БА МУНОСИБАТИ 700-СОЛАГИИ КАМОЛИ ХУҶАНДӢ. Муассисаи фарҳангии ЭКО албоми сурудҳо бар ашъори шоири машҳури ғазалсарои тоҷикро ба нашр расонид

Ноябрь 30, 2020 14:41

ДУШАНБЕ, 30.11.2020/АМИТ «Ховар»/. Ба муносибати 700-солагии шоири маъруфи тоҷик Камоли Хуҷандӣ Муассисаи фарҳангии ЭКО дар ҳамкорӣ бо Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Эрон лавҳи фишурда (CD) — и сурудҳо бар ашъори Камоли Хуҷандиро чоп кард.

Дар албом суруду оҳангҳои устодони мусиқии тоҷик, назири  Боймуҳаммад Ниёзов, Ҷурабек Муродов, Абдулло Султон, Муродбек Насриддин, Ҷурабек Набиев, Субҳон Саид, Ҷамшед Эргашов, Абдувалӣ Ҷалолов, Баҳрулло Абдуллоев, Маҳмадулло Қурбон, Маҳмадсаид Аҳмадов ва Ғуломҷон Мирдадоев дар шакли савтӣ (аудио) фароҳам омадаанд.

Дар ҷилди ин албоми мусиқӣ омадааст: «Камоли Хуҷандӣ — шоири баландовоза (1321, Хуҷанд – 1401, Табрез), ки бо ғазалҳои шӯрангезаш шӯҳраи офоқ шудааст, аз ҷумлаи шоиронест, ки ашъораш ҳамвора нуқли маҳофил буда ва васфи ӯро гузаштагону муосирон зиёд гуфтаанд. Яке аз вижагиҳои ғазалҳои Камол оҳангдор будани онҳост ва бисёре аз овозхонҳои саршинос ғазалҳои ӯро вориди пардаи мусиқӣ намудаанд».

Чопи албоми сурудҳо бар ашъори Камоли Хуҷандӣ дар ҳолест, ки чанде қабл Муассисаи фарҳангии ЭКО ба ифтихори ҷашни 700 — солагии Хоҷа Камол китобҳои «Рӯзгор ва осори Камоли Хуҷандӣ»-и доктор Бадриддин Мақсудзода ва «Чиҳил дарси Камол» — 40 мухаммаси шоири тоҷик Сурайё Ҳасансултонро бар ғазалиёти Камол бо хати форсӣ чоп намуда буд.

Хотиррасон мешавем, ки 16 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар “Кохи Рӯдакӣ”-и шаҳри Хуҷанд дар Симпозиуми байналмилалӣ ба ифтихори 700 — солагии Камоли Хуҷандӣ иштирок ва суханронӣ карданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирокчиёни чорабинии фарҳангӣ ва мардуми кишварро ба ифтихори ҷашни 700-умин солгарди чеҳраи тобноки Шарқ, шоири озодандеш ва мутафаккири барҷастаи тоҷик — Хоҷа Камолиддини Хуҷандӣ самимона табрик намуданд.

Таъкид гардид, ки Ҳукумати мамлакат ҳанӯз аз оғози истиқлоли давлатӣ ба гиромидошти шахсиятҳои барҷастаи илму фарҳанг ва шеъру адаб, ки барои ҳифзи таърих, забон, фарҳанг ва тамаддуни тоҷикон хизматҳои мондагор анҷом дода, дар айни замон, дар рушду пешрафти тамаддуни ҷаҳонӣ саҳми арзишманд гузоштаанд, тавассути баргузории чорабиниву иқдомоти сатҳи баланд эътибори махсус медиҳад.

Боиси ифтихор аст, ки пешниҳоди Ҳукумати мамлакат оид ба таҷлили санаи таърихӣ аз ҷониби созмони байналмилалии ЮНЕСКО дастгирӣ ёфт ва ин ҷашнро дар баробари мо ҷомеаи илмиву фарҳангии бисёр кишварҳои олам таҷлил мекунанд.

Баъди анҷоми суханронии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо иштироки аҳли зиё, меҳмонон аз хориҷи кишвар ва фаъолони вилояти Суғд барномаи фарҳангии бошукуҳ ба ифтихори 700 — солагии Камоли Хуҷандӣ баргузор гардид.

Нахуст ба самъи ҳозирин табрикоти видеоии Директори генералии Юнеско хонум Одрӣ Озуле ва директори генералии ИСЕСКО Салим бини Муҳаммад ал Малик ба муносибати дар сатҳи ҷаҳонӣ бошукуҳ таҷлил кардани ҷашни 700 — солагии Камоли Хуҷандӣ пешкаш гардид.

Хонум Одрӣ Озуле ва Салим бини Муҳаммад ал Малик ба Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ташаббуси ҷаҳонии ба оламиён муаррифӣ кардани фарҳанги оламшумули миллати тоҷик ва гиромидошту арҷгузорӣ ба шахсиятҳои барҷастаи таърихии халқи тоҷик бахусус шоир Камоли Хуҷандӣ баҳои баланд дода, мардуми кишварро бо таҷлили 700-солагии нобиғаи шарқ табрику таҳният гуфтанд.

Дар барномаи фарҳангии ин чорабинӣ суруду таронаҳои дилнишин аз эҷодиёти Камоли Хуҷандӣ пешкаши меҳмонон карда шуд.

Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

Ноябрь 30, 2020 14:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Иштирокдорони Конфронси чоруми оби Душанбе дар Қалъаи Ҳисор бо таърихи халқи тоҷик шинос шуданд
Дар Москва шоми ёдбуди Мирзо Турсунзода баргузор гардид
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои фарҳанги Федератсияи Русия оғоз гардид
Таҳти унвони «Меандешам пас ҳастам» намоиши осори Рассоми халқии Тоҷикистон Сӯҳроб Қурбонов оғоз гардид
Дар Фестивали байналмилалии «Интермузей. БРИКС+» густариши ҳамкорӣ байни осорхонаҳо баррасӣ шуд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир гардид
Бахшида ба 35-солагии робитаҳои бародаршаҳрӣ байни Душанбе ва Санкт-Петербург дар Осорхонаи миллӣ намоиши аксҳо ифтитоҳ ёфт
Аъзои ҳайати шаҳри Санкт-Петербург дар Осорхонаи миллӣ бо давраҳои пурифтихори таъриху фарҳанги бостонии тоҷикон шинос шуданд
Дабири кулли САҲА дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо тамаддуни миллати тоҷик шинос шуд
Рушди ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Қирғизистон баррасӣ шуд
«…МОДАР ЯКТОСТ, ТОҶИКИСТОН ЯКТОСТ…». Ба зодрӯзи Шоири халқии Тоҷикистон устод Лоиқ Шералӣ 85 сол пур шуд
«МЕАНДЕШАМ, ПАС ҲАСТАМ». Таҳти ин унвон намоиши осори Рассоми халқии Тоҷикистон Суҳроб Қурбонов ташкил карда мешавад