«Шиносномае, ки халқу миллат ва фарҳангу тамаддуни онро муаррифӣ мекунад, забони ӯст»-бардошт аз машварати ҷумҳуриявӣ

Октябрь 5, 2020 16:20

ДУШАНБЕ, 05.10.2020 /АМИТ «Ховар»/. Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро зарур аст, ки дар назди худ Пажӯҳишгоҳи истилоҳшиносию фарҳангнигорӣ ва Маркази тарҷумонӣ таъсис дода, дар самти густариши забони давлатӣ минбаъд низ саҳми арзанда гузорад. Ин пешниҳод аз ҷониби иштирокдорони машварати ҷумҳуриявӣ, ки имрӯз бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ дар шаҳри Душанбе таҳти унвони «Истиқлол ва истилоҳшиносӣ: мушкилот ва дурнамо» доир шуд, баён гардид.

Хабарнигори АМИТ «Ховар» аз макони баргузории машварат  гузориш медиҳад, ки ҳамоиши илмиро Раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Олимҷон Муҳаммадҷонзода ифтитоҳ намуда, аҳли нишастро бо Рӯзи забони давлатӣ табрик намуд.  Номбурда зикр кард, ки шиносномае, ки халқу миллат ва фарҳангу тамаддуни онро ба ҷаҳониён муаррифӣ мекунад, маҳз забони ӯст. Ин забон аз қадимулайём дар ҷаҳон густариши васеъ дошта, забони фарҳангу адаб, савдову тиҷорат ва муоширату гуфтушуниди дипломатии Осиёи Марказӣ буд. Забони тоҷикии дарӣ чун шиносномаи Сомониёни тоҷикзабон дар арсаи сиёсат, давлату давлатдорӣ, фарҳанг ва маънавиёти тоҷикон дар таърихи башарият азамату шукӯҳи давлатдорӣ ва фарҳанги беназири тоҷиконро ба олами башар муаррифӣ кард.

Ба андешаи Олимҷон Муҳаммадҷонзода, истиқлол бо забони давлатӣ пайвастагии ногусастанӣ дорад. Зеро маҳз истиқлоли давлатӣ барои эҳёи забони тоҷикӣ ва ба забони илм табдил ёфтани он замина гузошт. Дар ин давра яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлат ва Ҳукумати ҶТ — ин дар пояи устувори забони илм қарор додани забони тоҷикӣ мебошад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста дар суханрониҳояшон зарурати таҳияи ин бахши муҳими ҷомеаи муосири истилоҳшиносӣ, яъне истилоҳоти илмиро таъкид намуда, онро яке аз масъалаҳои мубрами сиёсати давлат оид ба забони давлатӣ баён намуданд. Аз ин рӯ, вазифаи ҳама сохторҳои илмӣ аз он иборат аст, ки ҷиҳати масъалаи дар мақоми забони илм қарор гирифтани забони давлатӣ бетараф набошанд.

Сипас мушовири калони бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Нурулло Оқилзода дар бораи иқдомҳои Ҳукумати мамлакат ҷиҳати рушди забони давлатӣ,  қабули якчанд санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ, ки ба мавқеи устувор пайдо намудани забони давлатӣ замина фароҳам оварданд, ибрози андеша намуд.

Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саодатшо Матробиён низ дар бораи мақоми забони давлатӣ, мушкилот ва дурнамои он фикру мулоҳизаҳояшро пешниҳод намуд.

Сардори шуъбаи танзими истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Зулфониён дар мавзӯи «Вазъи фарҳангнигорӣ ва истилоҳшиносӣ ба забони давлатӣ» сухан карда, изҳор намуд, ки дар ҳамкорӣ бо ҳайати Шӯрои ҳамгунсозии истилоҳот Кумита то имрӯз зиёда аз 88 фарҳангномаро мавриди баррасӣ қарор дода, ба нашр тавсия намудааст. Соли 2019 10 фарҳангнома, аз ҷумла фарҳангномаи техникӣ-барқӣ, варзиш, кишоварзӣ, байторӣ, илмҳои дақиқ, обшиносӣ ва геодезия, иқтисодӣ, риёзӣ, сохтмон ва меъморӣ барои нашр аз ҷониби кумита тавсия дода шуд. Соли равон  кумита нашри 2 фарҳангнома- иҷтимоӣ ва риёзиро тавсия дод.

«Дар фарҳангнигории тахассусӣ ба забони тоҷикӣ ҳанӯз дар бисёр бахши илмҳои соҳавӣ масъалаҳои таҳия ва нашри фарҳангномаҳои тахассусӣ аз назарҳо дур мондааст. То имрӯз соҳибзабонон дар корбурди одитарин вожаву истилоҳоти соҳавӣ лол мондаанд. Вақти он расидааст, ки мутахассисон барои коркарди истилоҳоти соҳавии худ фаъолияти ҷиддӣ ба роҳ монанд Зеро баҳри рушду густариши минбаъдаи забони тоҷикӣ фарҳангномаҳои соҳавӣ аҳамияту мақоми бузург дошта, нуфузпазиранд»,-гуфт Раҳим Зулфониён.

Дар семинари машваратӣ аз ҷониби забоншиносон Сайфиддин Назарзода дар мавзӯи «Истилоҳшиносӣ ва усулҳои истилоҳсозӣ», Ҳасани Султон — «Истилоҳнигории тоҷикӣ дар рӯзгори Истиқлол» ва намояндагони вазорату идораҳо зиёда аз 20 маърӯза доир ба  масъалаҳои мубрами истилоҳнигорӣ ва рушди он дар таҳкими забони давлатӣ пешниҳод карда шуданд.

Семинари машваратӣ бо ташаббуси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда шуд.

Октябрь 5, 2020 16:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе Рӯзи фарҳанги ноҳияи Рӯдакӣ доир шуд
РӮЗИ ФАРҲАНГИ НОҲИЯИ ҚУБОДИЁН. Барномаҳои рангини фарҳангиву фароғатӣ таваҷҷуҳи иштирокчиёнро ба худ ҷалб намуд
Китоби «Китобномаи шарҳиҳолӣ»-и Сипеҳр Ҳасанзод рӯнамоӣ гардид
Ҷаласаи комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» баргузор гардид
Намояндаи Ҳизби Коммунистии Чин дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо таъриху фарҳанги тоҷикон шинос шуд
Узви Раёсати Ҳизби «Ени Озарбойҷон» дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни қадимаи тоҷикон шинос гардид
Дар Теҳрон китоби «Каманди зулф»-и Зулфия Атоӣ рӯнамоӣ гардид
РОБИАИ БАЛХӢ – НАХУСТБОНУИ СОҲИБДЕВОНИ АДАБИЁТИ ТОҶИКУ ФОРС. Дар Душанбе конференсияи байналмилалӣ баргузор шуд
Бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ китоби «Хуттали Қадим» аз чоп баромад
Бахшида ба фаъолияти соҳаи метрологияи тоҷик Конференсияи байналмилалии илмӣ-назариявӣ баргузор гардид
Ҳунармандони тоҷик дар Фестивали 4-уми байналмилалии театрҳои лӯхтак иштирок намуданд
Дар Душанбе Рӯзҳои фарҳанги шаҳри Турсунзода ва ноҳияҳои Қубодиён, Рӯдакӣ, Спитамен, Шаҳринав ва Панҷ баргузор мешаванд