Ҳайати Тоҷикистон дар нишасти Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои аъзои СҲИ дар Нигер иштирок дорад

Ноябрь 28, 2020 12:04

ДУШАНБЕ, 28.11.2020 /АМИТ «Ховар»/. 27 ноябр 2020 дар шаҳри Ниамейи Ҷумҳурии Нигер нишасти 47-уми Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ (СҲИ) таҳти шиори «Бо иттиҳод алайҳи терроризм барои сулҳ ва рушд» оғоз гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

«Дар ин ҳамоиш ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Муовини вазири корҳои хориҷии кишвар Музаффар Ҳусейнзода иштирок дорад»,- иттллоъ доданд дар Вазорат.

Тақвияти ҳамоҳангиҳои кишварҳои аъзои СҲИ дар самти мубориза бо терроризм, муқовимат бо таҳдиду чолишҳои дигари замони муосир, баррасии роҳҳои ҳалли қазияҳои мубрами кишварҳои мусулмонӣ, зуҳуроти исломситезӣ ва абзорҳои бартараф кардани он ва  тавсеаи ҳамкориҳои муштарак ҷиҳати расидан ба шукуфоӣ ва рушди устувор дар меҳвари мавзӯъҳои рӯзномаи нишасти мазкур қарор дорад.

Инчунин иштирокдорони нишаст ба зарурати роҳандозии талошҳои муштарак ҷиҳати пешгирӣ аз паҳншавии бемории ҳамагири Ковид-19 ва бартараф намудани паёмадҳои он таъкид карданд.

АКСҲО аз ВКХ ҶТ

Ноябрь 28, 2020 12:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон дар мулоқот бо Губернатори замини Штирияи Австрия иштирок намуд
Дар Амстердам Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар Ҷумҳурии Корея таҳти унвони «Наврӯз — пули пайвандгари фарҳангҳо ва тамаддунҳо» ҳамоиш доир гардид
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Чорабиниҳои иловагӣ барои таблиғи идеяҳои калидӣ платформаи иловагӣ фароҳам меоранд
Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар шаҳри Ҳамбург таҷлил намуданд
Дар доираи Конфронси Душанбе оид ба Даҳсолаи амал «Об барои рушди устувор» шаш ҷаласаи мавзуӣ баргузор мегардад
Дар Ҷумҳурии Корея Наврӯзро пуршукуҳ таҷлил намуданд
Бақайдгирии намояндагони ВАО барои иштирок дар Конфронси чоруми оби Душанбе оғоз шуд
Сафири Тоҷикистон бо мушовири Президенти Федералии Австрия оид ба сиёсати хориҷӣ мулоқот намуд
Конфронси чоруми Душанбе дорои хусусияти фарогир, амалӣ ва ба оянда нигаронида хоҳад буд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Дабири кулли СММ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ Ли Ҷунҳуа мулоқот намуд
Дар Ню-Йорк бо ибтикори Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо ҳамоиш баргузор гардид