Варзишгарони «Динамо» дар Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини юнону румӣ байни калонсолон панҷ медал гирифтанд

Октябрь 6, 2020 10:40

ДУШАНБЕ, 06.10.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Душанбе Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини юнону румӣ байни калонсолон дар сатҳи баланд баргузор гардид. Дар он  паҳлавонони  шинохтаи дастаи Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо»-и Вазорати корҳои дохилӣ ба 5 мақоми ифтихорӣ мушарраф  шуданд. Дар ин бора  аз   Вазорати корҳои дохилӣ ба   шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон    хабар доданд.

Варзишгари  ҷавону шинохта Давлат Шарипов дар вазни 63 кило мақоми дуюм, се нафари дигар — Файзулло Иброҳимов дар вазни 67 кило, Шаҳбоз Давлатов дар вазни 97 кило ва Давлат Назриев дар вазни 130 кило (2 медал) ҷойҳои сеюми мусобиқаро ишғол намуданд.

Хотиррасон мешавем, ки дар мусобиқаи мазкур 12 дастаи мактабҳои варзишии шаҳри Душанбе бо теъдоди 90 нафар варзишгар ширкат доштанд.

Октябрь 6, 2020 10:40

Хабарҳои дигари ин бахш

«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
БОЗИҲОИ 20-УМИ ОСИЁ. Шаҳрҳои Нагая ва Аичии Ҷопон ин бозиҳоро мизбонӣ мекунанд
Субҳиддин Халилзода соҳиби Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) гардид
Ҷашни Наврӯз дар аҳди бостон бо мусобиқаи камонварӣ оғоз мегардид
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мегардад
БОЗИҲОИ СОҲИЛИИ ОСИЁ-2026. Шаҳри Саняи Чин мизбони бозиҳо мегардад
Дастаи олимпии то 23-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон иштирок менамояд
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои бозии ниҳоӣ бо дастаи яккачини Филиппин муайян шуд
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА ГӮШТИНИ ҶУДО. Дар он 13 варзишгари Тоҷикистон иштирок менамоянд
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагиро ба бозӣ ба муқобили дастаи яккачини Филиппин оғоз мекунад
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Хоруғ мусобиқаи гӯштини миллӣ доир мегардад
Дар «Tbilisi Grand Slam- 2026» оид ба гӯштини ҷудо аз Тоҷикистон ҳафт варзишгар иштирок менамояд