Бо шарофати хизматҳои шоистаи Пешвои миллат забони тоҷикӣ мақоми давлатии худро таҳким бахшид
ДУШАНБЕ, 16.11.2020 /АМИТ «Ховар»/. Бо дастгириву хизматҳои шоистаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон забони тоҷикӣ мақоми давлатии худро таҳким бахшида, инкишофи бемайлонро соҳиб гашта истодааст. Ҳамин сиёсати хирадмандона буд, ки забони тоҷикӣ ҳамчун забони миллӣ дар даврони соҳибистиқлолӣ дар мақоми забони давлатӣ пазируфта шуд ва он имрӯз ба таври озод дар умури сиёсиву иҷтимоии мамлакат мавриди истифода қарор дорад.
Ин нуктаро профессор Муҳиба Маҳмадҷонова зимни мизи мудаввар таҳти унвони “Президент-кафили боэътимоди рушди забони давлатӣ”, ки имрӯз дар Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид, баён намуд.
Тавре хабарнигори АМИТ “Ховар” иттилоъ медиҳад, дар мизи мудаввар забоншиносони тоҷик таъкид намуданд, ки омӯзиш ва таҳқиқи ақидаҳои забоншиносии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз нуқтаи назарияи бунёдии рушди забони тоҷикӣ ҳамчун забони давлатӣ дар ҷомеа бояд ба роҳ монда шавад.
Забоншиносони тоҷик дар ин рӯзи фараҳманд ҳамчун рамзи эҳтиром ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи саҳми Пешвои миллат дар рушди забони давлатӣ ибрози андеша намуда, асарҳои мондагору безавол, арзишманду бунёдии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро шарҳу тавзеҳ доданд.
Аз ҷумла, дар ҳамоиш узви вобастаи АМИТ Сайфиддин Назарзода дар мавзӯи “Чанд мулоҳиза оид ба китоби Эмомалӣ Раҳмон- “Забони миллат-ҳастии миллат””, Раиси Кумитаи забон ва истилоҳот – “Пешвои миллат оид ба азамат ва шукӯҳи забони тоҷикӣ”, доктори илми филология Мирзоҳасан Султонов — “Пешвои миллат ва пешрафти забони тоҷикӣ”, сарходими илмии Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқ, доктори илми фалсафа, профессор Муҳиба Маҳмадҷонова“-“Забон чун омили ваҳдати миллати тоҷик”, муовини Раиси Кумитаи мазкур профессор Сахидод Раҳматуллозода-“Президент муттакои нахустунсури тафаккури миллӣ” ва дигарон маърӯзаҳои пурмуҳтаво намуданд.
Бино ба зикри Сахидод Раҳматуллозода, шахсияти барҷаста ва пуштибони воқеи миллат ва рукнҳои давлатдорӣ-муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои равнақу ривоҷи забон тамоми имконотро истифода менамоянд. Ҳатто дар душвортарин ҳолатҳо барои ҷашни забон шароит фароҳам сохтаанд. Бузургдошти забони давлатӣ- ин арҷ гузоштан ба таъриху фарҳанги миллат аст. Аз аввали солҳои соҳибистиқлолӣ масъалаҳои марбут ба забон дар сархати андешаҳои иҷтимоию сиёсии Пешвои миллат қарор доштаву доранд, ки барои пешрафти ҳамаҷонибаи забони давлатӣ мусоидат мекунанд.
Инчунин таъкид шуд, ки маҳз бо кӯшишҳову ибтикори бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2012-2016 таҳия ва қабул гардид, Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфт, соли 2008 — Соли забони тоҷикӣ эълон гардид ва ҳамасола 5 октябр таҷлил намудани Рӯзи забони давлатӣ (тоҷикӣ) ба расмият даромад, ки ҳамаи ин тадбирҳо барои рушду равнақи забони тоҷикӣ фазои муносиб фароҳам сохтанд.








Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд






