ҶАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРУ ДЕҲОТИ ТОҶИКИСТОН. Соҳибкори маҳаллӣ Хуршед Нозимов дар Фархор мактаб месозад

Ноябрь 9, 2020 16:32

ДУШАНБЕ, 09.11.2020. /АМИТ «Ховар»/.  Ба истиқболи ҷашни  30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Фархори вилояти Хатлон аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Хуршед Нозимов муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2 барои 1640 хонанда дар ду баст   ба истифода дода мешавад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон хабар доданд.

Бинои муассисаи таълимӣ бо усули муосири меъморӣ тарроҳӣ шуда, аз 34 синфхона, синфхонаҳои фаннӣ (химия, физика, биология, компютерӣ ва синфхонаи таълими меҳнат), толорҳои маҷлисгузаронӣ, варзишӣ ва китобхона иборат мебошад. Ҳаҷми маблағи иншоот зиёда аз 40 миллион сомониро ташкил медиҳад.

Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода ба соҳибкори маҳаллӣ ва сохтмончиён барои саҳмгузорӣ дар бунёди муассисаи таълимӣ изҳори сипос намуда, доир ба ороиши саҳни бино машваратҳо дод.

Ноябрь 9, 2020 16:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Эмомалӣ Раҳмон: «Наврӯзро ба шукронаи сулҳу оромӣ дар давраи омодагӣ ба ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатӣ пешвоз мегирем»
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Ёвон иншооти ҷашнӣ ифтитоҳ гардид
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши «Баҳори Истиқлол» баргузор шуд
Сохтмони муҷассама дар гардиши дараи Алмосии шаҳри Ҳисор ба анҷом мерасад
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
СИЁСАТИ ФАРҲАНГПАРВАРОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – ЗАМИНАИ ГУСТАРИШИ МАЪРИФАТ ВА ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ
СОЛИ ОБОДОНИЮ БУНЁДКОРӢ. Дар Ҷамоати деҳоти Овчиқалъача биноҳои иловагии муассисаҳои маорифу тандурустӣ сохта мешаванд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Бӯстон бинои меҳмонхонаи «Хуҷанд» пурра таҷдиду навсозӣ мегардад
Роҳҳои мошингарди ноҳияи Муъминобод таҷдиду навсозӣ мегарданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Хуҷанд сохтмони иншооти ҷашнӣ вусъат меёбад
Дар ноҳияи Муъминобод корҳои сохтмонӣ вусъати тоза меёбанд