Ҷавҳари кашфношуда. Дар Рашт ҳамоиши миллии сайёҳӣ доир гардид
ДУШАНБЕ, 20.11.2020 /АМИТ «Ховар»/. Водии Рашт дар бахши сайёҳӣ дар қиёс бо Бадахшону Зарафшон ҷавҳари кашфношударо мемонад, ки дорои иқтидори бойи сайёҳӣ буда, дар оянда метавонад барои рушди сайёҳии экологӣ ва таърихию фарҳангӣ нақши муассир гузорад. Ин нукта дар ҳамоиши миллии сайёҳӣ оид ба муаррифии имконоти рушди сайёҳӣ дар минтақаи Рашт, ки ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт бо иштироки роҳбарони Кумитаи рушди сайёҳӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, роҳбарони ассотсиатсияю ширкатҳои сайёҳӣ, соҳибкорон ва сокинони фаъоли минтақа доир гардид, зикр шуд.
Аз Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки дар ҳамоиши миллии сайёҳӣ масъулини соҳа, мақомоти маҳаллӣ ва идораҳои марбутаи минтақа роҳҳои рушди сайёҳии минтақаи Раштро баррасӣ намуданд.
Муовини аввали раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ Ҳабибулло Амирбекзода изҳор дошт, ки дар ҳудуди водии Рашт мавҷуд будани мавзеъҳои тамошобобу ҷойҳои ҷолиби таърихӣ, дараҳои хушманзара, рӯду чашмаҳои кӯҳӣ имкон медиҳад, ки сайёҳӣ дар ин минтақа рушд намояд. Дар ин водӣ шаклҳои сайёҳии сайру гашти пиёдагардӣ ва аспсаворӣ, агро-экотуризм, рафтинг, таърихию зиёратӣ метавонанд даромади хуб биёранд.
Бо шарофати соҳибистиқлолӣ ва дастгириҳои пайвастаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаҳои гуногуни ноҳияҳои водии Рашт рӯ ба рушд ниҳода, ин гӯшаи мамлакат ба макони ободу зебо табдил ёфтааст. Ба истифода додани шоҳроҳи байналмилалии Душанбе – сарҳади Қирғизистон ба рушди сайёҳии минтақа такони ҷиддӣ бахшида, дар шафати роҳи номбурда аз тарафи соҳибкорон чойхонаю тарабхона, марказҳои савдо, нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ ва таъмири востаҳои нақлиёт сохта шудаанд.
Баргузории чунин ҳамоишҳо ва татбиқи самараноки Барномаи рушди сайёҳӣ ба болоравии ҷалби маҳсулоти сайёҳии маҳаллӣ мусоидат намуда, ба воридшавии ноҳияи Рашт ба низоми бозори хизматрасониҳои сайёҳӣ мусоидат менамояд.








САЙЁҲИИ МОҲИДОРӢ. Тоҷикистон бо захираҳои обӣ барои рушди сайёҳии моҳидорӣ имконияти зиёд дорад
Соли 2025 зиёда аз 1 миллион сайёҳон ба шаҳри Душанбе ворид гардидаанд
Дар Душанбе омодагӣ ба Фестивали байналмилалии сайёҳии «Наврӯз – мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ – 2026» баррасӣ гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 ба Тоҷикистон 1 миллиону 784 ҳазор сайёҳ ворид гардид
Рушди ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи донишгоҳҳои Британияи Кабир баррасӣ гардид
Ҷадвали «Тақвими чорабиниҳои Иди байналмилалии Наврӯз дар шаҳри Душанбе барои соли 2026» ба тасвиб расид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ба радифи донишгоҳҳои беҳтарини ҷаҳон дохил гардид
Таҳкими ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо ТИКА баррасӣ карда шуд
Соли 2025 табиати афсонавӣ ва чашмаҳои шифобахши Бадахшонро беш аз 51 ҳазор сайёҳ тамошо намуданд
Дар намоишгоҳи «Ҳафтаи байналмилалии сабз» гӯшаи Тоҷикистон ташкил гардид
BEST IN TRAVEL 2026. Тоҷикистон ба феҳристи «25 таҷрибаи беҳтарини сайёҳӣ дар соли 2026» ворид гардид






