COVID-19. Дар Тоҷикистон 94,7% гирифторони коронавируси нав шифо ёфтанд

Ноябрь 19, 2020 19:09

ДУШАНБЕ, 19.11.2020 /АМИТ «Ховар»/. Шабонарӯзи гузашта дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 41 ҳолати нави сироятёбӣ ба COVID-19 ошкор гардида, шумораи онҳо дар муддати аз 30 апрел то 19 ноябр ба 11772 нафар расид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Ба иттилои манбаъ, давоми шабонарӯзи охир 43 нафар пас аз табобат ба хонаҳояшон рухсат дода шуда, дар маҷмӯъ шумораи шифоёфтагон аз ин беморӣ дар Тоҷикистон ба  11148 (94,7%) баробар гардид. Ҳамчунин дар муддати аз 30 апрел то 19 ноябр бар асари ин беморӣ 86 нафар фавтидаанд.

Мавриди зикр аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати пешгирӣ ва табобати коронавируси нави CОVID-19 тамоми тадбир ва чораҳои заруриро амалӣ менамояд.

Ноябрь 19, 2020 19:09

Хабарҳои дигари ин бахш

COVID-19: Шабонарӯзи охир дар Тоҷикистон ягон ҳолати нави гирифторшавӣ ба ин беморӣ ба қайд гирифта нашуд
Дар Агентии авиатсияи гражданӣ масъалаи пешгирии беасоси болоравии нархи чиптаи ҳавопаймоӣ дар хатсайрҳои самти Россия баррасӣ гардид
Шабонарӯзи охир дар ҷаҳон зиёда аз 885 ҳазор ҳолати сирояти коронавирус ошкор шуд
Рустам Ҳайдаров пешниҳод намуд, ки Маркази саломатии СҲШ чун механизми мубориза бо пандемияи коронавирус таъсис дода шавад
COVID-19: Шабонарӯзи охир дар Тоҷикистон ягон ҳолати нави гирифторшавӣ ба ин беморӣ ба қайд гирифта нашуд
ИМРӮЗ- РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЗАМИН АСТ. Сарвари СММ барои якҷоя бо табиат зиндагӣ кардан даъват намуд
Шабонарӯзи охир дар ҷаҳон зиёда аз 881 ҳазор ҳолати сирояти коронавирус ошкор шуд
COVID-19: Шабонарӯзи охир дар Тоҷикистон ягон ҳолати нави гирифторшавӣ ба ин беморӣ ба қайд гирифта нашуд
Директори Пажӯҳишгоҳи тибби профилактикии Тоҷикистон: Зуком (грипп) бемории шадиди роҳҳои нафас буда, мо ҳоло дар мавсими дуюми он қарор дорем
Роҳбари СУТ моҳҳои наздик имкони таҳти назорат гирифтани пандемияро аз эҳтимол дур намедонад
Генерал-лейтенант Валентина Казакова: Шаҳрвандони Тоҷикистон, ки то 30 июн дар қайди муҳоҷирати Россия сабти ном намешаванд, ихроҷ хоҳанд шуд
Шабонарӯзи охир дар ҷаҳон зиёда аз 825 ҳазор ҳолати сирояти коронавирус ошкор шуд