БДА ба ронандагони воситаҳои нақлиёте, ки ба минтақаҳои кӯҳӣ ба сафар мебароянд, ҳушдор медиҳад

Ноябрь 18, 2020 14:43

ДУШАНБЕ, 18.11.2020 /АМИТ «Ховар»/. Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ба диққати ҳамаи ронандагони воситаҳои нақлиёт мерасонад, ки ҳангоми ҳаракат тавассути роҳҳои мошингарди минтақаҳои кӯҳии Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ, Ваҳдат-Рашт-Лахш, Душанбе-Кӯлоб-Хоруғ-Кулма, Душанбе-Бохтар, Бохтар-Данғара, Лабиҷар-Сангвор-Қалаи Хумб, Айнӣ-Панҷакент ҳангоми бориши борон ва барф боэҳтиёт бошанд ва талаботи қоидаҳои ҳаракат дар роҳро риоя намоянд. Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» сардори шуъбаи ташвиқоту таблиғоти РБДА-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковники милитсия Акбар Қурбонзода хабар дод.

Дар ин давра ронандагон ҳангоми идора намудани воситаҳои нақлиёт дар нишебиҳои тези роҳҳои мошингарди минтақаҳои кӯҳӣ, бо муҳаррики хомӯш кардашуда ва соишбанд ё ноқилқуттии бо муҳаррик пайвастнагардида ҳаракат намуда, воситаи боздории воситаи нақлиётро дуруст истифода баранд.

“Баъзеи ронандагони мошинҳо дар нишебиҳои тези роҳҳои мошингарди минтақаҳои кӯҳӣ барои сарфа намудани сӯзишворӣ ҳаёти худ ва дигар иштирокчиёни ҳаракат дар роҳро зери хатар гузошта, бо муҳаррики хомӯшкардашуда ва соишбанд ё ноқилқуттии ба муҳаррик пайвастнашуда ҳаракат менамоянд, ки ин сабаби сар задани ҳодисаҳои роҳу нақлиётӣ мегардад”-, изҳор медорад А.Қурбонзода.

Мавсуф ба ронандагон тавсия медиҳад, ки ҳангоми ба таври нокифоя дида шудани роҳ дар гардишҳои хатарнок, дар охири баландии роҳ (кӯтал) ва дигар минтақаҳои дидашавандагияшон муҳдуди роҳҳои мошингарди минтақаҳои кӯҳӣ, махсусан пулҳо ва нақбҳо сабқат ва таваққуф нанамоянд. Ронандагони воситаҳои нақлиёти боркаш, ки вазни ниҳоии ҷоизаш зиёда аз 3,5 тонна мебошад, ба монанди трактор ва автобусҳо ҳангоми бозистӣ ва таваққуф  дар баландии роҳ (кӯтал) ва нишебиҳои роҳҳои кӯҳӣ аз воситаҳои зидди ғелиш (танбаҳо) истифода баранд.

Дар вақти бориши борон ва барф ба ронандагон иловатан хушдор дода мешавад, ки  таҷҳизоти иловагии зиддилағжиш истифода баранд, чархҳои воситаҳои нақлиётро бо шинаҳои зимистона муҷаҳҳаз намуда, бо худ гирифтани лавозимоти заруриро фаромӯш нанамоянд. Ҳангоми мавҷуд будани носозиҳои техникӣ дар маҷмӯи боздорӣ, идоракунии воситаи нақлиёт, олоти нурии берунӣ, чархҳо ва шинаҳо, шишатозакунакҳо ва воситаҳои шӯяндаи шишаи пешорӯй, муҳаррик ва дигар қисмҳои сохтори воситаи нақлиёт мошинро истифода набаранд ва баъд аз бартараф намудани носозиҳои техникӣ ба роҳ бароянд.

Ноябрь 18, 2020 14:43

Хабарҳои дигари ин бахш

МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли хӯроки вазнин боиси авҷи бемории гастрит мегардад
«ПУЛИ ҲУШМАНД». Бо амалӣ гардидани ин барнома қонуншиканӣ ё истифодаи нафақаи шахси фавтида аз байн рафт
Дар шаҳри Бохтар бо иштироки собиқадорони соҳаи тандурустӣ ҳамоиш доир шуд
Дар Тоҷикистон беш аз 200 нафақагири аз садсола боло зиндагӣ мекунад
Дар ноҳияи Шоҳмансур Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 хароҷоти суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа беш аз 5 миллиард сомониро ташкил дод
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Шумораи сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ зиёд гардида, бекоршавии ақди никоҳ коҳиш ёфтааст
«Барномаи рушд ва рақамикунонӣ дар мақомоти иҷрои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Барои риоя накардани танзими ҷашну маросим 1268 нафар беш аз 10 миллион сомонӣ ҷарима супориданд
ИМРӮЗ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПЕШГИРИИ ЭКСТРЕМИЗМИ ХУШУТАНОМЕЗ. Пешгирии ин зуҳурот омили муҳими таъмини амнияти ҷомеа аст
Дар Душанбе оид ба моддаҳои психотропӣ ва таъсири онҳо ҷаласаи корӣ баргузор гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Конгресси байналмилалии Москва оид ба рушди хизмати давлатӣ иштирок намуданд