Ба ифтихори Рӯзи Президент дар ноҳияи Рашт 12 иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
РАШТ, 17.11.2020 /АМИТ «Ховар»/. Ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт 12 иншооти таъйиноти гуногун бо иштироки меҳмонону сокинони ноҳия мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд. Дар ин бора аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.
Иншооти баистифодадодашуда китобхона, майдончаи варзишӣ, дорухона, бунгоҳи тиббӣ, бинои иловагии муассисаи таълимии рақами 33-и ноҳия барои 300 нафар хонанда дар ду баст, корхонаи истеҳсоли хишти пухта бо иқтидори дар як ҳафта сад ҳазор дона ва марказҳои хизматрасонию соҳилмустаҳкамкунии дарёҳои Сурхобу Сорбоғ буда, асосан аз ҳисоби маблағҳои мақомоти маҳаллӣ ва соҳибкорону аҳолӣ бунёд шудаанд.
Дар ҳамоиши тантанавие, ки бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир шуд, зикр гардид, ки муҳимтарин комёбиву дастовардҳои мамлакати мо дар зарфи 29 соли охир натиҷаи меҳнати фидокорона ва иқдомҳои қаҳрамононаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд. Подоши ин ҳама корнамоиҳо маҳбубият ва маъруфиятест, ки он кас миёни аҳолии мамлакат ва ҳазорон нафар ҳамватанони бурунмарзии мо пайдо кардаанд. Имрӯз мо бо ифтихор мегӯем, ки мардуми ноҳияи Рашт дар симои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон наҷотбахши миллату давлат, кафили сулҳу ваҳдат, эҳёгари фарҳанги миллӣ, бунёдгузори мактаби муосири миллӣ ва меъмори давлатдории навини тоҷиконро мебинанд.
Дар ноҳияи Рашт бахшида ба ҷашни сисолагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёди 315 иншооти дорои аҳамияти ҷамъиятиву ҷумҳуриявӣ ба нақша гирифта шуда, то имрӯз 220 иншооти гуногун мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтаанд.
Дар деҳаи дурдасти Лангараки Ҷамоати деҳоти Қалъаи сурх солҳо боз ҷавонон ба майдончаи варзишии замонавӣ эҳтиёҷ доштанд. Ин мушкилии онҳоро соҳибкорони маҳаллӣ бо дастгирии аҳолии деҳа дар муддати ду моҳ бартараф карданд. Акнун ҳамарӯза даҳҳо нафар ҷавонон дар ин майдонча ба намудҳои гуногуни варзиш машғул мебошанд, то оянда маҳорати худро боз ҳам сайқал диҳанд.
Дар маркази шаҳраки Новобод бахшида ба Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ соҳибкорони саховатманд бунёди се иншоот-истгоҳи замонавӣ, дӯкони гӯшт ва маркази тиҷоратиро анҷом доданд.
Соҳибкори маҳаллӣ Мирзохуҷа Ғиёсов дар соҳили дарёи Сорбоғ коргоҳи сангу шағал бунёд намудааст, то дар оянда коргарони ин корхона сохтмонҳои ноҳияи Раштро бо масолеҳи маҳаллӣ таъмин намоянд. То ҳамин давра дар инҷо чунин коргоҳи сангу шағалмайдакунӣ мавҷуд набуд.
Дар деҳаи Шули Ҷамоати деҳоти ба номи Нусратулло Махсум бо иқдоми соҳибкорон 2 километр роҳи мошингард асфалтпӯш гардид. Инчунин ба истифода додани се истгоҳ дар шаҳраки Ғарму деҳаи Ҷафр ва Мулло Барот, чароғон намудани кӯчаи деҳаи Ҳоит, таъмири канали Туркон ва сохтмони осиёби обӣ дар деҳаи Ҳиҷборак аз ташаббусҳои ватандӯстонаи соҳибкорон мебошад, ки барои рушди деҳот бунёд шудаанд.










Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






