ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 10 октябр, шанбе, 284-умин рӯзи соли 2020 аст

Октябрь 10, 2020 08:00

10 октябри соли 2012 дар Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи футболи Аврупо (УЕФА) Мишел Платини мулоқот намуданд.

***

7 сол пеш,   10 октябри соли 2013 дар маркази шаҳри Хоруғ бо иштироки Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон   бинои боҳашамати чорошёна ифтитоҳ гардид, ки дар он утоқҳои кории мақомоти вилоятии чор идораю муассисаи ҷумҳуриявӣ ҷойгир шудаанд.

***

Дар ин рӯзи соли 2014 дар шаҳри Минск Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё иштирок намуданд.

10 ОКТЯБР ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

Дар Тоҷикистон Рӯзи «Фалак»

***

Дар Аврупо рӯзи мубориза бар зидди ҳукми қатл.

РӮЙДОДҲО:

10 октябри соли 2013 дар шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бинои нави Маркази вилоятии бемориҳои сил ифтитоҳ ёфт.

***

Дар ин рӯзи соли 2018 дар меҳмонхонаи «Sheraton»-и шаҳри Душанбе ҷаласаи IV Шӯрои байнидавлатии мамлакатҳои узви ИДМ  оид ба экология доир шуд.

***

10 октябри соли 1964  дар Токио Бозиҳои XVIII олимпӣ оғоз гардида, 24 октябр ба анҷом расиданд.

***

23 сол муқаддам, 10 октябри соли 1997 дар Билбаои Испания яке аз калонтарин намоишгоҳи рассомӣ бо дарозии 137 м ва паҳноии 30 м кушода шуд.

***

Дар ин рӯзи соли 1960 аз таъсири тӯфони шадид дар якчанд шаҳрҳои Ҳиндустон дар халиҷи Бенгал тақрибан 4 ҳазор нафар ҷони худро аз даст доданд.

***

10 октябри соли 1995 чемпиони ҷаҳон оид ба шоҳмот Гарри Каспаров бори охир унвони чемпионии худро дар бозӣ бо шоҳмотбози ҳинд Виши Анандом ҳифз намуд.

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

Соли 2018 дар шаҳри Душанбе маъракаи барӯйхатгирии санҷишии аҳолӣ ва фонди манзил оғоз ёфта, 24 октябр ба анҷом расид.

***

Соли 2006 дар интернет шабакаи иҷтимоии «ВКонтакте» ба кор оғоз намуд.

Октябрь 10, 2020 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш