Тоҷикистон бо Чин ва Туркия парвозҳои мустақим барқарор менамояд

Октябрь 6, 2020 14:10

ДУШАНБЕ, 06.10.2020/АМИТ «Ховар»/. Шурӯъ аз моҳи октябр парвози мустақими ҳавопаймоҳо дар масири Душанбе-Истанбул /Туркия/ ва Душанбе-Урумчӣ /Чин/ баъд аз 7 моҳи танаффус барқарор мегардад.

Тасмими барқарор намудани парвозҳо дар масири Душанбе-Истанбул ва Душанбе-Урумчӣ,- мегӯяд директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  Икром Субҳонзода,-тибқи қарори Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирӣ аз паҳншавии  бемории коронавирус-Ковид -19  ва бо назардошти риояи ҳатмии санитарию эпидемикӣ гирифта шудааст.

Икром Субҳонзода афзуд, ки парвоз дар самти  Душанбе-Истанбул ҳафтае ду маротиба аз ҷониби ширкатҳои ҳавопаймоии «Somon Air»-и Тоҷикистон  ва «Turkish Airlines»-и Туркия сурат  мегиранд. Нархи чиптаҳои ҳавопаймо дар ин масир дар салоҳияти ширкатҳои ҳавопаймоӣ қарор дорад.

Парвози мустақими ҳавопаймо дар масири Душанбе-Урумчӣ вобаста ба теъдоди мусофирон дар ду ҳафта як маротиба аз ҷониби ширкатҳои ҳавопаймоии Тоҷикистон — «Somon Air» ва Чин — «China Southern Airlines» анҷом дода мешавад. Инчунин ба роҳ мондани  парвозҳои мустақим байни шаҳрҳои Душанбе-Тошканд аз ҷониби Ҳукумати мамлакат дар ҳоли бозбинӣ қарор дорад.

Зимни парвоз мусофирон ҳатман бояд бо худ  ҳуҷҷати натиҷаи ташхиси тиббӣ оид ба манфӣ будани COVID-19  дошта бошанд, ки он пеш аз 72 соати парвоз дар ташхисгоҳҳое, ки ба таҳлили саломатии беморони марбут ба COVID-19 машғуланд,  ба таври ройгон дода мешавад.

Бояд тазаккур дод, ки шурӯъ аз 20 марти соли равон Тоҷикистон парвозҳои ҳавопаймоҳоро дар иртибот  ба хуруҷи вируси COVID-19 ба бисёр кишварҳои дунё қатъ намуда буд, ки ҳадафаш пешгирӣ аз зуҳури ин вирус ва таъмини саломатии  аҳолии мамлакат арзёбӣ мегардид. Алҳол дар масири Душанбе –Дубай парвози мустақим  сурат гирифта, инчунин байни Душанбе  ва бархе аз шаҳрҳои Россия парвозҳои махсус барои овардани шаҳрвандони мамлакат анҷом дода мешаванд.

Октябрь 6, 2020 14:10

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАЪМИНИ БОЗОРИ ДОХИЛӢ БО МАҲСУЛОТИ ҶАНГАЛ. Дар Суғд дар 540 метри мураббаъ гармхона бунёд гардид
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Дар ноҳияи Кӯшониён корҳои безараргардонӣ дар мавзеъҳои хурӯҷи малах идома доранд
Кишоварзон соли 2026 дар 40 ҳазор гектар пунбадонаи зери плёнка кишт менамоянд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи технология ва инноватсия барои солҳои 2026-2028 ба имзо расид
«Барномаи нави рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2026 – 2030» таҳия мегардад
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Форуми «Digital Qazaqstan» иштирок намуд
Истифодаи оқилонаи технологияи зеҳни сунъӣ барои рушди ҷомеа ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ аҳамияти муҳим дорад
Дар Тоҷикистон ҳаҷми гардиши савдои дохилӣ ба беш аз 77 миллиард сомонӣ баробар шуд
Соли 2025 гардиши мол байни Тоҷикистон ва Узбекистон тақрибан 30 фоиз афзоиш ёфт
Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд