Шаҳрвандони мамлакат дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷи кишвар иштирок доранд

Октябрь 11, 2020 11:08

ДУШАНБЕ, 11.10.2020 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 11 октябри соли 2020 дар Тоҷикистон маъракаи муҳими сиёсӣ — интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, бо қарори Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди намояндагиҳои дипломатӣ ва муассисаҳои консулии Тоҷикистон дар 29 давлати хориҷӣ 39 участкаи интихоботӣ созмон ёфта, ҷиҳати иштироки шаҳрвандони кишвар, ки дар хориҷа муваққатан ва ё ба таври доимӣ қарор доранд, шароити зарурӣ барои раъйдиҳӣ муҳайё гардидааст.

Ҳамватанони мо имрӯз дар ин маъракаи сиёсӣ ҷиҳати овоздиҳӣ ба номзади хеш дар хориҷи кишвар дар шаҳрҳои Абу-Забӣ, ал-Кувайт, Алмато, Анқара, Ашқобод, Берлин, Бишкек, Боку, Брюссел, Вашингтон, Вена, Давҳа, Деҳлии Нав, Дубай, Екатеринбург, Женева, Исломобод, Истанбул, Киев, Кобул, Куала-Лумпур, Қоҳира, Лондон, Мазори Шариф, Минск, Москва, Новосибирск, Нур-Султон, Ню-Йорк, Париж, Пекин, Риёз, Санкт-Петербург, Сеул, Теҳрон, Токио, Тошканд, Уфа ва Файзобод ширкат варзида истодаанд.

Кори участкаҳои интихоботӣ дар хориҷа то соати 20:00 бо вақти кишвари маҳалли иқомат идома хоҳад ёфт.

ДАР АКС: раванди интихоботи Президенти Тоҷикистон дар Пекин. АКС аз ВКХ ҶТ

Октябрь 11, 2020 11:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон дар мулоқот бо Губернатори замини Штирияи Австрия иштирок намуд
Дар Амстердам Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар Ҷумҳурии Корея таҳти унвони «Наврӯз — пули пайвандгари фарҳангҳо ва тамаддунҳо» ҳамоиш доир гардид
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Чорабиниҳои иловагӣ барои таблиғи идеяҳои калидӣ платформаи иловагӣ фароҳам меоранд
Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар шаҳри Ҳамбург таҷлил намуданд
Дар доираи Конфронси Душанбе оид ба Даҳсолаи амал «Об барои рушди устувор» шаш ҷаласаи мавзуӣ баргузор мегардад
Дар Ҷумҳурии Корея Наврӯзро пуршукуҳ таҷлил намуданд
Бақайдгирии намояндагони ВАО барои иштирок дар Конфронси чоруми оби Душанбе оғоз шуд
Сафири Тоҷикистон бо мушовири Президенти Федералии Австрия оид ба сиёсати хориҷӣ мулоқот намуд
Конфронси чоруми Душанбе дорои хусусияти фарогир, амалӣ ва ба оянда нигаронида хоҳад буд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Дабири кулли СММ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ Ли Ҷунҳуа мулоқот намуд
Дар Ню-Йорк бо ибтикори Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо ҳамоиш баргузор гардид