СУРАТ-ДАЛЕЛ. Дар Тоҷикистон барфи аввал борид!
ДУШАНБЕ, 10.10.2020/АМИТ «Ховар»/. Дар Тоҷикистон, асосан дар ноҳияҳои баландкуҳ, имрӯз барфи аввал, чуноне мегӯянд, замину замонро сафед кард. Мисли ҳамеша боридани барфи аввал одамонро хушнуд сохт, зеро аз қадим тоҷикон барфи аввалро фоли нек мешуморанд…
Барфи аввал ҳамеша ғайриинтизор меояд ва одатан тавре, ки дар ҳаёти ҳар инсон гӯё бори нахуст меборида бошад. Новобаста ба синну сол ҳар кадоми мо аз ин муъҷизаи табиат шодӣ мекунем. Зеро вақте ба заррачаҳои зебо ва пурҷилои барф менигарӣ, туро ҳамеша як эҳсоси умед ба рӯзи нек фаро мегирад. Барфи аввал – рамзи накуиву равшанист. Равшанӣ бошад ба кас неру мебахшад.
Мардум мегӯянд: «Тирамоҳ барф барвақт борад – баҳор барвақт меояд»; «Дар замин барф фаровон бошад – анборҳо аз гандум пур мешаванд».
ДАР АКСҲО: барфи аввал сокинони ноҳияҳои Шаҳристон ва Деваштичро низ хурсанд сохт. Аксҳо аз Facebook











НУРИ ХУРШЕДИ ИСТИҚЛОЛ ТО АБАД РАВШАНГАРИ ҲАЁТИ ҶОМЕАИ МО БОД! Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛУ ОЗОДӢ — РАМЗИ ВОҚЕИИ ИФТИХОР АЗ ВАТАНУ ВАТАНДӮСТӢ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — МАРҲАЛАИ СИФАТАН НАВИ РУШДИ ТОҶИКИСТОН. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ БАРҶАСТАИ ПОЙДОРИИ ДАВЛАТ. Андешаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба Истиқлолияти давлатӣ
ҶОИЗАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОҲАИ ОБ–ВАСИЛАИ ТАҲКИМИ ДИПЛОМАТИЯИ ОБ ДАР ҶАҲОН. Андешаҳо дар ин маврид
ТИРГОН ШЕБУ ФАРОЗИ САДСОЛАҲОРО ГУЗАШТА, ТО БА РӮЗГОРИ МО РАСИДААСТ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон ба муносибати ин ҷашн
Соли 2027 дар Тоҷикистон Конфронси байналмилалӣ доир ба Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда баргузор мешавад
Фиристодаи махсуси СММ: «Давлатҳо бояд сиёсатҳо ва амалҳоро тағйир дода, сармоягузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳоро дар соҳаи идораи захираҳои обӣ ба роҳ монанд»
Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об таъсис дода шуд
Сарвазири Бурунди: «Тоҷикистон ба маркази муколамаи глобалӣ оид ба масъалаҳои об табдил ёфтааст»
Президенти Тоҷикистон: «Талаботи ҷаҳон ба оби ошомиданӣ то соли 2050 ҳадди ақалл 25 фоиз зиёд мешавад»






