ҶАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРУ ДЕҲОТИ ТОҶИКИСТОН. Дар Суғд сохтмони бинои панҷошёнаи Хадамоти давлатии «Муҳофиза» ҷараён дорад
ДУШАНБЕ, 10.11.2020 /АМИТ «Ховар»/. Ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд сохтмони бинои панҷошёнаи Хадамоти давлатии «Муҳофиза»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷараён дорад.
Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Корҳои сохтмонӣ бо маром идома дошта, бинои маъмурӣ аз 40 ҳуҷраи корӣ, маҷлисгоҳи хурду калон, меҳмонхона иборат хоҳад буд. Дар таҳхона сохтмони толори варзишӣ, якчанд анбор, ҳуҷраҳои бойгонӣ ба нақша гирифта шуда, то ҳол зиёда аз 60 фисади корҳо ба анҷом расонида шудаанд.
Сохтмони бинои маъмурии Хадамоти давлатии «Муҳофиза»-и ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд аз аввали моҳи августи соли 2019 оғоз гардида, анҷоми он 1 июни соли 2021 дар назар дошта шудааст.
Хароҷоти бунёди бинои маъмурӣ аз ҳисоби буҷаи Хадамоти давлатии «Муҳофиза»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ба нақша гирифта шудааст.








Эмомалӣ Раҳмон: «Наврӯзро ба шукронаи сулҳу оромӣ дар давраи омодагӣ ба ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатӣ пешвоз мегирем»
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Ёвон иншооти ҷашнӣ ифтитоҳ гардид
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши «Баҳори Истиқлол» баргузор шуд
Сохтмони муҷассама дар гардиши дараи Алмосии шаҳри Ҳисор ба анҷом мерасад
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
СИЁСАТИ ФАРҲАНГПАРВАРОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – ЗАМИНАИ ГУСТАРИШИ МАЪРИФАТ ВА ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ
СОЛИ ОБОДОНИЮ БУНЁДКОРӢ. Дар Ҷамоати деҳоти Овчиқалъача биноҳои иловагии муассисаҳои маорифу тандурустӣ сохта мешаванд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Бӯстон бинои меҳмонхонаи «Хуҷанд» пурра таҷдиду навсозӣ мегардад
Роҳҳои мошингарди ноҳияи Муъминобод таҷдиду навсозӣ мегарданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Хуҷанд сохтмони иншооти ҷашнӣ вусъат меёбад
Дар ноҳияи Муъминобод корҳои сохтмонӣ вусъати тоза меёбанд






