОНКУНИИ МАЪМУРӢ. Дар ду соли охир дар садамаҳои роҳу нақлиёт зиёда аз ҳазор нафар ба ҳалокат расидааст
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Иттиҳоди Аврупо масоили марбут ба ҳамкорӣ дар соҳаи амниятро баррасӣ намуд
Дар Бадахшон мусобиқаи варзишӣ аз намуди футбол байни сохторҳои қудратӣ ҷамъбаст гардид
Дар Вазорати мудофиаи Тоҷикистон Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳро бо шаҳомати хосса таҷлил намуданд