Рустам Латифзода дар сурати пирӯз гардидан дар интихоботи президентӣ кишоварзонро аз андоз озод намуда, Тоҷикистонро ба Иттиҳоди гумрукӣ ҳамроҳ месозад
ДУШАНБЕ, 08.10.2020/АМИТ «Ховар»/. Номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби аграрии Тоҷикистон /ҲАТ/ Рустам ЛАТИФЗОДА дар барномаи пешазинтихоботиаш ваъда додааст, ки агар дар интихобот ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мушарраф гардад, бо назардошти ҳатмии манфиатҳои мамлакат Тоҷикистонро ба Иттиҳоди гумрукӣ ҳамроҳ, кишоварзони мамлакатро аз андоз озод намуда, нафақаи онҳоро баланд мебардорад.
Рустам Латифзода дар суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» Марзия САИДЗОДА дар остонаи интихоботи президентӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфт: «Мақсади мо таҳкими мавқеи кишоварзӣ дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат аст, ки он, дар навбати худ, яке аз омилҳои амнияти миллист. Аз ин рӯ дар барномаи пешазинтихоботӣ ба ин масъала таваҷҷуҳи бештар зоҳир кардаем».
Шиори ҲАТ дар интихобот «Зиндагии арзанда ба ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон!» буда, рушди бахши кишоварзии мамлакат дар авлавияти фаъолият ва барномаи пешазинтихоботии ҳизб қарор дорад. Номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҲАТ мегӯяд, ки дар шароити нави муносибатҳои хоҷагиҳои деҳқонӣ бояд иқтидори Вазорати кишоварзӣ ва Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бозбинӣ ва тақвият дода шавад.
Мавсуф мегӯяд, ки барои таъмини амнияти озуқаворӣ бояд таваҷҷуҳ ба соҳаи кишоварзӣ ва деҳот, ки аксари аҳолии мамлакат дар ин бахш фаъолият доранд, бештар шавад. Сиёсат ва стратегияи пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ба рушди деҳот, беҳдошти сатҳу сифати хизматрасонӣ, фароҳам овардани инфрасохтори зарурии иҷтимоию маишӣ нигаронида шуда, дар доираи он сатҳи зиндагии аҳолии деҳот бояд ба сатҳи зиндагии сокинони шаҳр баробар гардад.
Рустам Латифзода тақвияти ҳамкорӣ ва ҳусни ҳамҷаворӣ бо кишварҳои ҳамсояи Тоҷикистонро вазифаи афзалиятнок меҳисобад, зеро ба ҳалли масъалаҳои баҳсталаби ҳудудҳои наздимарзӣ мусоидат мекунад. Дар яке аз бандҳои барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби президентӣ аз ҲАТ омадааст, ки шароити иқтисодӣ ва иҷтимоии маҳалҳои аҳолинишини наздисарҳадӣ бояд беҳтар карда шавад.
Озод кардани соҳаи кишоварзӣ аз андоз, баланд бардоштани нафақаи кишоварзон то сатҳи нафақаи миёнаи ҷумҳуриявӣ низ аз ваъдаҳои ин номзад буда, инчунин барои рушди муваффақонаи соҳаи маориф зиёд намудани маоши омӯзгоронро зарур медонад.