Ҷаласаи 15-уми Гурӯҳи кории СПЕКА таҳти раёсати Тоҷикистон баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 19.11. 2020. /АМИТ «Ховар»/. Ҷаласаи 15-уми Гурӯҳи корӣ оид ба савдои Барномаи махсуси СММ барои иқтисодиёти Осиёи Марказӣ (СПЕКА) таҳти роҳбарии муовини Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмон Абдураҳмонзода тавассути видеоконфронс баргузор гардид.
Тавре аз Вазорати рушди иқтисод ва савдо ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ҷаласа таҳти раёсати Тоҷикистон доир гардида, дар кори он намояндагони кишварҳои аъзои СПЕКА, якчанд созмонҳои байналмилалию минтақавӣ, инчунин коршиносон иштирок ва суханронӣ намуданд.
А. Абдураҳмонзода дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар соҳаи савдои байналмилалӣ, ки дар доираи дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба бартараф намудани таъсири манфии бемории сироятии коронавируси COVID-19 дар савдо, иштироки мамлакат дар Созмони Умумиҷаҳонии Савдо, соддагардонии расмиёти савдо, тақвияти рушди содирот, тезонидани ҷараёни диверсификатсияи истеҳсолоти ба содирот нигаронидашуда роҳандозӣ гардидаанд муаррифӣ намуда, иброз намуд, ки ҳанӯз имконоти мавҷуда байни давлатҳои аъзои СПЕКА пурра истифода нашудаанд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон тайи солҳои охир роҳбарии Гурӯҳи кории СПЕКА оид ба савдоро ба уҳда дошта, дар доираи вохӯрӣ масъалаҳо вобаста ба Стратегияи минтақавии СПЕКА доир ба содагардонии расмиёти савдо ва Харитаи роҳи дахлдор, ҳамкорӣ байни кишварҳои СПЕКА ҷиҳати бартараф намудани хавфҳои эҳтимолии паҳншавии бемории сироятии коронавирус COVID-19, рушди минбаъда ва татбиқи принсипҳои савдои устувор дар зерминтақаҳо, инчунин таҳқиқот ва пешниҳодҳо вобаста ба монеаҳои ғайритарифӣ дар савдо дар ҳолати пандемияи коронавируси COVID-19 мавриди баррасии ҳаматарафа қарор дода шуданд.
Инчунин дар ҷараёни ҷаласа масъалаҳои вобаста ба содагардонии расмиёти савдои наздисарҳадӣ ва савдои бекоғаз барои барқарорсозии соҳаи иқтисодиёт ва ҷалби сармоя муҳокима карда шуданд.








Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии вилояти Суғд: «Дар мавсими гармо ба бехатарии маҳсулот диққат диҳед!»
Тоҷикистон то соли 2029 истифодаи гидрофторкарбонҳоро то 70 фоиз коҳиш медиҳад
Тавсеаи ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Эрон дар соҳаи ҳамлу нақл баррасӣ гардид
Кишти зериплёнкавии пунбадона аз усулҳои муосири агротехникӣ ба ҳисоб меравад
Корхонаи навбунёди «Шири Ҷайҳун» 10 намуд маҳсулот истеҳсол менамояд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини ноҳияи Ҷайҳун дар замини наздиҳавлигияш киштро барои ҳосили дуюм оғоз намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи Гурӯҳи кории минтақавӣ оид ба моликияти зеҳнӣ иштирок намуд
Дар Душанбе масъалаи ҷалби сармоягузорӣ ба иқтисоди Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Душанбе раванди татбиқи барномаи нави «Аз пиряхҳо то хоҷагидорон» баррасӣ гардид
Созишномаи иловагӣ оид ба сохтмон ва истифодаи корхонаи истеҳсоли техникаи маишии «Artel Avesto Electronics» ба имзо расид
Дар шаҳри Бӯстон мушкилии таъминот бо об бартараф гардид
Дар ноҳияи Зафаробод 12 пойгоҳи обкашӣ фаъолият дорад






